МАКТАББАЧАИ ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ УМУМИҶАҲОНӢ ҒОЛИБ ШУД

Ҳамватани мо Райёна Иброҳимова дар давраи ниҳоии Олимпиадаи умумиҷаҳонии забони немисӣ, ки дар шаҳри Гёттенгени Олмон баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард.

15-22 июл хонандаи мактаби 4-уми шаҳри Андиҷон Райёна Иброҳимова дар олимпиадаи калонтарин аз забони немисӣ, ки бо иштироки зиёда аз 100 нафар донишандӯзони синну солашон аз 14 то 17-солаи 62 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ҳамаи марҳилаҳоро бомуваффақият анҷом дода, дар сатҳи мувофиқ сазовори ҷойи аввал гардид.
Ғолибони олимпиада таҳти шиори «Бо мо бимонед! Ояндаро бо ёрии дониш бунёд намоед» дар сатҳҳои дахлдори забонӣ якҷоя бо ҳамватанамон Маҳек Хон (Бангладеш) ва Ана Котевска (Македонияи Шимолӣ) гардиданд. 
Дар озмуни байналмилалӣ натанҳо дониши забони немисӣ, балки салоҳияти байнифарҳангӣ, қобилияти кор дар даста ва эҷодкорӣ баҳогузорӣ шуд. 
Қобили зикр аст, ки Олимпиадаи умумиҷаҳонии забони немисӣ «IDO» дар ду сол як маротиба аз ҷониби Донишкадаи Гёте дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забони немисӣ ташкил карда мешавад. 
IDO-2024 таҳти сарпарастии шаҳрдори Гёттинген Пётр Бройстедт дар ҳамкории зич бо Осорхонаи дониш ва Форуми дониши Донишгоҳи Гёттинген баргузор шуд.
Донишҷӯёнро ботаҷрибатарин омӯзгорони забони немисӣ аз кишварҳои худ ҳамроҳӣ мекарданд. Дар рафти олимпиада барои омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ оид ба технологияҳои навтарини педагогӣ дар соҳаи таълими забони немисӣ ҳамчун забони хориҷӣ ташкил карда шуданд. 
Сафорати кишварамон ҳамватанамон ва омӯзгори ӯро бо муваффақият дар Олимпиадаи ҷаҳонии забони немисӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи таълимӣ ва касбиашон комёбиҳо таманно намуд. 
Олимпиадаи ҷаҳонии забони немисӣ бори нахуст соли 2008 дар Дрезден баргузор шуда буд ва баъдан дар ҳар ду сол як маротиба дар шаҳрҳое, ки Донишкадаи Гёте дар Олмон ҷойгир аст, баргузор мешавад. Олимпиада аллакай дар Берлин, Гамбург, Франкфурти назди Майн ва Фрайбурд баргузор шуда буд. 

АИ «Дунё», 
БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: