Маҷмааи савдои «Малика»-и Тошканд ба 125 миллиард сӯм фурӯхта шуд

Маҷмааи савдои «Малика»-и Тошканд ба 125 миллиард сӯм зери болға рафт. Ғолиби музоядаи оммавӣ "Premium Prime Service" гардид.

Бино ба маълумоти Агентии идоракунии дороиҳои давлатӣ, ширкат ӯҳдадор шудааст, ки барои корҳои таъмиру барқарорсозӣ боз 100 миллиард сӯм сармоягузорӣ намуда, 250 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад.

Маҷмааи «Малика» дар ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахт ҷойгир аст. Он баҳори соли гузашта ба фурӯш гузошта шуда буд. Имрӯз он бозори асосии шаҳр барои фурўши техникаи маишӣ ва электроника мебошад. Ҳудуди он 4,14 гектарро ишғол мекунад. Дар баробари ин масоҳати биною иншоотҳо 48,9 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, 13,8 хазор метри мураббаъ сохта шудааст.

Барои маълумот: ширкати "Premium Prime Service", ки дар музояда бурд кардааст, 12 январи соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. Самти асосии фаъолият иҷора ва идоракунии биноҳои ғайриистиқоматӣ мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: