Хонандагони мактаби миёнаи рақами 17-уми маҳаллаи «Умр бунёдкори»-и ноҳияи Нишон то имрӯз дар биноҳои кӯҳна таълиму тарбия мегирифтанд.
Ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳия мактаби дорои 220 ҷой ба истифода супурда шуд. Бинои мактаби мазкур соли 2024 дар асоси барномаи инвеститсионӣ бо маблағи 2,5 миллиард сӯм барпо карда шуда, бо ҷиҳозу аёниятҳои хониш таъмин карда шуд ва барои таълим гирифтани хонандагон шароити зарурӣ офарида шуд. Акнун хонандагон метавонанд дар хонаҳои барои таълим қулай, аз ҳама муҳимаш дар мавсими зимистон дар синфхонаҳои гарм таҳсил гиранд.