МАЙДОНИ РӮДАКӢ ДАР САМАРҚАНД БОЗСОЗӢ МЕШАВАД

Боиси хурсандист, ки майдони Рӯдакӣ дар шаҳри Самарқанд куллан бозсозӣ мешавад ва масъули ин кор дастгоҳи ҳокимияти вилояти Самарқанд мебошад.

Шахсе, ки дар байн истода нақшаҳои бозсозии майдонро мефаҳмонд, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд дар бахши сайёҳӣ Ботур Нуруллоев будааст.
Ба гуфтаи ӯ чанд муддат ин майдон ба яке аз ҷойҳои фаромӯшшудаи шаҳр табдил ёфта буд, зеро ба як тарафи он чанд бетон гузошта буданд, ки ба вуруд ва хуруҷи одамон, ҳаракати воситаҳои нақлиёти онҳо монеа мешуд. Аз ин лиҳоз ҳокимияти вилоят бозсозӣ намудани майдонро ба нақша даровард  ва рӯзҳои наздик ба ин корҳо оғоз хоҳанд бахшид. 
– Мо майдони Рӯдакиро ба яке аз ҷойҳои зебо ва фароғатгоҳи ҳақиқӣ табдил медиҳем. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ симои барҷаста ва намоёни адабу фарҳанги мардуми Шарқ аст. Ин майдон ба ҳамин ному манзалат бояд ҷавобгӯ бошад. Мардуми шаҳр, сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд лаҳзаи дилхоҳ дар ин майдон вақташонро бо хушҳолӣ ва фароғат сипарӣ кунанд.
Нимтанаи Устод Рӯдакӣ дар канори майдон ҷойгузин шудааст. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷои майдон фаввораҳо бунёд мекунанд ва дар фасли гармо ин фаввораҳо ба ҷисму ҷони мардум ҳаловат мебахшанд. Агар тибқи нақша атрофи он ба майдони гаштугузор табдил ёбад, он гоҳ ин ҷо шукӯҳи тоза пайдо хоҳад кард.
Дар ин ҷо ҳунармандону санъаткорон метавонанд ҳунару маҳорат ва истеъдоди худро намоиш диҳанд, ба мардум шодиву дилхушӣ бубахшанд, рассомон  маҳсули корашонро ба маърази тамошогарон гузоранд, – илова кард Б. Нуруллоев.
Дар чаҳор самти  майдон барпо намудани тарабхона ва қаҳвахонаҳои гуногун низ тарҳрезӣ шудаанд, мардуми шаҳр  мехоҳанд рӯзҳои истироҳат, хусусан шомгоҳон ба майдонҳо бароянд, вақти худро хушу гуворо гузаронанд. Майдони нави тарҳрезишуда масоҳати калонро ишғол мекунад ва барояшон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд. 
– Бисту панҷ-сӣ сол муқаддам ин ҷо майдони Озодӣ ном дошта, яке аз ҷойҳои серодами шаҳр ба шумор мерафт ва аз сайргоҳҳои беҳтарин маҳсуб меёфт. Вале дар натиҷаи муносибати нодурусти баъзе роҳбарони собиқи вилоят ва шаҳрдории Самарқанд дӯконҳои зиёд яке аз паси дигар вайрон карда шуданд, оҳиста ин майдон аз назари мардум дур монд ва ба хароба табдил ёфт. 
Майдони мазкур баъд номи Рӯдакиро гирифт. Аз ин ҳодиса хурсандии самарқандиёнро ҳадду канор набуд. Зеро бо татбиқи ин нақша майдоне дубора эҳё мегардад, ки ба номи алломаи бузургамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст. Бовар дорем, ки ин ҷо дубора ба яке аз майдонҳои зебои шаҳр табдил меёбад ва сокинони шаҳр ва меҳмонони он омада дар ин ҷо чорабиниҳои зиёди фарҳангиро тамошо мекунанд.
Ногуфта намонад, ки  солҳои пеш дар Самарқанд  Хазинаи Рӯдакӣ фаъолият мекард ва роҳбарии онро адабиётшинос Садрӣ Саъдиев бар дӯш дошт. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба суратҳисоби ин хазина аз мардуми Самарқанд, ҳокимияти шаҳр, Хазинаи забони тоҷикӣ, мудири Китобхонаи миллии Донишгоҳи Теҳрон Алӣ Кофӣ маблағ ирсол карда буданд, ки барои гузоштани пайкараи Одамушшуаро мусоидат кардааст. Кори асосии пайкараро ҳайкалтарош Шаҳриёр Мухторов ба зимма дошт.
Ин муҷассамаи барқади Устод Рӯдакӣ дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳр гузошта шуда буд, аммо рӯзе пайкараи устод аз ҷояш ғайб зад. Умед аст, ки ин муҷассама низ пайдо карда шуда, дар яке аз маҳалҳои марказии шаҳр гузошта мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигорони 
«Овози тоҷик».

САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: