МАКТАБИ КУЛОЛГАРИИ РИШТОН

Риштон аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Марказист, ки дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гардида, дар минтақа маъруфтарин маркази ашёҳои сафолин ҳисоб меёбад.

Риштон аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Марказист, ки дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гардида, дар минтақа маъруфтарин маркази ашёҳои сафолин ҳисоб меёбад. Шаҳр то андозае сурххок аст. Номи он, назар ба маълумоти манбаъҳо, аз калимаи суғдии «Раш» («Руш», «Рушӣ») гирифта шуда, маънояш замини сурх мебошад.
Дар Риштон шуҳрат пайдо кардани мактаби хоси кулолгарӣ ба ҳамаамон маълум. Нафисӣ, ҷилодорӣ, сернақшу нигорӣ, ки эътибори бинандаро мекашад, ба кулолгарии Риштон хос мебошад.
Солҳои охир ин мактаб боз ҳам ривоҷ ёфт. Ду сол қабл аз ин дар ин ҷо ҷашнвораи байналхалқии маҳсулоти кулолӣ рӯи кор омад, ки дар он ҳунармандон ва сайёҳон аз кишварҳои гуногуни дунё ширкат доштанд. Иштирокдорон аз Туркия, Озарбойҷон, Фаронса ва ғайра ба мактабҳои устод-шогирд, ки Иброҳимҷон Комилов, Бобоҷон Нишонов, Ҳакимҷон Сатторов, Рустамҷон Усмонов, Тоҳирҷон Ҳайдаров барин кулолҳои дасташон гул ва панҷаашон пури ҳунар офаридаанд, аҳсант  хонданд ва гуфтанд маҳсулоти кулолии ин шаҳр бо дизайн ва нақшҳои табиӣ, хусусан, нақшҳои қаланфурнусха ҷудо шуда меистанд. Ашё ва миниатураҳои кулолии Риштон эътибори сайёҳони хориҷиро ба худ кашида, ба намунаҳои санъате, ки дар ин ҷо офарида мешаванд, талаб торафт меафзояд.
Кулолгарони риштонӣ муваффақ шудаанд ин навъ ҳунармандии мардумиро ба дараҷаи санъат расонанд.
Кулолгарӣ дар кишварҳои гуногун самтҳои ба худ хосро молик. Дар ҷумҳурии мо низ мактабҳои кулолгарӣ дар вилоятҳои ҷудогона бо тарз ва шаклҳои миллию маҳаллиашон ривоҷ меёбанд. Риштониён бошанд ҳазорсолаҳост, ки аз хок ҳар гуна ашё, асбобҳои рӯзгор ва маҳсулоти ороишӣ офарида, имрӯзҳо бо услуби саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро ба тарзи замонавӣ ба роҳ мегузоранд.
Яке аз устодони касб Равшан Тоҷиддинов буда, 30 сол инҷониб дар соҳа заҳмат мекашад. Вай дар ин муддат якчанд шогирд баровард ва ба мактаби устодӣ-шогирдӣ мазмуни тоза бахшид. Дар корхонаи истеҳсолии «Корандо», ки Р.Тоҷиддинов асос гузоштааст, асосан ҷавононе меҳнат мекунанд, ки ояндаи мактаби кулолгарии Риштонанд. Аъзои хонадон низ аз ҷумла кулолгар. Узви ин оила Кимёхон Қодирова мегӯяд, бобо ва падарам кулол бошанд, ман ва фарзандонам силсиларо идома бахшида, маҳсулоти хушсифати кулолӣ мебарорем ва онро ба бештар аз 10 кишвари хориҷӣ экспорт менамоем. Бо таъсиси корхона 70 нафарро ба кор таъмин сохтем. Ташкили кор бо шогирдон хуб ташкил карда шудааст. Мактабиён ба корхонаамон саёҳатҳои истеҳсолӣ ташкил сохта, ба тарзи кори мо, ки аз гил гӯё мӯъҷиза меофарем, аз наздик шинос мешаванд. Толибилмоне, ки ба оянда кулол шудан майл доранд ва санъату ҳунари бобоиро давом доданианд, торафт меафзоянд. Ҷуз ин бештар аз 300 нафар дар хонадони худ истода, яъне бо усули хонакорӣ бо мо ҳамкорӣ менамоянд. Шубҳае нест, хурдсолон низ дар хонадонҳо ба калонсолҳо ёрмандӣ сохта ва ба нахустин нишонаҳои ҳунари кулолгарӣ то андозае ошно мешаванд.
Зимнан, музейи корхонаи зикршуда ба рӯихати ЮНЕСКО дохил шудааст. Умед аст аз ҳисоби мактабиёне, ки ин осорхонаро дидан мекунанд ва таълим аз устодону мураббиҳо мегиранд, оянда дар боз ҳам ташаккул ёфтани мактаби кулолгарии Риштон саҳм мегузоранд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Муаллимаам
Маро кӣ бо навозиш,
Бурд ба даргоҳи илм?
Дод ба дастам китоб,
Дод нишон роҳи илм?
Ӯст муаллимаам,
Ӯст муаллимаам.

Дар оғӯши дабистон
Кӣ ӯст бар кашидам?
Бо нигаҳи модарӣ
Гуфт, ки «нури дидам?»
Ӯст муаллимаам,
Ӯст муаллимаам!

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: