МАҶМӮИ «ХОТИРА ХИЁБОНИ»

Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё 2804 нафар деҳқонободиён ба фронт сафарбар шуда буданд.

Аз ин миқдор 684 нафар ба оғӯши модар — Ватан баргаштанд, 2120 нафарашон дар ҷанггоҳҳо ба хоби абадӣ рафтанд.
Дар маркази ноҳияи Деҳқонобод —  шаҳраки Қорашина ба хотири аз фронт барнагаштагон маҷмӯи «Хотира хиёбони» ташкил дода шуд. Дар маҷмӯи мазкур пайкараи модари мотамзада қад рост кардааст, дар паси пайкара  тоқу айвони бино ба усули меъмории Шарқ бунёдгардида ба назар мерасад, дар саҳни айвон дар лавҳи музайяне ному насаби деҳқонободиёни дар ҷанг ҳалокгардида сабт ёфтааст.
Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр бахшида ба кушода шудани маҷмӯаи мазкур чорабинӣ баргузор шуд. Дар он собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони созмон ва идораҳои давлатии ноҳияву вилоят, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълими ҳамагонӣ иштирок намуданд. Гирдиҳамомадагон хотираи онҳоеро, ки дар ҷанггоҳҳо ҳалок гардидаанд, пос доштанд, ба пойи ҳайкали модари мотамзада  гулчанбарҳо гузошта шуданд.
Ҳокими вилояти Қашқадарё Зафар Рӯзиев дар баромади хеш таъкид намуд: ба ёд овардани ному насаби онҳое, ки ба хотири осмони соф ва ҳаёти фаровони имрӯз дар солҳои ҷанг  ба тири адӯ сина сипар кардаанд, сари таъзим фуруд овардан пеши ҷасорати бемислу монанди онҳо, дар баробари ин, арҷ гузоштан ба куҳансолони шукргузор ҳам қарз, ҳам фарз аст.
— Солҳои ҷанг ранҷу азоби зиёдро пушти сар гузоштем, — гуфт иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Абдуҳакимбобо Ҷабборов. — Номи ҷанг худ даҳшатангез аст. Он ба ҷуз харобӣ самаре ба бор намеоварад. Ҷанги хунину бераҳмона бисёр дӯсту бародарони моро новақт аз байнамон бурд. Мо хотираи онҳоро ҳамеша пос медорем. Бунёди маҷмӯи «Хиёбони хотира» ҳамаро шод гардонд. Маҷмӯи мазкур ҷавононро даъват менамояд, ки ба қадри рӯзгори тинҷу осуда расанд ва Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
— Пос доштани хотираи ҳамватанони дар ҷанггоҳҳо ҳалокгардида ва арҷгузорӣ ба солхӯрдагони шукргузорамон барои ҷавонони мо дарси ибрат хоҳад шуд, — изҳор дошт раиси шӯрои ноҳиявии  Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Ойбек Нормуродов. 
Дар чорабинӣ саҳнаҳои театрикунонидашуда доир ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон намоиш дода шуданд ва шеъру сурудҳо дар мавзӯи ҳарбию ватанпарварӣ садо доданд.

Абдуқайюм БЕККАМОВ,
ходими масъули ҳокимияти ноҳияи Деҳқонобод.   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: