МАҶРОИ ДИГАРГУНИҲО БА ДИЛИ ОДАМОН УМЕД МЕБАХШАД

«Бо дарду ташвиши одамон зистан – маҳаки олии инсониятпарварист», «Халқ ба идораҳои давлатӣ не, идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд», «Халқ дигаргуниҳои мусбати ҳаёти худро фардо не, дар ояндаи дур не, балки айнан имрӯз бинад», Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар арафаи таҷлили Иди касбии омӯзгорону мураббиён шоҳиди суҳбате хосе шудам, ки таваҷҷуҳамро ҷалб намуд. Мавзӯи марказии ин суҳбат ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар се соли охир  буд.
– Медонед, ки дар ин муддат ҳаёти мардуми мо ба кадом самт тоб хӯрд? Бе муҳобот, ҳар кадоми шумо инро хуб медонед. Қаблан дарду доғи моро оё касе мешунид? На! Роҳбарони идораҳо ба ҷои он ки ба ҳарфи корафтодагон гӯш диҳанд, онҳоро пушти дар меронданд. Фориғболиҳои баъзе роҳбарони пастфитратро дида диламон аз ҳаёту зиндагӣ хеле сард шуда буд. Ҳоло ба шарофати сиёсати Президент ба давраи нав ворид шудем, ошкоро сухан мегӯему ошкоро мешунавем. Ӯзбекистонамон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дарҳои худро васеъ боз намуд. Барои ривоҷи сайёҳӣ, роҳандозии ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омад, – гуфт бо қаноатмандӣ яке аз одамони нисбатан калонсол.
– Дуруст мегӯед, устод, – ҳарфҳои ӯро қувват дод ҳамроҳаш. – Медонед, дирӯзакак суханҳои Президенти Белорус Александр Лукашенко дар бораи сарвари давлатамонро шунида, хеле хушҳолу хурсанд шудам. Вай чунин гуфт: “Халқи Ӯзбекистонро бо чунин Президент табрик мекунам”.
Ин муколамаи онҳо шаҳодат бар ин буд, ки одамон аз дигаргуниву тағйирот хеле ба ваҷд меоянд. Ба ақидаи онҳо  ҳар фард фикри худро баён карда метавонад ва сиёҳро сиёҳу сафедро сафед мегӯяд.
Дарвоқеъ, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Қабулхонаҳои халқӣ ифтитоҳ ёфтанд. Дар вилояти Фарғона чаҳор Қабулхонаи шаҳрӣ ва понздаҳ Қабулхонаи ноҳиявӣ дар хизмати мардум қарор гирифтанд. Ҳамаи онҳо аз ҳисоби буҷаи мамлакат бо ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуданд. 
Моҳи январи соли равон дар маркази вилоят бо баргузории як маросими мутантан ба ҳамаи Қабулхонаҳои президентии шаҳру ноҳияҳо мошини хидматӣ тақдим гардид. Ин кор ба ҳамин далел сурат гирифт, ки кормандони  қабулхонаҳо бо мардуми корафтода дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо бевосита мулоқотҳо роҳандозӣ кунанд.
– Ду сол мешавад, ки мардум ба қабулхонаи мо омада, дарду доғи худро мегӯянд, масъалаву муаммоҳои солҳо инҷониб ҳаллу фаслнашударо дар миён мегузоранд. Мо аз ҷониби худ талош ба харҷ медиҳем, ки ба ҳамаи муроҷиатҳои корафтодагон вокуниши мусбӣ нишон диҳем ва  дар ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳо саривақт чораҷӯӣ кунем, – мегӯяд раиси Қабулхонаи халқи ноҳияи Сӯх Маъмурҷон Ботиров.
Вай меафзояд, рӯзмарра то 10-15 нафар аз ҳар деҳа ба қабули вай ҳозир мешаванд. Баъзе масъалаҳое, ки  ҳаллашон ба роҳбарони яке аз чаҳор сектор вобаста аст, дар рӯзи муайяншуда бархе аз корафтодагонро алоҳида қабул мекунанд. Бешак, онҳо дар мавриди ҳал кардани масъалаҳои мардум ҳамеша омодаанд, ки дасти мадад дароз кунанд.
– На ҳамаи масъалаҳои дар миён гузоштаи мардум ба таври фаврӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Аммо баёни ҳамин нуктаро муҳим мешуморам, ки ин гуна қабулҳои сайёру мулоқотҳои рӯ ба рӯ бо роҳбарони идораҳои сатҳи вилоятӣ мусоидат менамоянд, ки бори одамони зиёд аз дӯшашон биафтад. Ба ин бояд иқрор шавам, – мегӯяд омӯзгори бознишастаи сӯхӣ Мирзоносир Абдулҳаев.
Аз рӯи мазмуну мундариҷа мулоқотҳои сайёр ва масъалагузориҳо аз ҳам чандон тафовут надоранд. Вале баъзе мулоқотҳои сайёрро метавон мулоқотҳои сайёри ихтисосӣ унвон кард. Масалан, дар мулоқоти сайёре, ки ноиби раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Холмуъмин Ёдгоров бо мардум баргузор кард, бештар масъалаҳои марбут ба суду ҳуқуқ, пеш аз муҳлат озод кардани ин ё он маҳбус, афв ва амсоли он бозтоб гардид. 
Зимни баргузории чунин мулоқотҳои сайёр  дар ноҳияҳои Қува ва Қӯштепа дастикам 180 нафар бо масъалаҳои ҳуқуқӣ ба Холмуъмин Ёдгоров муроҷиат карданд. Гуфта мешавад, ки 85 муроҷиати шаҳрвандон дар ҷояш ҳал карда шуд. Аз 62 нафар маҳкум бархе озод гардиданд ва бархе ба гирифтани ҷазои сабук иктифо карданд. 11 нафар  аз ҷазои маъмурӣ низ озод карда шуданд, парвандаи 9 нафари дигар тибқи моддаи 21-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ комилан лағв гардид. 31 нафар иштирокчии мулоқоти сайёр аз Президенти мамлакат барои ислоҳот дар соҳаи суду  ҳуқуқ ибрози миннатдорӣ карданд.
Доир шудани мулоқотҳои сайёр дар ноҳияҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи  Бешариқ, Фурқат ва Ӯзбекистони ин вилоят вижагиҳои хоси худро касб намудааст. Аҳолии ин ноҳияҳоро ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳо ташкил мекунанд. Гуфта мешавад, маҳз баъди баргузории мулоқоти сайёри ҳокими вилоят бо мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Чинобод”-и ноҳия Бешариқ муассисаи томактабии рақами 18, ки куҳнаву фартут буд, ба ивази 2 миллиарду 400 миллион сӯм аз нав қомат афрохт. Як қатор кӯчаҳои ин деҳоти ҷамоати мазкур мумфаршу равон гардид, мардуми зиёд аз камбуди  оби ошомиданӣ наҷот ёфтанд.    
– Мо аз чунин мулоқотҳои сайёр хеле хурсанду сарфарозем. Бубинед, дар муддати кӯтоҳ корҳое анҷом пазируфтанд, ки бештар аз ду даҳсола онро касе ёд намекард. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Чинобод” беш аз панҷ ҳазор   аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳама аз дигаргуниҳои солҳои охир хеле хурсанду розӣ ҳастанд, – мегӯяд ба мухбири “Овози тоҷик” яке аз фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Чинобод” Нодирҷон Қобилов.
– Дар бораи роҳандозии мулоқотҳои сайёр борҳо шунидаам. Аммо гумон намекардам, ки ин бор ҳокими вилоят рост ба ҳавлии мо меояд ва аз ҳоли мани пир хабар мегирад. Ман зодаи шаҳри Конибодоми Тоҷикистон ҳастам. Даҳ нафар фарзанду даҳҳо набераву абера дорам. Шукр мекунам, ки ба чунин рӯзҳои фараҳбахш омада расидам, – мегӯяд бо шавқ сокини 93-солаи ин ҷамоати шаҳрвандон Топиламомо Қодирова.
Ба таъкиди ин момои ҳанӯз бардаму бақувват ба чизе эҳтиёҷ надорад. Фарзандону наберагонаш аз зиндагонии фаровон бархурдор ҳастанд. Аммо Топиламомо мегӯяд, ки  эътибори роҳбарон ва муомилаву муносибати нарми онҳо ба дили одамони зиёд гармӣ ва ба чашмонашон нур бахшидааст.
Ноҳияи Ӯзбекистон дорои 189 ҳазор аҳолӣ мебошад. Дар ин ноҳия арзи вуҷуд кардани ду корхонаи саноатӣ мунҷар ба он шуд, ки одамони зиёд бо ҷойи кор таъмин шаванд. Ҷамъиятҳои саҳҳомии “КАЗ Шорсу кон”, “Корхонаи пахтатозакунии Ӯзбекистон” аз зумраи ҳамин корхонаҳо мебошанд.  Ҳамчунин, бо бунёд шудани чаҳор корхонаи муштарак низ дастикам ҳазор нафар аҳолии маркази ноҳия ва рустоҳои атрофи он соҳиби ҷои кор шуданд.
– Ҳамаи ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ва ғамхориҳои ӯ дар ҳақи мардум мебошад, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои занону духтарон Маҳмудахон Камолова.
Мулоқотҳои сайёри роҳбарони идораҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят беш аз пеш доман фарох намудааст ва натиҷаву самари он низ хушҳолкунанда мебошад. Гуфта мешавад, ки ба ин васила масъалаҳои зиёди мардум ҳаллу фасл мегарданд ва дар навбати худ онҳо аз Президент, давлату ҳукумат ибрози ризоият мекунанд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: