Мактаби мо таърихи худро дорад ва дар ноҳияи Сайҳунобод яке аз ду мактабе ба шумор меравад, ки таълим пурра бо забони тоҷикӣ аст.
Тӯли солҳо дар ин маскани муқаддас омӯзгорони ботаҷриба шогирдони зиёдро тарбия кардаанд, ки аз байни онҳо намояндагони бузурги илму фан ба камол расида, баҳри рушди давлат, тараққиёти фарҳанг, фаровонии рӯзгори мардум саҳм гузоштаанд.
Ҳоло дар мактаби мо 167 нафар хонанда таҳсил мегиранд, ки ба онҳо беш аз 20 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
Дар мактаб аз рӯйи самтҳои мусиқӣ, технологияи ахбор, варзиш, фанҳои аниқу табиӣ ва ҳунармандӣ фаъолияти маҳфилҳо ба роҳ монда шудааст.
Боиси эътироф аст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 ҷамъ 7 нафар хонанда синфи ёздаҳумро хатм карданд ва аз онҳо 4 нафар донишҷӯи муассисаҳои таълими олӣ гардиданд. Ин нишондод нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар аст. Чунки дар рейтинги миллӣ мактаби мо миёни мактабҳои вилояти Сирдарё ҷойи шашумро ва дар миқёси ноҳия мақоми якумро ишғол кард.
Инчунин, як гурӯҳ донишомӯзон дар зинаҳои ҳудудии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. Аз ҷумла, хонандаи мактаб Зерда Иваздотова дар зинаи вилоятии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи сеюмро соҳиб гардида, аз ҷониби шуъбаи таълими халқ бо 900 ҳазор сӯм мукофотпулӣ сарфароз гардонда шуд.
Донишомӯзи мактаб Ашурбек Раупов бошад, аз фанни математика дар зинаҳои ҳудудӣ иштирок карда, ҷойи ифтихориро ба даст овард.
Таҳти ташаббуси директор Исмат Мирзоев бобати беҳсозии сифати таълим, афзунсозии теъдоди донишомӯзони аълохон, беҳтар кардани самаранокии муаллимон чорабиниҳои муҳим амалӣ мешавад.
Дар мамлакатамон эътибор ба муаллим ва мураббиён меафзояд. Маоши кормандони соҳа бамаротиб зиёд шуда, барои омӯзгорон имтиёзҳои зиёд роҳандозӣ ва имкониятҳо фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, гирифтани тоифа хеле сода карда шуд. Акнун омӯзгорон метавонанд вақти дилхоҳ барои гирифтани тоифа аз санҷиш гузаранд. Омӯзгорони мо низ дар санҷишҳо барои гирифтани тоифа ба таври ғайринавбатӣ иштирок карда, натиҷаҳои назаррасро ба даст меоранд, ки ин аз масъулиятшиносии муаллимон далолат медиҳад.
Рауф РАУФОВ,
омӯзгори мактаби рақами 19-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.