МАКТАБИ ИХТИСОСОНИДАШУДА – ДАР БИНОИ НАВ

Дар ноҳияи Шофиркон мактаби ихтисосонидашудаи низоми Агентии муассисаҳои таълими президентӣ созмон ёфта, дар он дар асоси имтиҳонҳои марҳилавӣ барои равияи фанҳои амиқ, табиӣ сабақ меомӯзанд.

Ҳоло дар ин ҷо ба 326 нафар талабагони иқтидорнок 40 нафар омӯзгорони бомаҳорат машғулият мегузаранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки хонандагони ин даргоҳ муваққатан дар бинои дигар таҳсил мегирифтанд. Ниҳоят, онҳо соҳиби бинои замонавии худ гардиданд. Моҳи августи соли гузашта дар бинои сеошёнаи коллеҷи иқтисодиёти собиқ ҷараёни таъмиру корҳои бинокорӣ ба амал омада, баъди харҷи 6 миллиарду 400 миллион сӯм маблағи буҷаи маҳаллӣ бино пурра аз таъмири асосӣ баромад. Ба қарибӣ маросими ба истифода супоридашавии мактаб ба амал омад. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: