МАКТАБ ЗАВОДЕСТ, КИ МИЛЛАТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД

Насли мо дар мактабҳои типи нави шӯравӣ таҳсил кардааст, ки ба солҳои 60-уми қарни сипаригардида рост меояд.

Паёпай нақшҳои тоза резад,
Ба як сурат қарори зиндагӣ нест.
Агар имрӯзи ту тасвири дӯш аст,
Ба хоки ту шарори зиндагӣ нест.
Муҳаммад Иқболи ЛОҲУРӢ
Насли мо дар мактабҳои типи нави шӯравӣ таҳсил кардааст, ки ба солҳои 60-уми қарни сипаригардида рост меояд. Саҳифаҳои кутуби дарсии он аҳд аз сурату номи Ленин пур буд. «Ленин бародар раҳнамо» барин шеърҳоро  хонандагон, бино ба супориши омӯзгор, ҳифз мекарданд ва бо садои баланд мехонданд. Мардум дар он аҳд «ҷамъияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ» месохт. Вале бояд эътироф кард, ки дар он Иттиҳоди бузург даргирӣ, низоъҳои милливу байнисарҳадӣ набуданд, мушкили бекорӣ ва тангии иқтисодӣ вуҷуд надошт. 
Дар мактабҳо, дар баробари забон ва адабиёти миллӣ, таърих, фанҳои дақиқу табиӣ ва забонҳои хориҷӣ омӯзонда мешуданд. Вале пӯшида нест, ки таърихи миллатҳои ғайрирус дар барномаҳои таълимӣ басе фишурда омӯзонда мешуд, ки ин кор теша ба решаи худшиносии миллӣ мезад. Зеро таърих аст, ки дар торикистони зиндагӣ миллатро ба манзили худшиносиву худошиносӣ раҳнамун месозад. Мо аз кутуби таърихи он аҳд дар бораи Пётри I бисёр медонистему аммо аз давлатдорӣ ва корномаҳои Исмоили Сомонӣ хабар надоштем. Ба гӯшаи хаёламон намеомад, ки агар насли ҷавон таърихи дуру наздики худро донад, аз дастовардҳои аҷдод рӯҳбаланд мегардад ва бурду бохтҳои миллат барояш дарси ибрат мегарданд. 
Дар ибтидои садаи ХХ ҷадидон ва маорифпарварони Осиёи Марказӣ ҷонибдори таъсиси мактабҳои типи нав дар минтақа буданд. Барномаҳои таълимии онҳо таълими илмҳои диниро низ фаро гирифта буд. Мехостанд, ки дар мактабҳо, дар баробари илмҳои динӣ, илмҳои дақиқу табиӣ низ омӯзонда шаванд. Вале дертар сиёсати бехудоӣ нагузошт, ки орзуҳои онҳо пиёда гардад. Ҳарчанд тақводорони шӯравӣ дар хонаҳо намози панҷгонаи худро мегузоштанд, рӯза медоштанд, аммо мактаб аз дин ҷудо буд. Ин аст, ки бар асари дур шудан аз маърифати динӣ пояҳои маънавияти халқ суст гардид, ҳалолу ҳаром бо ҳам даромехт, арзишҳои миллӣ поймол гардид, ҷойи адолати иҷтимоиро, баъзан, зӯроварӣ гирифт... Аз миллат сурат монда, сират қариб ки аз байн рафта буд.
Барилова, қонунгузории аҳди шӯравӣ гӯшзад мекард, ки забони таълимро падару модарон интихоб менамоянд. Он қонун имрӯз низ дар мо амал менамояд... 
Ёдам ҳаст, дар аҳди шӯравӣ (имрӯз низ) баъзе падару модарон барои «одам шудан» («одам шудан» ба маънои дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил гирифта, соҳиби ихтисос гардидан ва дар зиндагӣ мақоми худро пайдо кардан бошад) фарзандони худро ба мактабҳои русӣ медоданд. Аммо мактабҳои русӣ, дар баробари «одам кардан»-и фарзандон, онҳоро аз урфу одат ва арзишҳои миллӣ маҳрум месохт. Табиат, феълу хӯй ва тафаккури фарзандон табиат,  феълу хӯй ва тафаккури миллӣ набуд. Яъне, онҳо ба маҳсулот—инсонҳое табдил меёфтанд, ки мактабҳои  (завод) русӣ истеҳсол кардаанд. Аз гӯйиш ва савту сурудҳои тоҷикӣ хушашон намеомад, рафтору кирдорашон низ махсусияти миллӣ надошт... Ин ҷо ибораи мактаб-завод ба кор бурда шуд. Хонанда бояд дарк намояд, ки роқими ин сатрҳо мактабро ба завод ва хонандаро ба маҳсулоте, ки завод истеҳсол менамояд монанд кардааст. Воқеан, сиришти инсонро мактаб ташаккул медиҳад. 
Даҳ сол қабл, бино ба даъвати маъмурияти яке аз мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонии ноҳияи Сайҳунобод дар чорабинии адабие ширкат ҷуста будам. Пеш аз оғози чорабинӣ ҳамроҳи директор аз синфхонаҳои фаннӣ дидан кардем. Ғайриинтизор дар девори роҳрав ва баъзе синфхонаҳо чашм ба овезаҳое афтод, ки бо забони ӯзбекӣ  навишта шудаанд. Ҳайрон шудам ва дар худ андешидам: «Деҳа тоҷикнишин, мактаб тоҷикӣ, вале деворовезаҳо чаро ба забони ӯзбекиянд? Давлати шӯравӣ, ҳарчанд фарҳангзудоӣ мекард, вале рухсат дода буд, ки дар мактабҳои миллӣ деворовезаҳо ба забонҳои миллӣ навишта шаванд». Аз роҳбари мактаб сабаби ин навигариро пурсидам. Гуфт, ки бо «ташаббус»-и падару модарон имсол дар мактаб як синфи ӯзбекӣ кушодем. Мардум аз ояндаи фарзандони худ меандешанд. 
Сабаб пеш меоранд, ки сарҳадҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон баста шуданд, барилова, гӯё дипломҳои муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон  ба кор намеомадаанд, китобҳои дарсии тоҷикӣ дастнорасанд, фарзандонашон бояд дар мактабҳои олӣ хонда «одам шаванд»... 
Дертар бино ба хату хабарҳое, ки ба рӯзнома мерасиданд, маълум шуд, ки хурӯс дар ҳамаи мавзеъҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ як хел ҷеғ зада истода будааст. Дар дигар минтақаҳо низ «ташаббускорон» ба кор шурӯъ карда будаанд. 
Ба қарибӣ бо як омӯзгори забон ва адабиёти мактаби тоҷикии ноҳияи мазкур суҳбат доштам. Бо таассуф гуфт, ки ҷамъ кардани хонандагон ба синфи тоҷикӣ сол аз сол душвор мегардад. Дар соли охири хониш даҳ нафар хонандаро ба синфи тоҷикӣ бо азоби алим ҷалб кардаанд...
Инҷониб ба мушоҳида гирифтаам: фарзандоне, ки бино ба хоҳиши падару модар, дар мактабҳои ӯзбекӣ таҳсил гирифтаанд, аз гуйиши тоҷикӣ на он қадар хушашон меояд, табрикоташон дар базмҳои хурду бузург ба забони ӯзбекӣ сурат мегирад, таърихи миллати худро намедонанд, вақте аз ҳуввият ва худшиносию худогоҳии миллӣ сухан ба миён меоваред, ба танг меоянд...  
Фикр мекунам, танҳо сурати онҳо тоҷик аст. Вақте дар ҳузурашон шеъри  тоҷикӣ мехонед, чунин ба назар мерасад, ки шеъри миллати бегонаро мешунаванд. Пас, онҳоро наметавон тоҷик номид. Магар ин марги миллат нест? Чӣ кунем, ҳамааш бино ба хоҳиши падару модарон сурат мегирад. Қонун роҳ намедиҳад, ки ба онҳо бигӯед: «Ҳой мардум, чашматонро кушоед, фарзандонатонро ба мактабҳои тоҷикӣ диҳед, вагарна теша ба решаи миллат хоҳед зад!». 
Аксарият медонанд, ки дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона саросар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Рӯзгоре дар он ҷо низ «ташаббускорон»-и дар гуруҳҳои ӯзбекӣ хонондани фарзандон буданд. Вале имрӯз падару модарон хатои худро ислоҳ мекунанд, фарзандонашонро ба мактаб-заводҳои тоҷикӣ месупоранд. Бино ба маълумоти Маркази фарҳанги тоҷикони ҷумҳурӣ аз соли хониши нав дар мактабҳои олии Ӯзбекистон тестҳои қабул ба забони тоҷикӣ низ ҷорӣ карда мешудаанд. Дар вилояти Сурхондарё низ бино ба талабу дархости зиёиён ва падару модарон дари синфҳои тоҷикӣ аз нав кушода мешаванд...
Дар пойтахт — шаҳри азим кам нестанд бошандагоне, ки аҷдоди дуру наздикашон дар асл тоҷиканду худ тоҷикӣ ҳарф зада наметавонанд. Як мисоли равшан. Чанд сол қабл дар дафтари корӣ ду нафар саргарми кор будем. Дар хонаи шафат ходимони рӯзномаи «Меҳригиё», ки сармуҳаррираш шодравон, нависанда Мақсуд Қориев буд, кор мекарданд. Зане тақрибан 50-сола вориди дафтари кории мо гардида, баъди маъзарат хостан, изҳор дошт: «Мақсуд Қориевич пайи коре рафта будаанд. Мешавад то омаданашон ин ҷо мунтазир бошам?»
— Чаро не, — гуфтем бо лутф, — марҳамат!
Зан рӯйи курсии холӣ нишаст. Ва баъди ҳолпурсӣ суол кард:
— Шумо низ дар «Меҳригиё» кор мекунед? 
— Не, — гуфт ҳамхонаам, — мо ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳастем.
— Пас, шумо тоҷик ҳастед?— гуфт зан. — Аҷдоди мо низ тоҷиканд. Таассуф, мо тоҷикӣ ҳарф зада наметавонем. Дар поёни суҳбат ӯ изҳор дошт, ки хоҳари яке аз шоирони номии ӯзбек аст...
Ҳаммиллатони азиз, далериву шуҷоат ва нангу номуси миллиро аз даст надиҳед, коре накунед, ки дари мактабҳои тоҷикӣ баста шаванд. Ояндаи  шумо дар дасти шумост. Нек биандешед, мо бо хоҳишу иродаи худ дари мактабҳои тоҷикиро бандем, дар оянда шоҳкориҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, ки дили оламиёнро тасхир намудаанд, бехонанда намемонанд? Шояд наслҳои оянда онҳоро дар тарҷума хонанд, вале аз нафосати онҳо, ки дар аслашон маҳфуз аст, кӣ баҳра мебардорад? Ин мабод, ки баъди сад сол наслҳои мову шумо бо тоҷике тавассути тарҷумон табодули афкор намуда, гӯянд: «Гузаштагони мо низ тоҷик буданд».

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: