МАЙДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАВОИИ ДУШАНБЕ БО ШИРКАТИ МУТАХАССИСОНИ ӮЗБЕКИСТОНӣ ТАРМИМ ГАРДИД

Дар солҳои охир равобити миёни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз пеш тавсеа меёбанд ва марҳилаҳои наву тозаро касб менамоянд.

Дар солҳои охир равобити миёни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз пеш тавсеа меёбанд ва марҳилаҳои наву тозаро касб менамоянд. Корҳои зиёд ба роҳ монда мешаванд, ки дӯстиву рафоқати миёни мардуми ду кишварро боз таҳким мебахшанд. Албатта, ҳамаи ин натиҷаи иродаи сиёсӣ ва қатъии сарварони ду давлат мебошад. 
Бар асоси 35 шартномаи имзошуда, ки зимни ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 10-11 июнь сурат гирифтааст, ҳамкориҳо вусъат меёбанд ва ҷанбаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишварро фаро мегиранд. Гузашта аз ин, ҳамкориҳои ду кишвар бар асоси шарикии стратегӣ доман фарох менамояд.
 Ҳамкориҳо дар соҳаи роҳсозӣ ва тармими шабакаҳои он низ яке аз самтҳоро ташкил мекунад. Бо даъвати вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 16 июни соли равон як гурӯҳ мутахассисони соҳаи нақлиёти Ӯзбекистон барои омӯзиши ҳолати майдони парвоз ва фурудоии байналмилалии ҳавоии Душанбе ташриф оварданд. Дар натиҷа лоиҳаи тармими он таълиф гардид.
Иҷрои ин кор мусоидат намуд, ки ҳавопаймоҳои роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои 16-17 сентябри соли равон муқаррар шуда буд, бехавфу хатар фуруд оянд ва парвоз кунанд. Инчунин дар майдони ҳавоии Душанбе барои ҳавопаймоҳои сақили боркашон низ имкони фуруд омадан ва парвоз кардан пайдо шуд. 
Пеш аз ҳама, мутахассисони Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди “Ӯзйӯлинспексия” ва  “Аэройӯллойиҳа” дар ин ҷо корҳои омӯзиширо пиёда намуданд. Баъдан лоиҳаи тармими ин майдони ҳавоӣ ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар муҳокимаи он намояндагони вазоратҳои нақлиёти ду кишвар ва Корхонаи давлатии унитарии “Институти лоиҳакашии иншоотҳои нақлиёт”-и назди вазорати нақлиёти Тоҷикистон ширкат намуданд.
 Баъди муҳокимаву баҳсҳо қабули қарори ниҳоӣ ба дӯши мутахассисони ҷониби Тоҷикистон ҳавола гардид. Аммо дар таълифу таҳияи лоиҳа мутахассисони Ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди “Ӯзйӯлинспексия” ва  “Аэройӯллоиҳа” саҳми калон гузоштанд. Онҳо иқлими ҳудудро омӯхтанд, бо шароити маҳал ошно шуданд, аз корхонаҳои истеҳсоли маводи барои тармими хати фуруд ва парвози майдони ҳавоӣ боздид намуданд. Хулоса, тамоми банду баст ва роҳҳои иҷрои ин кори масъулиятнокро дида баромаданд, бо моделҳои ҳавопаймоҳое ошно шуданд, ки дар оянда аз тариқи ин майдони ҳавоӣ мусофир ва мавод интиқол хоҳанд дод. 
Ахиран, моҳи августи соли равон ба чунин натиҷа расиданд, ки роҳҳои фуруд ва парвози ҳавопаймоҳо ба таври фаврӣ тармими ҷиддиро тақозо менамояд. 
Натиҷа нишон дод, ки ин майдони ҳавоӣ ҳама гуна ҳавопаймоҳоро метавонад қабул кунад. Ҳарчанд баъди анҷоми кор то даҳ рӯз тавассути ин роҳи тармимшуда фуруд ва парвози ҳавопаймоҳо ғайриқобили қабул шумурда мешуд, вале лоиҳае, ки мутахассисони ду кишвар корбаст намуданд, дар зудтарин фурсат барои ҳаракати ҳавопаймоҳо шароити мусоидро фароҳам овард. Ва барои фуруд ва парвози ҳавопаймоҳо рухсат дода шуд.
 Ногуфта намонад, ки мутахассисони Ӯзбекистон ба сифати мушовирони байналмилалӣ низ дар ин лоиҳа ширкат намуданд ва тамоми донишу маҳорат ва истеъдоди худро ҷиҳати муайян ва маҳорати сифати корҳои анҷом додашуда сафарбар карданд. 
 Ба ин тартиб, 3 ҳазору 100 метр тӯли роҳи хати парвози майдони байналмилалӣ ва роҳравҳои он куллан аз нав тармим карда шуд ва он ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавоб дода метавонад. Иҷрои ин лоиҳа бори дигар намоиш дод, ки риштаҳои дӯстиву ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз пеш вусъат меёбанд. Инчунин дар бобати таҷрибаивазкуниҳо ва татбиқи лоиҳаҳое, ки бар асоси ғояҳои мутахассисони ин ё он кишвар сурат мегиранд, ягон ихтилофи назар вуҷуд надорад. Минбаъд низ чунин ҳамкориҳо идома пайдо хоҳанд кард.

Фирдавс ХАЙРИДДИНОВ,
котиби 
матбуоти ҶММ 
“Ӯзйӯлинспексия”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: