Тавре ки дар шумораҳои пешинаи «Овози тоҷик» хабар дода будем, бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ аз силсилаи «Накҳати сухан» китобҳои шоиру нависандагони номвари халқамон ба дасти чоп мерасад.
Китоби сеюми силсила, ки ба қалами шоир, тарҷумон ва журналисти номвар Тӯхтамиш Тӯхтаев – Паймон тааллуқ дошта, аз тариқи хонаи табъу нашри «Тамаддун» ба дасти чоп расидааст, «Шабогард» ном дорад.
Аз маҷмӯа асосан шеър, рубоӣ ва дубайтиҳои шоир ҷой гирифтааст, ки муҳаббат ба кишвари азиз, модари дилсӯз, табиати мафтункор, ифтихор аз гузашта, тараннуми ишқ, дӯстиву садоқат мавзӯъҳои асосии он мебошад.
«Паймон ошиқи шеър аст, ошуфтаи эҷод мебошад, – гуфтааст доир ба эҷодиёти шоир доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасан Қудратуллоев (равонаш шод бод!), – ... дар шеъри «Оқибат мерасам...» мақсади наҷиби муаллиф аз навиштани шеър равшан падидор мегардад. Ин мақсад на бо даъвои хушку холӣ, балки аз тариқи сатрҳои дилчасп ва пурбор ифода гардидааст:
Оқибат мерасам ба он маънӣ,
К-он ба ҳарфу ҳиҷоям омезад.
Оқибат мерасам ба он шеъре,
К-аз вуҷудам вуҷуд ангезад.
Оқибат мерасам ба он... шак нест,
Варна чист ин, ки зиндагӣ ном аст?
Оқибат мерасам ба он... лошак,
Варна ҳар он чи гуфтаам, хом аст!»
Бигузор, Паймони шоир ашъори дилхоҳашро эҷод кунад, ки ҳамеша манзури мардум бошанду вирди забонҳо.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».