«МАКОНИ МАТЕМАТИКҲО» МАКТАБИ ТОҶИКӢ ҲАМ БУДА МЕТАВОНАД

Тоҷикон таърих ва забони куҳан доранд.

Тоҷикон таърих ва забони куҳан доранд. Ин ҳақиқати мондагорро касе инкор намекунад. Онҳо фарҳанг ва маданияти оламшумул доранд, ки аз маърифаташон натанҳо мардуми Шарқ, балки ҷаҳониён дар он замина маърифати хешро ташаккул додаанд. Мардуми кӯчӣ аз зиндагии муқимии онҳо сабақ гирифта ва урфу одати созандаю бунёдкории мардуми таҳҷойиро пайравӣ намуда, худ низ муқим шуда, фарҳанг ва забони эшонро омӯхта ва дар ин замина фарҳанг ва забони худро ташаккул ва такомул додаанд. Намояндагони ин мардуми кӯчӣ адабиёт ва фарҳанг офаридаанд.
Давраи сеюми ташаккулёбии забони порсии тоҷикӣ дар марзи Мовароуннаҳр рух дода, сипас дар Эрону марзҳои дигар арзи вуҷуд кард. Ин ҳодисаи таърихиро қомусҳои дерин ва олимони Мовароуннаҳру Эрон тадқиқ ва эътироф кардаанд. Ба рушду нумӯи минбаъдаи ин забон истилои Мовароуннаҳр аз ҷониби муғулҳо (Чингизхон) ва сиёсати пасомадони онҳо бетаъсир набуд. Воқеаҳои сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоии минтақа дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX ба ташаккул ва худшиносии тоҷикон беш аз пеш таъсир намуд. Дар чунин вазъият ҳам забони форсии тоҷикӣ дар аморат ва қисман дар хонигариҳо забони коргузорӣ буд. Донистани ”Забони Бухоро”-ро шараф ва боиси ифтихор медонистанд бошандагони Осиёи Миёна. Таълиму тарбия дар мактабу  мадрасаҳо то ибтидои асри ХХ асосан ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ пеш бурда мешуд.
Чанде пеш “Муҳимтарин мизон – таълими хушсифат” (“Овози тоҷик”, 17 марти соли 2021) ном мақолаи М. Шодиевро мутолиа намудам. Муаллиф навиштааст: “Қисми асосии хонандагони мактабҳо, яъне 5 миллиону 351,1 ҳазор нафари онҳо ба забони давлатӣ таҳсил менамоянд. Миқдори умумии донишандӯзоне, ки бо забони қароқалпоқӣ таҳсил доранд, 126,5 ҳазор нафаранд.
Дар муассисаҳои таълимӣ ба забони русӣ 642,5 ҳазор нафар мехонанд. Назар ба маълумотҳое, ки қайд ёфтаанд, 69,4 ҳазор нафар толибони илм дар мактабҳо ба тоҷикӣ таҳсил мегирифтаанду халос. Кас намедонад ба ин рақамҳо бовар кунад ё не. Охир дар Ӯзбекистон тоҷикон аз ҷиҳати нуфус ҷои дуюмро ташкил менамоянд”.
Ба тааҷҷуб омадан ва хулосаи М. Шодиев мантиқӣ аст. М. Шодиев менависад, ки тӯли 50 соли охир дар як қатор вилоятҳои ҷумҳурӣ мактабҳои тоҷикӣ баста шуданд. Вилояти Навоӣ низ аз ин ҷараён дар канор нест. Мактаби ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар деҳаи Арабсарои ноҳияи Навбаҳор ба дигар забон гардонида шуд. Мактаби овозадор буд ва дар вилоят яке аз калонтарин мактабҳо ба шумор мерафт. Чунин сарнавишт ба сари мактабҳои тоҷикии Нурато низ омада буд. Бо даву тоз ва талоши баъзе аз равшанфикрон пеши ин ҳодисаи номақбул гирифта шуд.
Курсинишинон даъво доранд, ки бо “хоҳиши падару модарон” ба ин кор даст задаанд. Гӯё касе тоҷикӣ хонад, ба донишгоҳҳо дохил шуда наметавонад. Ин андеша низ сохтакории маҳз аст. Барои тақвияти фикр чанд мисол: 
Ҳар сол 40-50 фоизи хонандагони ду мактаби тоҷикии Каттасойи ноҳияамон ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Соли равон 50 фоиз хонандагони мактаби рақами 30 ба донишгоҳҳои кишвар, 40 фоиз ба донишгоҳҳои хориҷӣ, ҷамъ 90 фоизи хонандагон донишҷӯ гардиданд.
Онҳое, ки солҳои истиқлолият мактабро ба забони тоҷикӣ хатм намудаанд, кишвари моро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Хатмкардаи мактаби рақами 43-юми ноҳия Шореҳ Орзумуродов 13 медали тилло ва нуқраи озмунҳои байналхалқиро аз фанни математика ба Ӯзбекистон овардааст;
хатмкардаи ҳамин мактаб Восеъ Ҳусинов дар озмуни байналхалқии Менделеев ғолиб омад;
собиқ хонандаи мактаби рақами 30 Ҷовид Раҳмонов рисолаи доктори илмҳои техникиро дар Италия дифоъ намуда, ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Чикагои ИМА фаъолияти илмӣ дорад.
Имрӯз даҳҳо нафар хатмкардагони мактабҳои номбурда дар бахши бакалавр ва магистратураи донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва хориҷ аз он таҳсил доранд. Ин ду мактаб дар вилоят чун ”Макони математикҳо” ном баровардааст.
Ноҳияи Нурато 58 мактаб дорад, аз он ҳама танҳо дар панҷ мактаб таълим ба забони тоҷикӣ мебошаду дар ду мактаб таълим ба забони қазоқӣ. Солҳои охир чунин дастовардҳоро аз хатмкунандагони дигар мактабҳои ноҳия нашунидаем, ҳарчанд бо ҳам робитаи қавӣ дорем. 
Ҳақ аст М.Шодиев: “Ҳазорҳо хатмкардагони мактабҳои тоҷикӣ дараҷаи баланди илмӣ доранд, дар идораҳои бонуфуз кор мекунанд, кайҳо шахсони шинохта шудаанд”. Мо ин ҷо танҳо дар мисоли ду мактаби тоҷикӣ сухан рондем, мегӯянд, ки саросари ҷумҳурӣ дар ҳудуди 250 мактаби тоҷикӣ ва омехта ба тоҷикӣ мавҷуд аст. Зиёданд мактабҳо чун ду мактаби номбурда. “Дастовардҳои олими ҷавон” (“Овози тоҷик”, 28 июли соли 2021) ном мақолаи Олим Панҷизода далели боэътимод аст андешаҳои фавқро.
Ислоҳот дар соҳаи таълим амалӣ мегарданд. Дар 4-5 соли охир эътибор ба ҷавонон боз ҳам афзуд. Барои камолоти ҷавонон ҳама гуна имконот ва шароит муҳайё мегардад. Ин гуна сиёсати давлатиро ҷавонон хуш пазируфтаанд. Дар бахшҳои тоҷикии донишгоҳҳо ҷорӣ гардидани тест зимни дохилшавӣ нур болои нур буд, шаффофият таъмин гардид. Муаммои дигар моро водори андеша намудааст. Мегӯянд, ки бародари ман бошӣ, баробари ман бош. Ҷавонони тоҷик зимни дохилшавӣ ба донишгоҳҳои тиббиву техникӣ имтиҳонотро ба забони давлатӣ месупоранд. Набояд фаромӯш кард, забондонӣ дигар аст, забони илм дигар. Истилоҳоти фаннӣ аз ҳам тафовут доранд.  На ҳар як хонандаи мактабӣ истилоҳоти фанниро аз бар карда метавонад. Мехостем, ки барои хонандагони мактабҳои ғайриӯзбекӣ тести дохилшавӣ ба забони онҳо тартиб дода шавад. Пас аз дохилшавӣ онҳо метавонанд ба забони дилхоҳ таҳсил намоянд. 
Имрӯз сафи мактабҳои эҷодӣ ба забони давлатӣ хеле афзудааст. Ба забони қароқалпоқӣ ҳам чунин мактаби эҷодӣ таъсис ёфтааст. Чун дар кишвар ба ҳафт забон сабақ дода мешавад, чаро чунин мактабҳоро ба забонҳои дигар таъсис додан мумкин нест? Дар мамлакат барои ҳифз кардан ва инкишоф додани забон, адабиёт, урфу одат тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. Чӣ хуб мешуд дар Бухоро ё Самарқанд мактаби эҷодии ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад. Мактаби эҷодии С. Айнӣ метавонад ба эҷодкорони ҷавон таҷрибаи С. Айнию С. Улуғзода, М. Турсунзодаю М. Қаноат ва Л. Шералию Бозор Собирҳоро омӯзонад. Чун қайд намудем, сафи эҷодкорон ба забони тоҷикӣ хеле афзудааст. Дар ҳаллу фасли ин масъала Маркази фарҳангӣ-мадании тоҷикони ҷумҳурӣ ва бахшҳои вилоятиву шаҳрӣ бояд саҳмгузор бошанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: