Мактаби миёнаи рақами 7-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қӯрғони Вардонзе-и ноҳияи Шофиркон яке аз таълимгоҳҳои деринаи ноҳия ба шумор рафта, он соли 1920 дар қалъаи кӯҳнаи Вардонзе дар ҳавлии мударрис Абдулло-махсум созмон ёфта, баъди қалъаро тарк кардани сокинонаш вай низ ҳамроҳи онҳо ба маскани навобод кӯчид.
Мактаб фаъолияташро солҳои тӯлонӣ дар бинои чӯбкорӣ давом дода, ниҳоят соли 1984 соҳиби бинои дуошёнаи замонавӣ гардид.
Дар ин ҷо то соли 2010 таълим ба забони тоҷикӣ буд. Бинои мактаб тақрибан 7-8 сол муқаддам аз таъмири асосӣ баромада бошад ҳам, соли ҷорӣ бо шарофати шомили барномаи «Деҳаи обод» гардидани «Қӯрғони Вардонзе» боз таъмиру таҷдид ёфт. Дар натиҷа, дару тирезаҳояш пурра нав гардида, даруну беруни бино бо гилу семент сайқал ёфт. Барои ин бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зиё Шаҳриёр қурилиш» масъулиятшиносона меҳнат карда, ба андозаи 2 миллиарду 300 миллион сӯм маҷмӯи корҳоро ба сомон расонданд.
Баробари саршавии соли хониши нав маросими тантанавии ба фаъолият оғозкунии таълимгоҳ ва таҷлили Иди дониш ба амал омад. Ба маросим дар қатори омӯзгорону шогирдони мактаб роҳбарони секторҳои ноҳия, фаъолони маҳалла, падару модарону меҳмонони зиёд ташриф оварданд. Дар фазо суруди миллӣ – Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон танин андохт. Ҳокими ноҳия Ҷамшед Шарофов ва дигарон ҷамоаи мактаб ва ҷамъомадагонро бо 31-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон, инъоми навбатии давлатӣ – бинои дилкаши мукаммалтаҷдидёфтаи мактаб ва Рӯзи дониш табрику муборакбод намуда, баҳри фатҳи қуллаҳои баланди илм ба онҳо комёбиҳо орзу карданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.