МАЙДОНИ ҶАНГАЛЗОР ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Хоҷагии ҷангали давлатии Деҳқонобод 55 сол қабл ташкил ёфта буд.

Хоҷагии ҷангали давлатии Деҳқонобод 55 сол қабл ташкил ёфта буд. Он аз шаш шуъба иборат буда, тақрибан 106 ҳазор гектар майдонро дар бар мегирад. 71 ҳазор гектари онро майдони ҷангал, 14 ҳазор гектарашро дара, 4 ҳазор гектарашро боғу ангурзор ташкил медиҳад. Дар 8 гектари хоҷагӣ ниҳоли дарахтони гуногун парвариш карда мешавад.
Зардолу, олуболу, себ, беҳӣ, нок, писта, бодом, чормағз, санҷид, арча, заранг, қайрағоч, сафедор, бед барин дарахтҳои мевадору манзаравӣ ва гиёҳҳои доруворӣ мисли настаран, пудина, бӯйи модарон, зирк, дӯлона боигарии асосии ҷангал ба шумор меравад. Дар ҷангалзор хирс, гург, хук, бузи кӯҳӣ, кафтар, харгӯш барин ҷонварони ёбоӣ ва паррандаҳо вомехӯрад.
Соли гузашта барои ходимон ва коргарони хоҷагӣ бобаракат омад. Туфайли меҳри беандоза ба касб онҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла, майдони ҷангал аз ҳисоби кишти тухм ва ниҳол васеъ гардид, 3 км роҳи он аз таъмир бароварда шуд. Тақрибан 4,5 тонна тухми дарахту бутта, зиёда аз 1,5 ҳазор бех ниҳоли босифат тайёр карда шуд.
–Ҷамоаамон соли ҷорӣ вақтро ғанимат дониста, корҳои ободониро саривақт сар карданд, – мегӯяд директори хоҷагии ҷангали давлатии Деҳқонобод, дорандаи ордени «Дӯстлик» Раъно Бозорова. – Зеро ҳифзи боигарии табиат – ҳар як гиёҳу дарахт, ҷонварон, ҳатто сангу хоки замин, вазифаи аввалиндараҷаи мо ба шумор меравад. Баъд аз ташрифи роҳбари давлат ба вилояти Қашқадарё, моҳи декабри соли 2018 бино ба супориши ӯ лоиҳаи барпо кардани плантатсияҳои писта барои солҳои 2019-2020 коркард шуд. Дар асоси лоиҳаи мазкур дар 2500 гектар майдонҳои писта ба вуҷуд меоянд. Аз гиёҳҳои кошташуда доруворӣ низ тайёр карда мешавад.
– Вазифаҳои ба зимма гирифтаамон хеле бузурганд, – мегӯяд сарвари шуъбаи «Консой»-и хоҷагии мазкур Усмон Холиқулов. – Кабудӣ рамзи зиндагӣ аст. Табиат ҳар чӣ бештар либоси сабз ба бар кунад, муҳитамон ҳамон қадар тоза мешавад. Мо инро ҳис мекунем. Табиати зинда ба кас хушнудӣ мебахшад ва умри инсон аз ин зиёда мегардад.

Абдуқаюм БЕККАМОВ.     
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: