Гулдӯзӣ аз муҳимтарин ҳунарҳои дастии халқҳои Осиёи Марказӣ буда, акси воқеии дарки муҳит ва тахайюлоти санъати тасвирии ҳунармандони моҳиру тарроҳон ба шумор меравад.
Директори осорхонаи устод Садриддин Айнӣ, мусоҳиби мо Амриддин Пӯлодӣ солҳои тӯлонӣ бо омӯзиши таърих ва пайдоиши ин ҳунари волову ҷолиби диққати ниёгон машғул аст.
– Ҳанӯз аз замонҳои қадим гулдӯзӣ ҳамчун ҳунари хонаводагӣ пайдо шуда, тадриҷан, ба шарофати халлоқияти фитрӣ ва истеъдоди Худододи намояндагони ин касб, ба санъати бемисл мубаддал гардид, – мегӯяд мусоҳибам Амриддин Самариддинович. – Композитсияҳои зебову ба худ хос, услуби маҳину нафиси дарз ва таносуби нақшу нигорҳо, ин санъатро аз навъҳои дигари ҳунар тафриқа мебахшанд.
Дар ҷараёни тадқиқот ба мо муяссар гардид, ки бо беш аз 100 намуди гулдӯзӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, болинпӯш, рӯйиҷо, ҷойнамоз, қарс, зеби таҳмон, зардевор ва ғайра шинос шавем.
Навъҳои гулдӯзие, ки таҳти омӯзиш қарор гирифтанд, бо зебу ороишоти гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар онҳо маъмултарин намунаҳои гулдӯзиҳои мактабҳои Самарқандро метавон мушоҳида кард.
Маъмулан, тамоми нақшу нигорҳо дар худ шакл ва акси гиёҳу рустаниҳоро таҷассум мекунанд. Барои мисол, ашёи маишӣ ба мисли рафида, корди ош, кафгир дар шакли гул, намунаҳои наботот, ё бутта ифода мешаванд.
Хислати композитсияро нақшу нигори нақшҳои хурдтар мукаммал месозанд.
Дар як композитсия метавонад якчанд дона анор, ё ин ки ғилофаки қаланфур, бодом, ҷузъҳои заргарӣ таҷассум шаванд. Нақшу нигори марказӣ – лолаи кӯҳӣ метавонад бо нигораҳои корд, меваҷот, сабзавот, дар баъзе ҳолат бо нақши оташ, ароба, кафгир, қайчӣ, ё теғча пурра гардад.
Агар чанд навъи гулдузиро дар мисоли сохти композитсионии ҷойнамоз, ки дар асри 19 дӯхта шуда, аз шаш нақши «Чароғ» ва як гулбандинаи болои пештоқ иборат мебошанд, аз назар гузаронем, маълум мешавад, ки тамоми гулдӯзӣ бо хатҳои рост дар шакли «Оба» фаро гирифта шудааст. Нақшу нигори гулдӯзии сӯзанӣ аз як гулбандинаи калон дар марказ бо ситораи чаҳоргӯша иборат аст. Тамоми гулбандина дар шакли нақши «Лола» бо давра иҳота гардида, бо абрешими сиёҳу бунафш ва сабз дӯхта шудааст. Шурӯъ аз дохили давр, ба тамоми самтҳо сурати баргчаҳо мавҷуданд, ки бо абрешими сиёҳу сабз дӯхта шудаанд. Дар ду тарафи гулбандинаи марказӣ ду нақши – «қаланфур» ва «бодом» ҷой дода шудаанд. Қаланфур бо нақши «абри баҳор», яъне бо сурати ҳафтранг, бо рахҳои гуногуни кабуд, зарди қаҳваранг, сабз, зард ва сурхи сиёҳтоб дӯхта шудаанд. Аз думчаи гули рост ба сӯи ҳартараф «гули савсан» ҷойгир аст. Дар миёни нақши «қаланфур», гули савсан нақш шудааст.
Дар ороиши композитсионии гулдӯзиҳои дертари Самарқанд, бештар тасвири нақшу нигор бо рангҳои сиёҳу сурх ба назар мерасад. Ин пайвасткунии рангҳо ва ороиши композитсионӣ дар шакли гулбандинаҳои калони «лола» ба гулдӯзӣ образи азамат ва қатъиятро мебахшад.
– Амриддин Савриддинович, дар асарҳои гулдӯзӣ бештар акси чӣ тасвир ёфтаанд?
– Ҳунармандон дар корҳои худ олами атроф, табиат, ҳайвонот, ашёи маишӣ, шаклҳои геометриро кор фармуда, онҳоро ба нақшҳои афсонавӣ мубаддал месозанд.
Пас аз омӯзиши зиёда аз сад намуди гулдӯзӣ, ки дар хазинаи осорхонаи Самарқанд нигоҳ дошта мешаванд, беш аз ҳаштод гулдӯзӣ бо рангҳои гуногун ошкор шуданд. Онҳоро шартан метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсим намуд.
Нақшҳои олами наботот: «палак нусха», «лола», «сепарра», «қаланфур», «гули себ», «шалғам», «бодом», «маҷнунгул», «ангур», «анор», «сада», «садбарг», «каҷҷак нусха», «шохчаи ҷингила», «савсан» ва ғайра.
Нақшҳои олами ҳайвонот: «гардани шутур», «панҷаи мурғ», «шох», «кабӯтар», «қучқорак», «мори печон», «пойи шугур», «сӯзанак», «тоҷи хурӯс», «турна» ва ғайра.
Нақшҳое, ки ба ашёҳои рӯзгор тааллуқ доранд: «теғча», «лаълӣ», «корди ош», «кӯза», «дандона», «кафгир», «коса», «сандуқ», «қайчӣ», «узангӣ», «рафида», «чароғ», «чорчароғ», «оташароба», «арра», «пашакушак», ва ғайра.
Накшҳое, ки ба оламу табиат тааллуқ доранд: «оба», «қабурға», «моҳ», «абри баҳор», «буғум», «абрӯ», «панҷа», «забонча», «абрӯгӣ», «холак» ва ғайра.
Шаклҳои геометрӣ, ромб, чаҳоркунҷа, давра, доираи тухмшакл, ҳаштрӯя, секунҷа ва хатҳо бо аломатҳои мухталиф.
Пайдоиши нақшҳои мазкур таърихи қадима дорад. Ин нақшҳоро метавон аксар дар аксҳои гуногуни рӯисангӣ, рӯйидеворҳо, либосҳои қадим, санъати минётур ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумӣ мушоҳида кард. Ин бори дигар аз таърихи қадима доштани санъати гулдӯзӣ шаҳодат медиҳад. Фаразан, нақши гулбандинаи «лола нусха» таърихи қадима дорад. Метавон тахмин кард, ки ин нақш маънои офтоб ва давраҳои ҳаётро дошт ва баъдан, бо мурури замон маънои аслии худро тағйир дод. Бо истифода бурдани нақшҳои гуногунмаъно ва гуногуншакл, гулдӯзон тавонистанд, ки композитсияи дӯхти ягонаро тартиб дода, дар натиҷа тасвири комилеро, ки маънӣ ва муҳтавои амиқ дорад, эҷод намоянд.
Умуман гулдӯзӣ чун нишони санъати ороишӣ ҷузъи асосии таърихи Самарқанд мебошад. Дар ибтидо гулдӯзӣ характери таҷрибавӣ дошта, баъдан бо мусоидати истеъдоду нигоҳи эҷодии гулдӯзон, ин маҳорат ба асари санъат мубаддал гардидааст.
Бинобар эътибор ва диққати махсус ба намудҳои санъати мардумӣ, дар солҳои истиқлолият санъати гулдӯзӣ дар мамлакати мо дубора эҳё гардид. Бо такя ба анъанаҳои қадимаи мактаби гулдӯзии Самарқанд, имрӯз гулдӯзонамон гулдӯзиҳои нотакрорро эҷод менамоянд ва маҳсули корашон дар санъати ороишоти ҷаҳон мақоми махсусро сазовор мебошад.
Сӯҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.