МАКТАБИ МАҲОРАТИ ҶАВОНОН

Дар ҷомеа соҳаҳое ҳастанд, ки дар онҳо мушкилоти норасоии кадрҳо ба чашм мерасад ва яке аз чунин самтҳо матбуот ба шумор меравад.

Барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушду нумӯи соҳаи журналистика ва тайёр кардани кадрҳои ботаҷриба дар ин самт, аз моҳи октябри соли 2023 «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» фаъолияти худро оғоз карда буд. Барои иштирок дар машғулотҳо донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, ки ба соҳаи матбуот, телевизион, радио ва интернет-журналистика шавқ доранд, ҷалб гардиданд.
Дар хонаи матбуоти вилояти Самарқанд дар мавзӯи «Таълими журналистони ҷавон: мушкилот ва дурнамо» сӯҳбат баргузор гардид. Дар чорабинӣ рӯзноманигорон, омӯзгорон, эҷодкорон ва донишҷӯён иштирок доштанд. 
Шунавандагон зимни дарсҳои эҷодӣ оиди таърихи матбуоти миллӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза, жанрҳои иттилоотӣ: ахбор, гузориш, мусоҳиба, репортаж, жанрҳои бадеию публитсистӣ: филм, омодасозии иншо, фарҳанги суханварӣ ва суханронӣ, фотожурналистика ва видеомонтаж  маълумот гирифтанд.
Дар рафти чорабинӣ ба 15 нафар шунавандагон барои хатми бомуваффақияти «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» сертификатҳо ботантана супорида шуд. 
– Бояд гуфт, ки дар муддати сипаришуда дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Самарқанд», маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» 107 хабару мақолаҳои шунавандагон дар мавзӯъҳои гуногун чоп гардид, – гуфт котиби масъули «Овози Самарқанд» Фаридун Юлдошев. – Ғайр аз ин, дар «Овози Самарқанд» ҳафт маротиба саҳифаи «Навқалам», ки мақолаҳои шунавандагонро фаро гирифтааст, рӯйи чопро дид.
Боиси эътироф аст, ки ба як қатор мақолаҳои таҳлиливу танқидии шунавандагон ташкилотҳои мутасаддӣ муносибати расмӣ баён карда, муаммоҳое, ки дар онҳо ба миён гузошта шудаанд, ҳалли худро ёфтанд. Аз ҷумла, ба мақолаи Ҷовид Саломатуллоев ва Юсуф Ғаффоров бо номи «Синфхонаи забонҳои хориҷӣ: камбудиҳо кай ислоҳ мешаванд?» Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят муносибат баён карда, камбудиҳо дар фурсати кӯтоҳ ҳал карда шуданд. Ғайр аз ин, ба мақолаи «Ба Оқсой кай автобус меояд?»-и Ҳуснора Боймаҳмадова, ки дар шумораи 98-уми рӯзнома чоп шуд, Садорати нақлиёти вилоят муносибати расмӣ дод, ки дар он сухан дар мавриди бозомӯзӣ ва ҳалли муаммои аҳолии Оқсой меравад.  
– «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» мактаби таҷрибаест барои фаъолияти минбаъдаи шунавандагони он, – гуфт шунавандаи мактаби маҳорат Юсуф Ғаффоров. – Малакаҳои омӯзондаи ин мактаб барои фаъолияту зиндагии мо низ нигоҳи наве сохт.

Асалмоҳ САРХАТЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: