МАЙДОНИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ФАЗОИ ЯКЛУХТИ БЕХАТАРӢ ДАР ОСИЁ

Дар нутқи худ дар ҳамоиши панҷуми Машварати оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 14-15 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маҳз бесабаб ба ҳамоиши мазкур чунин таъриф надод.

Дар ҳақиқат, МҲТБО форумест, ки ба таъмин кардани сулҳ, бехатарӣ ва рушди устувор, инчунин баланд бардоштани беҳбудии мамлакат ва халқҳои минтақаамон нигаронда шудааст.
Имрӯз 27 давлат узви машварати мазкур буда, 90 фоизи ҳудуд ва аҳолии минтақаро фаро мегирад. Дар сафи нозирони МҲТБО – 8 мамлакат ва 5 сохтори бонуфузи байналхалқӣ, аз он ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Лигаи давлатҳои араб, Созмони байналхалқӣ оид ба муҳоҷират, Ассамблеяи парлумонии мамлакатҳои туркизабон ҳастанд.
Дар тӯли солҳои гузашта 4 ҳамоиши МҲТБО таҳти раёсати Қазоқистон, Туркия ва Чин гузашт. Ҳамоиши ҳолоина, ки таҳти раёсати Тоҷикистон ташкил гардид, ба мавзӯи «Нуқтаи назари ягона ба бехатарӣ ва минтақаи  гул-гулшукуфанда» бахшида шуд.
Минтақаи Осиё дар арсаи сиёсии ҷаҳон нақши алоҳида дорад. Имрӯз дар он 4,5 миллиард нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Интизорӣ меравад, ки дар 30 соли минбаъда шумораи аҳолӣ 2 баробар меафзояд. Иқтисодиёти Осиё 32 фоизи фаъолнокии  глобалии иқтисодиёти ҷаҳониро ташкил медиҳад. Баробари ин пешгӯӣ мегардад, ки соли ҷорӣ шумораи бекорон дар ин минтақа аз 1,3 миллион нафар мегузарад. Аз се ду қисми миқдори умуми одамони камбағали ҷаҳон ба Осиё рост меояд.
Осиё бо рангорангӣ ва фасоҳаташ фарқ карда меистад. Дар ин ҷо бо забонҳои гуногуни ба 15 оилаи забонҳо мансуб гуфтугӯ мекунанд. Минтақа барои тамоми динҳои ҷаҳон ватан ба ҳисоб меравад. Мамлакатҳои Осиё бо дараҷаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиашон фарқ мекунанд.
Дар нутқи сарвари давлатамон дар ҳамоиши Душанбе дар бораи ҳолати имрӯза ва пешомади рушд, вазъи геосиёсии минтақаи Осиё муфассал гуфта шуд. Ба он эътибори алоҳида дода шуд, ки мамлакатҳои минтақа, ки иқтидори бузурги иқтисодӣ ва зеҳнӣ доранд, бо таҳдиду хавфҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегарданд.
Чи хеле ки Президенти мамлакатамон таъкид намуд: «Ин пеш аз ҳама мушкилоти экология, демография ва муҳоҷират, дараҷаи пасти зиндагӣ ва таълим мебошанд. Онҳо манбаи асосии низоъҳои иҷтимоӣ заминаи ғизодиҳанда барои паҳн гардидани мафкураи экстремизм ва терроризм мебошанд. Хусусан, ҷараёни радикализми байни ҷавонон низ боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад».
Бино бар суханони ӯ, дар айни ҳол дар роҳи барҳам додани «Буҳрони боварӣ ва мустаҳкам намудани бехатарӣ, дар навбати аввал, фароҳам овардани шароити мусоидро барои рушди сармояи инсонӣ тақозо менамояд». Зеро «бехатарӣ – тақсимнопазир ва боварӣ бошад,  асоси фундаменталии он маҳсуб меёбад».
Дар исботи ин таъкид кардан мумкин аст, ки банди панҷуми Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 чунин садо медиҳад, ки «Самти устувор дар соҳаи таъмин кардани бехатарӣ, ризоияти байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ, инчунин амалӣ гардондани сиёсати оқилона, муфид ва конструктивии хориҷӣ мебошад».
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ӯзбекистон рушди маданияти кушодадилӣ ва инсонпарварӣ, мустаҳкам намудани якдилии байнимиллӣ, байнидинӣ, байнимаданӣ ва шаҳрвандӣ, дар рӯҳи ҳисси муҳаббат ва садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакатамон дар самти мазкур пайваста ислоҳоти самарабахш татбиқ мегарданд.
Дар тӯли ду-се соли охир дар мамлакатамон марказҳои байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Тирмизӣ ва Имом Бухорӣ, Маркази тамаддуни исломӣ ва Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон таъсис дода шуданд. Ба ғайр аз ин, дар назди Академияи байналхалқии исломӣ ва Раёсати мусулмонони Ӯзбекистон фонди ҷамъиятии хайроти «Вақф» созмон дода шуд.
Дар вилояти Самарқанд фаъолияти мактабҳои илми калом, дар вилояти Қашқадарё – мактаби илми ақида, назди Мадрасаи олии Мири Араби Бухоро – мактаби илми тасаввуфи Баҳоуддин Нақшбанд ба роҳ монда шуд. Мақсади асосии мактабҳои мазкури илмӣ аз амиқ омӯзондани дини ислом ва то ба ҷомеаи васеъ, аз ҷумла шаҳрвандони оддӣ бо забони соддаву фаҳмо расондани ғояҳои ҳақиқии маърифатии он иборат мебошад.
Дар давраи мураккаби имрӯза вақте ки 83 фоизи аҳолии тамоми ҷаҳон дар мамлакатҳое, ки дар онҳо озодии дин ва эътиқод маҳдуд карда мешаванд, зиндагӣ мекунанд, ташаббусҳои роҳбари давлатамон, ки ғояҳои «Бар зидди ҷаҳолат бо маърифат» инъикос намудаанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шавқу завқи баланд қабул мегарданд. Ин фикрҳоро факте тасдиқ менамояд, ки танҳо дар тӯли соли гузашта дар ин бобат як қатор ташаббусҳои муҳими байналхалқии сарвари давлатамон дастгирӣ ёфтанд ва пурра татбиқ шуданд.
Аз ҷумла, аз 22 то 23 ноябри соли гузашта дар Самарқанд Форуми Осиё оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Он ба 70-умин солгарди қабули Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шуд. Форуми Осиё дар роҳи ворид намудани рӯҳи Самарқанд ба таҷрибаи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон қадами бузург гардид.
Амалӣ гардондани чораҳои муайян, ки ба таҳкими минбаъдаи муҳити боварии тарафайн, сулҳ ва бехатарӣ дар Осиё нигаронда шудаанд, аҳамияти муҳим доранд. Сарвари давлатамон дар самти мазкур 6 ташаббуси навро пеш гузошт.
Ташаббуси якум – ҳаллу фасл намудани низоъҳои ҳарбӣ дар Осиё, хусусан танзими вазъият дар Афғонистон. Ин омили муҳими устуворӣ дар минтақаи Осиё ба ҳисоб меравад.
Дар шуури намояндагони тамоми як авлод, ки дар давраи буҳрон дар Афғонистон, ки чил сол боз идома дорад, ба воя расидаанд, «маданияти ҳарбӣ» ташаккул ёфтааст. Вазифаи минбаъда аз дар шуури онҳо қарор додани мафҳуми «маданияти ҷаҳонӣ» иборат мебошад.
Ӯзбекистон ҳар гуна шакли мулоқотро, ки ба муваффақ гардидан ба сулҳ дар ин мамлакати ҳамсоя нигаронда шудааст, дастгирӣ менамояд. Президенти мамлакатамон натиҷаҳои вохӯриҳои дуҷонибаро бино бар Афғонистон бо иштироки Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо қаноатмандӣ таъкид намуд.
Қарор ёфтани сулҳ дар Афғонистон ва дар ин мамлакат татбиқ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ барои имкониятҳои нави стратегӣ шароит фароҳам меорад.
Чи хеле ки сарвари давлатамон дар маърӯзааш дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ таъкид намуд, барқарор намудани вазъият дар Афғонистон шарти муҳими таъмини натанҳо бехатарии минтақавӣ, балки глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, дар асоси ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 июни соли 2018 Ассамблеяи Генералии СММ резолютсияи «Мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба таъмин намудани сулҳ, устуворӣ ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ»-ро  қабул кард.
Ба ғайр аз ин, моҳи марти соли ҷорӣ Конфронси Тошканд оид ба Афғонистон дар сатҳи баланд гузашт. «Декларатсияи Тошканд», ки бино бар натиҷаи конфронс қабул гардид, дар худ мавқеи ягонаи тамоми иштирокдоронро инъикос намуда, барномаи ба худ хоси қарор додани сулҳ дар Афғонистон гардид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин қадамҳои муҳими амалии Ӯзбекистон ва умуман чорабиниҳои дақиқе, ки аз ҷониби онҳо бино бар васеъ гардондан ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ, инчунин кӯмак ба барқарор намудани ҳаёти осоиштаи Афғонистон қабул мешаванд, баҳои баланд медиҳад.
Ташаббуси дуюм – фароҳам овардани шароити мусоид ва зарурӣ барои татбиқи иқтидори ҷавонон, мубориза бар зидди радикализм ва васеъ гардондани дастрасӣ ба таълими хушсифат.
«Ӯзбекистон омода аст дар соҳаи ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва маданиву инсонпарварӣ нақши мутобиқгарро ба зимма гирад», гуфт Президенти мамлакатамон. Маркази дипломатияи халқии СҲШ ба фаъолият оғоз намуд. Фаъол гардондани равобит дар доираи дипломатияи халқӣ, аз он ҷумла бо роҳи ташкил намудани анҷуманҳо оид ба сайёҳӣ муҳим мебошад. Онҳо ба таҳкими боварӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳоямон мусоидат менамоянд.
Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки маънавият ва маърифат, тафаккури ҳуқуқӣ ва маданият, худшиносии миллӣ ва анъанаҳои абадӣ, илм ва маърифат, адолат ва адлия, эътимод ва олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ ва ҷасурӣ, инсонпарварӣ ва саховатмандӣ – ҳамаи ин фазилатҳо ба халқи ин замини куҳан хос буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши муносиб доранд.
Маърифат ва олиҳимматӣ – боигарии аз ҳама бузурги мост ва нигоҳ доштани ин арзишҳои баланди маънавӣ қарзи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Он чиз алоҳида ҷолиб аст, ки бори аввал байни сиёсати таърихан кушодадил ва сиёсати замонавии хориҷии Ӯзбекистон равобити наздик пайдо шуд.
Бо назардошти ин дар асоси ташаббусҳои сарвари давлатамон 12 декабри соли 2018 резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ «Маърифат ва кушодадилии динӣ» қабул гардид. Мақсади асосии ҳуҷҷати мазкур аз таъмин кардани ҳуқуқи ҳар як инсон барои гирифтани таълим, кӯмак дар барҳам додани бесаводӣ ва ҷаҳолат иборат мебошад.
Дар айни ҳол лоиҳаи конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон таҳия  мегардад. Ҳамаи ин шаҳодати равшани он мебошад, ки дар мамлакатамон ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳамчун яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ва ҳамкории байналхалқӣ эътибор дода мешавад. Равандҳои сиёсӣ дар мамлакатамон пурра ба маҳаки демократияи замонавӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ташаббуси сеюм – ба роҳ мондани мулоқоти низомнок оид ба масъалаҳои нигоҳ доштани ризоияти байнидинӣ, маърифат ва дутарафа ғанӣ гардондани маданият.
Аз ҷумла, «Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд ва Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ дар Самарқанд метавонанд майдони самарабахш гарданд», гуфт сарвари давлатамон. 
Ба фикрамон, таҷрибаи Ӯзбекистон дар самти мазкур метавонад ҳамчун намуна муносиб хидмат кунад. Зеро, мамлакатамон, ки дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим ҷойгир шудааст, аз қадимулайём ҳамчун замине, ки намояндагони миллат, дин ва маданияти мухталиф муттаҳид шудаанд, шуҳрат дорад.
Дар зинаи имрӯзаи рушди миллӣ минбаъд пурзӯр гардондани кушодадилии динӣ ва ризоияти байнидинӣ дар роҳи мустаҳкам намудани истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатамон, бехатарӣ дар минтақа, муҳити устувор ва некҳамсоя, баланд бардоштани нуфузи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ташаббуси чорум – пурзӯр гардондани саъю кӯшиш бино бар рушди равобити тарафайни иқтисодӣ ва тиҷорати минтақавӣ.
Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи лоиҳаҳои устувори инфрасохторӣ меравад, ки татбиқи онҳо пурра кушодани иқтидори транзитӣ ва иқтисодии тамоми минтақаро фароҳам меорад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мулоқотҳои дараҷаи байналхалқӣ ва минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамеша манфиатҳои натанҳо мамлакатамон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман қитъаи Осиёро ҳимоя менамояд. Аз ҷониби сарвари давлатамон пешниҳод шудани ғояҳои амалӣ ва таклифот дар шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек ҳамчун далели равшани ин хидмат мекунад.
Президенти мамлакатамон муносибаташро ба иқтисодиёт ҳамчун маҳаки ибтидоии ҳамкории ба ҳамдигар муфид дар доираи СҲШ изҳор намуда, зарурати ба ҳаёт татбиқ кардани лоиҳаҳои муштаракро бино бар баланд бардоштани беҳбудии минтақа ва аҳолии қитъа, рушди сармояи инсонӣ ва васеъ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсияҳо таъкид намуд.
Дар натиҷа рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакатамон баланд мегардад. Барои созмон додани миқдори зиёди ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон имконият фароҳам меояд. Хусусан, он чиз ҷолиби диққат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зарурати минбаъд ба сифати яке аз самтҳои устувори СҲШ мондани Осиёи Марказиро қайд намуд.
Зеро, имрӯз минтақаамон дар ҷанбаи устуворӣ, боэътимодӣ ва иқтисодӣ мустаҳкам мегардад. Ин, дар навбати аввал, барои рушди ҳамкории васеъмиқёс, пеш бурдани лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ имкониятҳои беназир фароҳам меорад.
Ташаббуси панҷум – рушди шарикӣ дар дараҷаи тиҷорат.
Чунин муносибати замонавӣ драйвери афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи консепсияи ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки дар ин бобат Форуми минтақавӣ оид ба тиҷорати хурд таъсис дода шавад.
Ташаббуси шашум – муттаҳид гардондани саъю кӯшиш дар барҳам додани оқибатҳои фоҷиаи Арал.
Хавфи экологӣ, ки торафт хусусияти ҷиддӣ пайдо мекунад, ҳам ба бехатарӣ, ҳам ба рушди устувор таҳдиди ҷиддӣ меорад. Аз ҷумла, мушкилоти Арал, ки фоҷиаи экологӣ ва гуманитарии миқёси ҷаҳонӣ дорад, кайҳо боз барои генофонд, ҳаёт ва сиҳатии аҳолии Наздиарал оқибатҳои ногувор меорад.
Бинобар ақидаи сарвари давлатамон бо ташаббуси Ӯзбекистон созмон дода шудани фонди трастӣ дар асоси бисёршарикӣ таҳти шафоати СММ барои ҷалб намудани воситаҳои донорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дақиқ дар Наздиарал сазовори эътибор аст.
Ҷамъбаст намуда гуфтан мумкин аст, ки имрӯз инсоният шоҳиди пурзӯр гардидани рақобат байни марказҳои қувваҳои ҷаҳонӣ мегардад. Баъзе экспертҳо эҳтимоли то ба задухӯрди кушоди силоҳӣ расидани онро пешгӯӣ менамоянд.
Дар даврае, ки чунин таҳдидҳои ҷаҳонӣ ҷой доранд, чи хеле ки Президент Шавкат Мирзиёев гуфт, «Нигоҳ доштани динамикаи мавҷудии ҳамкорӣ дар минтақаи Осиё  муҳим мебошад. Ҷустуҷӯи муштарак ва қабул намудани қарорҳои ба ҳамдигар муфид бобати муваффақ гардидан ба мақсадҳои нек – таъмини сулҳ, устуворӣ ва шукуфоӣ имконият фароҳам меорад».

Акмал САИДОВ,
академик.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: