МАКОНИ ҒАЙБАТ, ҒУРБАТ, ҒАФЛАТ ВА ҒОРАТ

Имрӯз интернет ба қисми ҷудонопазири ҳаёти рӯзмарраи мо табдил ёфтааст.

Аввал интернет шабакаи хурде буду зиёда аз сад нафар онро истифода мебурд ва қариб ҳама якдигарро мешинохтанд. Акнун ба як сохтори бузурги хабарӣ табдил ёфтааст, ки миллионҳо нафар тавассути он бо ҳам дар иртиботанд. Бояд гуфт, ки танҳо теъдоди муайяни истифодабарандагон маҳз бо тақозо ва зарурати корӣ аз он истифода бурда, қисми зиёди онҳо барои мулоқот бо дӯстон, тамошои кино ва наворҳои гуногун, дарёфти маълумоти аҷиб, иҷрои бозиҳои ҳархела ба интернет медароянд. Аксарияти истифодабарандагон маданияти истифодаи интернетро намедонанд. Маҳз, ҳамин ҳолат сабаб аст, ки  баъзан шабакаҳои иҷтимоӣ барои мардуми мо ба маскани ғайбат, ғурбат, ғафлат, ғорат ва ғам табдил ёфтааст.
ҒАЙБАТ 

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ одамон маҳз барои мулоқот истифода мебаранд. Ба маъное саҳифаҳои иҷтимоӣ барои мардуми мо, бахусус, бонувон ба маскани ғайбат табдил ёфтааст. Онҳо дар интернет соатҳо дар мусоҳиба мешаванд. Бонувон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дар бораи чӣ суҳбат мекунанд? Албатта, дар бораи рӯзгори ин ё он пайванди оила, хешованд, дугона ё ҳамсояи худ. Дар забони мардум гӯем, бо ғайбат машғул мешаванд. Бояд гуфт, ки сол то сол адади вайроншавии оилаҳои ҷавон меафзояд. Мувофиқи маълумоти суди вилояти Самарқанд доир ба корҳои шаҳрвандӣ дар вилоятамон 3519 нафар шаҳрванд бо масъалаи бекор кардани қайди никоҳ муроҷиат кардааст, ки ин нисбати ҳамин даври соли гузашта зиёд мебошад. Гуфта метавонем, ки барои вайроншавии аксари ин оилаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ низ сабаб шуда истодаанд. Мо мисоли инро дар симои воқеаҳое, ки мешунавем ва бевосита гувоҳ мешавем, диданамон мумкин аст.

ҒУРБАТ 

Шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз ғурбатхона чизи дигаре нест. Онҳоро ба бозори пурғавғо монанд кардан мумкин аст, ки ҳама ба ин ҷо бо савдои худ ворид мешавад ва мекӯшад, ки чизи дилхоҳ ва дархостаи худро аз он “харид” кунад. Мувофиқи маълумотҳо дар як дақиқа 70-80 шабака ва саҳифаҳои нав ба фаъолият оғоз мекунанд. Афсӯс, ки дар ин саҳифаҳои интернет, ки “бозор” ном бурдем, на ҳама “фурӯшандагон” барои “харидорон” “маҳсулоти” босифат ва фоидаоварро пешкаш мекунанд. Ва нуқтаи дардноки дигар он аст, ки аксари “харидорон” низ барои дарёфти “маҳсулот”-и босифату муфид ба ин “бозор” намедароянд. Гоҳо дар ин “бозор” байни одамон ғурбатҳо ба миён меоянд. Дар сари мавзӯъ ва масъалаи назарногиру беаҳамияте муаммо ба миён оварда, то занозаниҳо мераванд. Байни ёру дӯстон, хешовандон низоъ ба миён меояд ва боиси вайроншавии муносибат, косташавии меҳру оқибат мегардад. 

ҒАФЛАТ 

Теъдоди муайяни одамон намедонанд, ки барои чӣ интернет медароянд ва аз он чӣ мехоҳанд? 
Дар интернет, одамоне низ зиёданд, ки маҳз ҷавонони бемақсадро бо суханҳои подарҳаво ба худ тобеъ намуда, ба роҳҳои бад ҳидоят мекунанд ва дар роҳи пиёда кардани мақсадҳои ғаразноки худ онҳоро истифода мебаранд. Назар ба маълумотҳо ҳоло беш аз 90 фоизи ҷавонон чун манбаи асосии ахбор ба интернет муроҷиат мекунанд. Дар ин сохтор қариб 9 ҳазор шабакае ҳаст, ки роҳҳои осони ба ҷон қасд намуданро тарғиб мекунанд. Инчунин, беш аз 4 ҳазор шабакае ҳаст, ки дар худ маводи беҳаёгиро ҷамъ кардаанд. Қариб 49 фоиз бозиҳои интернетӣ бадкорӣ ва бадрафториро тарғиб менамоянд. Шояд дар зери таъсири ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби суди вилояти Самарқанд доир ба корҳои ҷиноӣ нисбати 2665 нафар шаҳрванд 2080 кори ҷиноӣ аз назар гузаронида шудааст. Таассуфовар аст, ки дар ҳамин муддат 269 нафар зану духтарон ва 53 нафар ноболиғон суд шудаанд.  

ҒОРАТ 

Интернет ғоратгар аст. Ғоратгари вақт, ғоратгари умр. Мо то ҳадде пойбанди он гардидаем, ки аз гузашти умри худ парво надорем. Интернет намегузорад, ки аз вай дар канор бошем. Афсӯс, ки аксари ҷавонони мо соатҳо дар сари интернет мешинанд. Агар он соатҳоро барои китобхонӣ, омӯзиши илму дониш сарф кунанд, чӣ хуш буд. Дар ҳамон соатҳо аз интернет мақола ё маводи ҷолибу фоидаовареро мутолиа кунанд, чӣ хушбахтие. Аммо чунин ҷавонон бениҳоят каманд. Қисми зиёди онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳз барои иҷрои бозиҳо, суҳбатҳои бемантиқ, тамошои филмҳои фаҳш, дарёфти маълумотҳои бекора истифода мебаранд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин донишандӯзӣ дар ҳаёти онҳо беаҳамият ва то ҳадде мавқеи худро аз даст додааст. Саволе ба миён меояд: ҷавоне, ки дониши кофӣ надорад ва аз маданияти истифодаи интернет бехабар аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ кор мекунад? 

БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН 

Мегӯем, ки ҳаёти имрӯзаро бидуни мавҷудияти шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Мумкин, ин даъво камтар ҳақиқат дорад, аммо маънои онро надорад, ки он ба ҳаёти ҳамаи мо ворид гардида, ба зиндагонии мо дахл кунад. 
Аз замоне, ки воситаҳои мобилӣ вориди ҳаёти мо гардиданд ва дар зиндагонии мо шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеъ пайдо карданд, адади корҳои ҷиноӣ, низоъ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, дуздӣ зиёд шуд. Дараҷаи дониши ҷавонон паст рафт, ки ин ҳақиқатест талх, вале инкорнашаванда. 
Қарори Девони Вазирон аз 5-уми сентябри соли 2018 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмил додани бехатарии ахбор дар шабакаи интернети ҷаҳонӣ” қабул гардид. Мувофиқи низоми он маҳдудсозии истифодаи захираҳои хабарии интернет дар се зина амалӣ мегардад. Дар зинаи аввал ресурсҳое, ки ахбори манъшуда доранд, муайян мегарданд ва дар зинаи дувум онҳо ба Реестри захираҳои ахбор дохил карда мешаванд. Дар зинаи сеюм аз ҷониби органи ваколатдор – Вазорати ривоҷдиҳии технологияҳои ахбор ва коммуникатсия доир ба маҳдудсозии захираҳои ахбори шабакаи интернет тадбирҳо ташкил карда мешаванд. 
Умед дорем, ки бо таъмини иҷрои талаботи қарор дар шабакаҳои иҷтимоӣ тартиби муайян барқарор мешавад ва аз ҳама муҳимаш фарзандонамонро худамон тарбия карда, аз ҳар гуна ғояҳои вайронкор ҳимоя месозем.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: