МАКТАБИ МАҲОРАТ – МАКТАБИ МАРДОНАГӢ

Аз тарафи сарвари давлатамон барои ҳамаҷониба омодагӣ дидан ба бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, ки дар пойтахти Ҷопон – Токио баргузор гардид, ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуда буд.

Аз тарафи сарвари давлатамон барои ҳамаҷониба омодагӣ дидан ба бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, ки дар пойтахти Ҷопон – Токио баргузор гардид, ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуда буд. Ба туфайли ин ғамхорӣ варзишгаронамон ба Ватан бо медалҳо баргаштанд. Ба ин мусобиқаи бонуфузе, ки дар чор сол як маротиба баргузор мегардад, аз вилояти Намангон дар олимпӣ 6 нафар, дар паралимпӣ 3 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Аз ҷумла нишондодҳои паралимпичиён лоиқи таҳсин аст. Онҳо ду медали тилло, яктоӣ медалҳои нуқра ва биринҷиро ба даст оварданд. Ин дар таърихи варзиши вилоят воқеаи фаромӯшнашаванда гардид.
Чанде пеш дар ноҳияи Чортоқи вилоят таҳти шиори «Мактаби маҳорат – мактаби мардонагӣ» тантанаи идона барпо гардид. Дар ин ҷо собиқадорони меҳнат, ғолибони бозиҳои паралимпӣ ва варзишгарони ҷавон ҷамъ омаданд.
Дар баҳсҳои паралимпӣ аз рӯйи найзапартоӣ Нозимахон Қаюмоваи чустӣ аввалин шуда медали тиллоро ба даст овард. Вай дар синфи «F-13» қувваозмоӣ карда, ба натиҷаи 42,59 метр ноил гардид. Инчунин ӯ дар паралимпии «Рио–2016» низ медали тиллоро ба даст оварда буд. Аз шаҳри Намангон Фирӯз Сайидов дар баҳсҳои Парадзюдо аз рӯйи тоифаи вазнаш 73 килограмм медали тиллоро ба даст овард. Аз параатлетикаи сабук Нурхон Қурбоноваи мингбулоқӣ дар талоши баҳсҳо маҳорати беҳамто нишон дод. Ӯ дар ядропарронӣ медали биринҷӣ ва дар талоши найзапарронӣ медали нуқраро ба даст овард.
Мувофиқи Фармони Президент узвҳои яккачини миллии Ӯзбекистон аз рӯйи паралимпӣ Фирӯз Сайидов бо унвони «Ӯзбекистон ифтихори», Нозимахон Қаюмова ва Нурхон Қурбонова бо унвони фахрии «Варзишгари хизматнишондодаи Ӯзбекистон» сарфароз гардиданд.
Дар тантана ғолибони паралимпӣ ва дигар варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои гуногуни бонуфузи байналхалқӣ фаъол иштирок кардаанд, аз тарафи ҳокимияти вилоят бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар чорабинӣ Қаҳрамони Ӯзбекистон, ҷонишини вазири маҳалла ва дастгирии оила Содиқҷон Турсунов ва ҳокими вилояти Намангон Шавкатҷон Абдураззоқов иштирок карданд.
Чунин чорабинӣ ҳамчунин дар Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи Чуст баргузор гардид. Чустиён Қаҳрамони паралимпӣ Нозимахон Қаюмоваро таҳти садои карнаю сурнай ва гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
– Аз тарафи Президентамон барои мо — варзишгарон чунин шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки барои ин ғамхорӣ мо чаро медалҳоро соҳиб нагардем. Камина минбаъд ҳам дар паралимпии навбатӣ, ки соли 2024 дар Париж баргузор мегардад, кӯшиш мекунам сеюмин медали тиллоро ба даст оварам, – гуфт Нозимахон Қаюмова.
– Вақте ки бори аввал Нозима ба маҳфили атлетикаи сабук омад, духтараки оддӣ ва камгап буд. Вале дар машғулиятҳо бо чусту чолокиаш мобайни дигар аъзоёни маҳфил намунаи ибрат буд. Комёбии ноилгардидаи ҳар як варзишгар натиҷаи меҳнати мо – мураббиён аст, – гуфт мураббии Нозима Равшан Ҳакимов.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: