Ҷамъомади якҷояи Комиссияи ба пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ кӯмакрасони Сенати Олий Маҷлис ва шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят иттилоъ дод.
Ҷамъомади якҷояи Комиссияи ба пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ кӯмакрасони Сенати Олий Маҷлис ва шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят иттилоъ дод.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи иҷлосияи муштарак ноиби раиси Кумитаи масъалаҳои мудофиа ва амнияти Сенат, роҳбари гурӯҳи кории Сенат Толибҷон Мадумаров маърӯза кард. Вай дар бораи таъмини иҷрои вазифаҳое ҳарф зад, ки аз тарафи гурӯҳи кории Сенати Олий Маҷлис барои омӯзиши ҳудудҳои марбута – ноҳияҳои Фарғона, Риштон, Фурқат ва Қува ба роҳбарони секторҳои вилоят гузошта буданд. Ҷамъомади видеоӣ 2-4 июли соли равон таҳти раёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев доир гардида буд.
Т. Мадумаров аз ҷараёни корҳои омӯзишии гурӯҳи кории Сенат дар ноҳияҳои Фарғона, Риштон, Фурқат ва Қува ёдовар шуд. Вай гуфт, ки аз тарафи аҳолӣ дар мулоқотҳо бо роҳбарони секторҳо масъалаҳои зиёди ҳаллашон ногузир дар миён гузошта шуданд. Ҳамчунин роҳбарони секторҳо дар давраи пандемия аз оилаҳои камбизоат пуштибонӣ кардаанд ва барои таъмини аъзои ин хонаводаҳо бо манбаи даромад як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд, дар беҳбуди муҳити иҷтимоиву маънавӣ саҳм гирифтаанд.
– Зимнан таъкиди он нукта бамаврид аст, ки роҳбарони секторҳои мазкур сенаторҳои ҳамон минтақа, депутатҳои шӯроҳои маҳаллиро низ ба кор ҷалб намудаанд. Ширкат ва назорати онҳоро дар иҷрои ҳалли масъалаву рафъи мушкилоти мардум таъмин намудаанд. Оид ба таклифу пешниҳодҳои аҳолӣ дар ҷараёни мулоқотҳо вокунишҳои саривақтӣ нишон додаанд, – гуфт Толибҷон Мадумаров.
Дар иҷлосияи муштарак роҳбарони сектори ҳар як ҳудуд низ ба сухан баромада, дар бораи иҷрои вазифаҳое сухан ронданд, ки масъулияти онро бар дӯш гирифтаанд. Иштирокчиёни иҷлосия ҳисоботҳои ҳокими ноҳияи Қува, роҳбари сектори 1-ум Равшан Қурбонов, прокурори ноҳияи Риштон, роҳбари сектори 2-юм Шерзод Мавлонов, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фурқат, роҳбари сектори 3-юм Баҳодур Калонов ва сардори инспексияи давлатии андози ноҳияи Фарғона, роҳбари сектори 4-ум Дилшод Адҳамовро шуниданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”
дар вилояти Фарғона.