Нормурод КАРИМЗОДА
Нормурод КАРИМЗОДА
МАҶРОИ УМР
Мерасад синнам ба ҳафтоди расо,
Солҳои навҷавонӣ рафт, рафт.
Шукри беҳад, раҳсипорам беасо,
Талху шӯри зиндагонӣ рафт, рафт.
Ёфтам аз зери дарёи ҳаёт,
Дуру гавҳар то ба қадри ҳоли худ.
Тофтам рӯ аз наботи наҳсзо,
Такя кардам бар тавону моли худ.
Субҳу шомам сарф шуд дар роҳи хайр,
Бар адӯ ҳаргиз накардам сар фуруд.
Оламе кардам аён думболи сайр,
Кашф кардам ганҷи асрори вуҷуд.
Сафҳа-сафҳа рози дил кардам аён,
Боғи гулрези сухан обод шуд.
Дарди дунё мефишоридам басе,
Сина саршор аз алам, фарёд буд.
Рӯзгорам аз фараҳ берун набуд,
Мекашид андӯҳ бар домаш басе.
Аз талоши давру давронҳо чӣ суд?
Гар набошад мушкилосонкун касе.
Дӯстонам ифтихори баҳру бар,
Дар ҷаҳони орзуҳо бо мананд.
Пайравонам дар садоқат тоҷи сар,
Дар муҳаббат пойдору бегазанд...
АРМУҒОНИ
ИШҚ БУД
Ҳар чи омад бар сари мо, имтиҳони ишқ буд,
Сарнавиштам бемуҳобо достони ишқ буд.
Ишқи бепоёни инсон мӯҳтавои зиндагист,
Пас ҷаҳони шӯру савдо ормони ишқ буд.
Боғи уммедам агар аз тундбоде шуд хазон,
Гоҳ-гоҳе дури мақсуд армуғони ишқ буд.
Аҳли дилро ҷуз Худо ку муттакое дар ҳаёт,
Васлу ҳиҷрон дӯшбори ҷовидони ишқ буд.
Аз азал одам набуд фориғ зи сӯзу созҳо,
Гоҳ ғамгин, гоҳ шодон дар инони ишқ буд.
Шамси ховар дар суроғи ишқварзон медамид,
Моҳи тобон дар само ҳам посбони ишқ буд.
Сина моломоли дарду доғҳои ин ҷаҳон,
Чашми бедорам ба ёри комрони ишқ буд.