МАКТАБИ БАЙНАЛХАЛҚӢ – ДАР БИНОИ НАВ

Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл дар соли хониши нав фаъолияти худро дар бинои нав оғоз кард.

Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл дар соли хониши нав фаъолияти худро  дар бинои нав оғоз кард. Ин таълимгоҳро, ки пойдеворашро раҳматӣ Тӯхтамурод Ҷумъаев гузошта буд, берун аз ҳудуди мамлакат низ хуб медонанд. Зеро шогирдони ин мактаб дар озмунҳои байналхалқӣ бомуваффақият иштирок карда ба гирифтани 4  медали тиллоӣ, 7 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ноил гаштаанд. Соҳибони Мукофоти давлатии ба номи Зулфия Нафосат Ҷӯрабекова, Севара Остонова ва ҷавонони соҳибистеъдод Дониёр Исмоилов ва Анварбек Раҳматов, ки ба Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сазовор шудаанд, дастпарварони ҳамин даргоҳ ба шумор мераванд.
8-10 январи соли хониши гузашта дар озмуни масофавии байналхалқии  Жаутикови Қазоқистон аз фанҳои математика, физика, информатика ва технологияи ахбор дар қатори намояндагони 21  мамлакат 14 нафар талабагони ӯзбекистонӣ низ иштирок намуда, соҳиби 14  медал (1 тилло, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ) шуда буданд. 4 нафар шогирдони қарокӯлӣ аз ҷумлаи ғолиб ва ҷоизадорони ин озмун ба шумор мераванд. Ҳамин тариқа, озмуни VI байналхалқии математикаи Қафқоз, ки моҳи март баргузор гардид, низ барои наврасони қарокӯлӣ хотирмон гузашт. Аз ҷумла шогирди мактаб Олимҷон Олимов соҳиби медали нуқра ва Дониёр Исмоилов ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуд. Инчунин, ҳар дуи онҳо моҳи июл дар озмуни байналхалқии Русия иштирок намуда, Олимҷон Олимов соҳиби медали биринҷӣ ва Дониёр Исмоилов соҳиби дипломи имтиёзнок гардиданд.
Боиси шодмонист, ки се соли охир ба ҳамаи хатмкунандагони Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯл пай дар пай бахти донишҷӯии мактаби олӣ шудан насиб мегардад. Маълум аст, ки мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 9 августи соли 2019 таълимгоҳи математикаи Қарокӯл мақоми Мактаби байналхалқии математикаи Қарокӯлро гирифта буд. Ба ин муносибат бинои коллеҷи собиқи маркази ноҳияро аз таъмири капиталӣ бароварданд ва он ба маҷмӯи ҳаматарафа қулайи илмомӯзӣ табдил ёфт. Бинокорони корхонаи «Шарқ плюс» дар ин бобат хидмати арзанда карданд. Барои табъи дил омода сохтани таълимгоҳи нав бештар аз 45 миллиард сӯм маблағи давлат мувофиқи «Барномаи сармоя» харҷ гардид.
– Бинои нав барои 720 нафар талаба бунёд гардида, вай дорои хобгоҳ (320  ҷой), китобхона, осорхона, маҷлисгоҳ ва меҳмонхона (барои 50 нафар) аст, – мегӯяд  директори мактаб, соҳиби ордени «Меҳнат шӯҳрати» Темур Рӯҳиев. – Талабагон дар ин ҷо дар се равия: техника (математика, физика); иқтисодиёт (математика, забони англисӣ) ва фанҳои табиатшиносӣ (кимиё, биология) таълим мегиранд, – илова намуд вай.
3 сентябри соли ҷорӣ дар ин ҷо маросими тантанавии ба истифода супурдани бинои нав ба амал омад. Дар он мутасаддиён, роҳбарон, меҳмонону мизбонони зиёд иштирок карданд. Ҳокими вилоят Ботир Зарипов ҷамоаи мактаб, падару модарон, иштироккунандагони тадбирро бо 30-солагии истиқлолияти давлатии  Ӯзбекистон ва ғамхории навбатӣ – туҳфаи муносиби давлат ба талабагони соҳибистеъдод муборакбод намуда, ба фаъолияти самараноки минбаъдаи онҳо комёбиҳо орзу кард. Дар маросим инчунин, собиқадори меҳнат Р. Ниёзов, ҷонишини сардори садорати дастгирии маҳалла ва оила С. Ҳусенов, узви Сенати Олий Маҷлис А. Ҳусенова, соҳиби Мукофоти давлатии ба номи Зулфия С. Остонова низ ба сухан баромаданд. Сипас ба ғолибони озмунҳо, пешқадамони таълиму тарбия, омӯзгорону роҳбарони мактаб туҳфаҳо супурданд. Ниҳоят, баъди бурида шудани лента ҳозирони тадбир вориди таълимгоҳ гардида, бо имкониятҳои таълимгоҳи нав  шинос шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: