Маркази дипломатияи халқии СҲШ
Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон чаҳор сол муқаддам ташкил шудааст. Марказ соли 2022-ро хеле пурсамар ва бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуд. Дар давоми чаҳор соли фаъолият, хусусан, дар соли сипаришуда тавонистааст, ки чорабиниҳои зиёдеро дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои мухталиф баргузор намояд.
– Фикр мекунам, ки ин чорабиниҳо ҷиҳати беҳбуди муносибатҳои миёни давлатҳои СҲШ, мустаҳкам шудани дӯстиву бародарии халқҳои маскуни он, доман фарох намудани робитаҳои ҳамҷаворӣ, роҳандозии мулоқотҳои байни динҳову тамаддунҳо ва амсоли он нақши муассир хоҳад бозид, – мегӯяд директори он Қобилҷон Собиров. – Марказ дар Ӯзбекистон соли 2022 барои он ҳарчи бештар талош ба харҷ дод, ки раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СҲШ самараҳои пурмаҳсул ба бор оварад. Дар ин замина барои таъмини иҷрои қарорҳо ва созишномаҳое, ки дар сатҳҳои олӣ ва баланд қабулу имзо шудаанд, инчунин ҷиҳати беҳбуди равобити ҳамҷаворӣ ва дӯстона бо давлатҳои аъзои СҲШ, ҳамкорӣ дар соҳаи табодули иттилоот корҳои фаровон ба анҷом расид.
– Дар ҷамъомаде, ки тибқи ин низом Шӯрои мувофиқгардонӣ ба муносибати ҷамъбасти сол ва натиҷагириҳо аз он доир намуд, маҳз ба авлавияти фаъолияти устувори марказ таваҷҷуҳи асосиро равона намуд.
Қарори Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои самаранок ба амал баровардани раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ва “Харитаи роҳ”-и Шӯрои мувофиқгардонии Маркази дипломатияи халқии СҲШ барои босамар анҷом ёфтани давраи раёсати Ӯзбекистон нақши муассир бозидааст.
Натиҷа нишон дод, ки тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, фарохтар гардидани домани ҳамкориҳои миёни ҷавонон ва занони давлатҳои узви созмон, инчунин роҳандозии фестивалҳои фолклорӣ-этнографӣ, баргузор намудани намоишгоҳҳои ҳунармандӣ, ярмаркаҳои савдо ва амсоли он дар наздикшавии халқҳо ва беҳбуди муносибати миёни кишварҳои СҲШ хеле мусоидат намудааст.
Қ. Собиров мегӯяд, ки бар асоси Барномаи давлатии “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол” доир намудани чорабинии хайрия таҳти унвони “Маҳалла – ҳамсоядории нек ва маскани ҳамфикрӣ” дар яке аз ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо собит намуд, ки мардуми мо дар фазои амну осоиш, дӯстиву рафоқат, накукорӣ ва меҳру муҳаббат зиндагӣ мекунанд.
Дар пайи он, фаро расидани иди бошукӯҳи Наврӯз мардумро ба ваҳдат овардааст ва занону духтарони маҳаллаҳо дастаҷамъона ба пухтану тақсим намудани неъмати идона – суманак пардохтаанд, мардҳо ба шинонидани ниҳолҳои гуногун ва тоза кардани атрофу акноф машғул шудаанд.
– Магар ана ҳамин дипломатияи халқӣ нест, ки кулли мардум, новобаста аз он ки намояндаи кадом қавму миллат мебошанд, ба ҳамдигар меҳру мурувват нишон медиҳанд, якдигарро табрику таҳният мегӯянд, ҳатто дар рӯзҳои сахт дар бари ҳамдигар истода, намегузоранд, ки ҳамсоя ё ҳаммаҳаллаашон дар гирдоби мусибат “ғарқ” шавад ва худро яккаву танҳо эҳсос намояд. Чунин муносибат дар байни мардуми минтақаи мо анъанаи азалист, – иброз намуд Қ. Собиров.
Таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва тарғиби илму маънавият ва маърифати динӣ дар байни ҷавонон аз масъалаҳои дигари мубрам маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин замина марказ таҳти унвони «Нақши маориф ва маърифати динӣ дар ҳамоҳангии мутақобилаи дину фарҳангҳо” бо ширкати уламои динӣ, инчунин коршиносони байналмилалӣ конфронси доманфарохе ташкил кардааст, ки дар меҳвари он низ масъалаи мустаҳкам намудани сулҳу осоиш ва таҳаммулпазирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
– Ғайр аз ин, кӯшиш намудем, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Дипломатияи халқӣ бар зидди терроризми байналмилалӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардад ва ба он аз ташкилоту созмонҳои гуногун бештар ҷавононро ҷалб намудем. Талошҳои Сарвари давлат барои беҳбуди ҳаёти ҷавонони мамлакатро баён карда, ҳамзамон эҳсоси ифтихор аз онро иброз медоштанд, ки шаҳрванди чунин мамлакати озоду обод ҳастанд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дарҳақиқат, ҳар гуна ҷомеа бо таъмини ҳамгироӣ ва ҳамфикрӣ барқарор аст ва аъзои он ба фардои дурахшон бо эътимоду боварӣ қадам мегузоранд. Дар ин росто Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон ба баргузор намудани даҳҳо чорабинии доманфарох ва муҳим ноил шудааст. Инро аз лавҳаҳову аксҳои зиёд дарёфтан мумкин аст, ки дар деворҳо ва албомҳо, китобҳои нашри махсуси марказ инъикос ёфтаанд.
Чорабиниҳоро бо номи “Нақши таълим ва маърифати динӣ дар ҳамоҳангии мутақобилаи дину фарҳанг ва тарғиби сулҳу ваҳдат”, “Дипломатияи халқӣ – бар зидди терроризми байналмилалӣ”, “Бахти зан – бахту саодати ҷомеа”, “Нақши дипломатияи халқӣ дар ривоҷи дӯстиву ҳамҷаворӣ”, “Бигзор дӯстӣ ҳамеша самимӣ ва воқеӣ бошад” метавон арзёбӣ кард.
– Мо фаъолияти худро зимни сафар ба мамолики гуногуни минтақа ва берун аз он низ тавсеа мебахшем. Ба таври мисол, соли сипаришуда Кумитаи мувофиқгардонии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё моро ба шаҳри Маскав даъват намуд. Дар он низ беҳбуди робитаҳои миёни кишварҳои узви СҲШ дар соҳаҳои гуногун – иқтисодӣ, иқтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ матраҳ гардид.
Чунин дидору мулоқотҳо дар шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон, Чимкенти Қазоқистон, Мински Белорус, Чулпонатои Қирғизистон низ баргузор гардида, ба хотири рушду ривоҷи ҳамкориҳо ба нафъи дӯстиву рафоқати байни давлат ва халқҳо мебошанд. Аз ҷумла, дар Хуҷанд ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар мавзӯи “Дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон абадӣ аст” суҳбати мизи мудаввар ороста гардид.
– Эътимоди мутақобила, ризоияти байни миллатҳо ва мазҳабҳо, таҳкими равобити байни тамаддунҳо, тавсеаи равобити фарҳангӣ-гуманитарӣ, фароҳам овардани фазои ҳамкории дӯстона миёни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ҷавонон ва занон, миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай моро водор намуд шахсонеро, ки дар пешбурди принсипҳои асосии СҲШ саҳми босазо гузоштаанд, бо нишони сарисинагии «Дипломати халқӣ» сазовор гардонем, – изҳор намуд дар поёни суҳбат директори марказ Қ. Собиров.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».