МАҶМӮИ ХОҶА ОРИФ БА КОР ДАРОМАД

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили 95-солагии зодрӯзи Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ» ва супориши ӯ бобати беш аз пеш ободтар кардани маҷмӯъҳои «Ҳафт пир»-и Бухорои шариф дар зиёратгоҳҳои пирони комил ҷараёни бунёдкорию ободгардониҳо ба дараҷаи бемисл вусъат ёфт.

Дар натиҷа маҷмӯаҳо аз ҳисоби манораю иморатҳои нав, иншооти сайёҳӣ такмил ёфта, шукӯҳу ҷозибаи онҳо дучандон афзуд. Аз ҷумла зиёратгоҳи пири комили тариқати Нақшбандия Хоҷа Муҳаммад Ориф ар-Ревгарӣ Моҳитобон, ки дар маркази ноҳияи Шофиркон воқеъ мебошад, тӯли соли охир хеле ободу зебо гардид. Дар ин ҷо бо ин мақсад 15 миллиард сӯм маблағ (аз ҷумла 7,3 миллиард сӯм ёрдами моддии ҳокимияти вилоят, инчунин маблағи ташкилотҳои ҳомию соҳибкорон) харҷ гардид. Туфайли ин дар маҷмӯи шашгектара дарвоза, манора (баландиаш 17,6 метр), масҷид (барои 500 намозхон), девори панҷарадор (1,1 километр), мақбараи нав, айвонҳо сохта, ҳикматҳои Хоҷа Ориф дар шакли китоби боз сабт шуданд. Гулзору чароғҳои замонавӣ, дарахтони мевадору манзаравӣ ва ғайра бунёд гардиданд ва ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни нав зам карданд. Дар ин кор бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Моҳитобон обод қурилиш», устоҳои бомаҳорати Бухорою Хоразм саҳми арзанда гузоштанд. Дар арафаи Иди аз ҳама бузург ва ҳама азиз — 28-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон – субҳи 30 августи соли ҷорӣ зиёратгоҳ ва атрофи он намуди идона дошт. Дар ин ҷо роҳбарони вилояту ноҳия, фаъолон, бинокорон, собиқадорони меҳнат, куҳансолон ва ғайра ба маросими расман кушодашавии зиёратгоҳ (маҷмӯъ) ташриф оварданд.
Ҳокими вилоят Ӯктам Барноев ҷамъомадагонро бо ин рӯзи саид ва 28-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муборакбод намуд. Ба бинокороне, ки баҳри ободгардонӣ хидмати арзанда кардаанд, туфаҳо супурда шуданд.
Қаҳрамони Ӯзбекистон Азим Латифов, собиқадори меҳнат Очил Муъминов ва дигарон доир ба истиқлол ва ғамхориҳои давлат арзи дил карданд.

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: