МАКТАБИ МАҲОРАТИ ЧАПАНДОЗОНИ БУХОРО

Варзиши аспсаворон таърихи бостонӣ дорад.

Маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки вай соли  680-уми пеш аз милод шомили бозиҳои олимпии антиқӣ гаштааст. Минбаъд он аз ибтидои соли 1900 вориди барномаи бозиҳои олимпӣ гашта, соли 1953 аз қатори намудҳои спорти мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ ҷо гирифтааст. Ҳоло ба созмонёбии Федератсияи байналмилалии варзиши аспсаворӣ (FEI) як аср пур шудааст. Федератсияи спорти аспи Ӯзбекистон аз соли 1993 ин тараф аъзои ҳамин федератсия мебошад ва командаи яккачинамон дар мусобиқаҳои гуногун иштирок мекунад.
Дар Бухоро низ ба оммавӣ гардондани ин намуди варзиш эътибор афзудааст. Хусусан, дар пойгоҳи маҷмӯи  «Отчопар»-и мактаби ихтисосонидашудаи мусобиқаҳои инфиродии спортӣ созмон ёфтани «Мактаби чапандозон»-и «Гвардияи миллӣ» ба ин мисол аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки барои бунёди ин маскан 5 миллиард сӯм сармоя харҷ гардида, дар ин ҷо ба ғайр аз майдони машғулияту мусобиқаҳо барои тамошобинон айвон (600 ҷой), хонаи мураббиён, аспхона барои 40 сар байтал, емхонаю анбори озуқа ва ғайра сохта шудааст.
1 марти соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шейхонча»-и ноҳияи Бухоро маросими кушодашавии «Мактаби чапандозон» ба амал омад. Дар он кормандони ҳокимиятҳои вилояту шаҳр, Садорати вилоятии «Гвардияи миллӣ»,  мутасаддиёни  соҳа, варзишгарон, намояндагони ҷамоатҳо иштирок карданд. Ҳокими вилоят Б. Зарипов ба сухан баромада, варзишгарону мутасаддиёни соҳаро бо фароҳамоии боз як имконияти қулай – мактаби маҳорати чапандозӣ муборакбод намуд.
Дар охир аспсаворони варзишгар маҳорати худро намоиш доданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози  тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: