МАҶМӮИ «BUKHARA CITY» СОХТА МЕШАВАД

8 июли соли ҷорӣ Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои ташкилӣ бобати дар шаҳри Бухоро барпо намудани маркази замонавии соҳибкорӣ ва иморатҳои истиқоматии «Bukhara City» қарори 565-умро қабул кард.

Мувофиқи он 83 гектар майдони шаҳр, ки он ҷо объекту корхона ва иморатҳо чандон самараи дилхоҳ намедиҳанд, ҷои худро ба маҷмӯи пуршукӯҳи замон холӣ карда медиҳанд.
Дирексияи сохтмони объектҳо ва истифодабарӣ аз онҳо ба кор оғоз кард. Таркиби шӯрои вилоятии тадбирҳои ташкилӣ ва дида баромадани лоиҳаҳои сармоявӣ низ тасдиқ ёфт. 
Дар ҳудуди маҷмӯи номбурда осорхона, экспомаркази гузаронидани конфронсҳои байналхалқӣ ва анҷуманҳо, маркази тиҷорат, кинотеатр, театр, китобхона, бонкҳо, офисҳо, биноҳои истиқоматӣ ва объектҳои дигар сохта мешаванд. Менеҷери лоиҳаи сарнақша ҳокимияти вилояти Бухоро ва ҳамкори он ширкати «Studio Uer-tebra»-и Туркия буда, намояндагони дахлдори дигар давлатҳо низ ҷалб карда мешаванд.

А. АВЕЗОВ,
 хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: