МАЙДОНИ НИҲОЛҲО ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Макони сабз.

Ин ибора имрӯз вирди забонҳо гардидааст. Ба шиор табдил ёфта, ба ҳаракати умумимиллӣ мубаддал гардидааст. Дар ҳазорҳо гектар заминҳои вилояти Навоӣ ниҳолҳои манзаравию мевадор ва буттазор  шинонда шуданд. Роҳбари давлат 25 ноябри соли 2022 ҳангоми ташриф ба вилоят ба ин ташаббус асос гузошта, пешниҳод карда буд, ки вилояти Навоӣ ба ҳудуди «Макони сабз»-и намунавии ҷумҳурӣ табдил дода шавад.

 

– Баҳори соли равон бо мақсади таъмини самараноки ниҳолшинонӣ дар назди ҳокимиятҳои ҳудудӣ штаби амалиёт таъсис дода шуд, – мегӯяд сармутахассиси идораи вилоятии Вазорати ресурсҳои табиат Шаҳзод Саидмуродов. – Штаб фаъолияти ҳамарӯзаи ҳокимиятҳо, корхона ва ташкилотҳоро мутобиқ ва назорат менамояд. Мақсад аз ин ташаббус муҳайё намудани муҳити солими экологӣ ба наслҳои оянда мебошад ва ҳамаи саъйю ҳаракат ба фаровонсозии ҳаёти ҷавонон нигаронида шудааст. Бо ин мақсади наҷиб баҳори соли равон дар атрофи роҳҳои магистралии автомобилгард, роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, заминҳои хоҷагии деҳот, хоҷагиҳои фермерӣ, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, корхона ва соҳаҳои хизмати маишӣ ва ҳудуду маҳаллаҳои тобеи идораи ободгардонӣ 8,8 миллион бех ниҳолҳои мевадору манзаравӣ шинонда шуданд.
Бояд таъкид дошт, ки дарахтон ангидриди карбонатро фурӯ бурда, оксиген ихроҷ мекунанд. Инсон оксиген нафас мекашад. Ба замми ин фасли гармо ҳаворо мӯътадил нигоҳ дошта, табиатро оро медиҳад ва инсонро завқу шавқ мебахшад. Татбиқи ҳар як ташаббуси хайр инсонро роҳат мебахшад.Ба ин мақсад идораи вилоятии вазорати ресурсҳои табиат дастурҳои дақиқро кор карда, чораву тадбирҳо андешидааст. Дар ҳар ноҳия на кам аз 5 гектар замин ҷудо карда шуда, омодасозии он барои киштукори ниҳолҳо анҷом дода шуд. Муаммои обёрӣ ҳаллу фасл гардид. Нақшаи кории ҳар як корхонаву муассиса, ташкилоту  субъектҳои хоҷагидорӣ муайян гардид.
– Бо назардошти вазъи иқлими вилоят ниҳолҳое интихоб шуданд, ки ба камобӣ ва ҳар гуна касалиҳо тобовар мебошанд, – мегӯяд Ш. Саидмуродов. – Гужм, қайрағоч, акатсия, заранг, тут, санҷид, чормағз, сафораи ҷопон аз ҳамин қабил ниҳолҳо мебошанд. Дар 166,2 гектар замини 11 субъекти ниҳолпарварӣ 4,2 миллион ниҳоли мевадор, манзаравӣ ва бутаву гул рӯёнида шудаанд. Барои риояи таъмини қоидаҳои агротехникӣ бо иштироки олимон, ҳосилот ва боғбонҳои соҳибтаҷриба дар ноҳияҳои Конимех, Қизилтеппа, Навбаҳор, Хатирчӣ ва шаҳри Навоӣ семинарҳои илмиву амалӣ баргузор гардиданд.
Аз аввали мавсим дар вилоят 7 миллиону 496 ҳазор бех ниҳолҳо шинонида шудааст. 
Ҳар гоҳе дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ё маркази ноҳияҳо гаштугузор  ва ё бо автомобил гузар мекунед, аз тамошои дарахту бутаву гулҳо баҳри дили кас кушода мешавад. Ҳангоми гузар аз шоҳроҳҳо майдонҳои васеи дарахтзорҳо ҳаловат бахшад касро. Оре, дасти одам гул аст. Майдонҳои дарахтзори мевадору манзаравӣ рӯз ба рӯз доман паҳн мекунад.
Аз нек боғ мемонад, гуфтаанд.
Бале, ташаббуси «Макони сабз” натанҳо ба имрӯз, балки ба ояндаи наздику дур нигаронида шудааст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори 
«Овози тоҷик”.

Вилояти НАВОӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: