Тӯли се сол аст, ки дар мамлакатамон миёни ҷавонони аз 16 то 30-сола озмун, ҷашнвора ва мусобиқаҳои варзишӣ дар доираи “Олимпиадаи панҷ ташаббус” баргузор мешаванд, ки аз маҳалла то марҳилаи ҷумҳуриявӣ идома меёбад.
Ҳар як мусобиқаи варзишӣ аз ҷавонони маҳалла маҳорат ва машаққати зиёдро барои баланд бардоштани номи маҳалла, ноҳия ва вилояти худ талаб менамояд.
Мусобиқаҳои футбол ва мини-футбол, ки барои ҷоми раиси хидмати амнияти давлатӣ баргузор мешаванд, барои ҷавонони бӯкагӣ бегона нест. Соли 2022-юм дар мусобиқаи футбол ҷамоаи “Дӯстлик”-и ноҳияи Бӯка ҷойи якумро ба даст оварда бошад, дар мавсими соли 2023 дастаи “Янги ҳаёт”-и ноҳия дар мини-футбол ҷойи дуюмро ба даст овард.
Ба наздикӣ дар ҳудуди маҳаллаи “Янги ҳаёт” иншооти замонавии варзишӣ сохта ба истифода супурда шуд. Дар маросими кушодашавии иншоот ҳокими ноҳияи Бӯка Б. Бегматов, прокурори ноҳия Б. Юлдашев, роҳбари инспексияи давлатии андоз Ш. Ҳазратов, ходимони хидмати амнияти давлатии ноҳия ва вилояти Тошканд, роҳбари садорати Агентии кор бо ҷавонони вилоят М. Мирсултонов, роҳбари Садорати варзишии вилояти Тошканд Р. Бобоқулов, варзишгарон ва вакилони маҳалла иштирок карданд. Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия таъкид намуд, ки воқеан футболбозони маҳаллаи Янги ҳаёт соли гузашта дар сурати ба даст овардани унвони чемпионӣ, соҳиби чунин иншооти замонавии варзишӣ гардиданд ва номи худро миёни ҷавонони маҳалла сабт карданд. Чунин мусобиқаҳо ҳоло ҳам дар ноҳия давом дорад ва боварӣ дорем, ки дар соли ҷорӣ маҳаллаҳои дигари ноҳия низ дар ҷумҳурӣ пирӯз мешаванд.
М. МИРМАҲМАДОВ.
Вилояти ТОШКАНД.