Маҷмааи Имом Бухорӣ ба пояи мустаҳками маънавӣ табдил хоҳад ёфт

  • Маҷмааи Имом Бухорӣ ба пояи мустаҳками маънавӣ табдил хоҳад ёфт

Президент Шавкат Мирзиёев 26 август ба Самарқанд омад.

Мувофиқи анъанаҳои нек дар навбати аввал мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард. Сураҳо аз Қуръон ва дуъоҳо хонда шуданд.

– Мо дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди истиқлолият қарор дорем. Истиқлолияти мо ҷовидон бошад, ояндаи кишварамонро ҳеҷ чиз тира накунад. Бигзор Худованди Мутаъол дар кори мо ба нафъи мардум мададгор бошад. Мақсад аз бунёди ин маҷмаа боз ҳам баланд бардоштани шаъну шарафи аҷдоди мо Имом Бухорӣ ва фароҳам овардани замина барои шукӯҳу шаъни номи ӯ дар саросари ҷаҳон мебошад. Бигузор чунин корҳои нек зиёд бошанд», – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре маълум аст, бо ташаббуси Президенти мо маҷмааи нави Имом Бухорӣ бунёд шуда истодааст. Масоҳати мақбара ба 600 метри мураббаъ, баландиаш ба 28 метр расонида шуд. Масҷиди гунҷоишаш 10 ҳазор кас сохта шуд. Манораҳои 75-метраи чор гӯшаи маҷмаа ба он шукӯҳ мебахшанд. То имрӯз корҳои сохтмонӣ ва муҳандисӣ анҷом ёфта, марҳилаи ороиш оғоз гардид. Дар баробари ин ба анъанаҳои миллӣ ва рангҳои гарм таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ ва пардозӣ шинос шуд. Вай зарурияти дар маҷмаа ҷорӣ намудани идоракунии замонавии бехатарро қайд намуд.

–Ин маҷмаа бояд ба таҳкурсии мустаҳками маънавӣ табдил ёбад, – гуфт Президент.

Ба масъулин оид ба барқарорсозии зиёратгоҳҳои муқаддас дар тамоми вилояту шаҳрҳо ва дуруст расондани таъриху мӯҳтавои онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар маҷмаа музей, айвонҳои кандакорӣ, биноҳои маъмурию маишӣ низ сохта мешаванд. Сарвари давлат аз осорхонаи оянда низ дидан кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: