МАКТАБИ ОБУТОБЁБИИ ҶИСМОНӣ ВА РӮҲӢ

Ҳар субҳ, ҳангоми дави пагоҳӣ, роҳам аз шафати қисми ҳарбие мегузарад, ки дар чор кунҷи девори баланди симхордораш дидбонгоҳҳо мавҷуданд.

 Боре ҳисси кунҷковиям боло гирифту аз ҷавони ношиносе, ки ӯ ҳам гоҳо дар соҳили мумфарши наҳри назди қисм бо даву тармим машғул мешуд, суол кардам: «Бародар, маъзарат мехоҳам, намедонед ин ҷо чӣ қисмест?»
– Ман худ дар ин қисм хидмат мекунам, чӣ буд?
– Ҳеч, гоҳо лозим меояд, ки аз ҳаёти ҳарбиён маводе омода кунем.
– Рӯзноманигоред?
– Бале.
– Дар кадом рӯзнома кор мекунед?
– «Овози тоҷик». Шунидаед?
– Дар қисми мо ҷавонони тоҷик низ хидмат мекунанд. Пештар, дар баробари  дигар нашрияҳо, ба «Овози тоҷик» низ обуна мешудем. Бо кӯмаки дӯстони тоҷик аз баъзе маводи он баҳра бурдаем. Дар мо бо иштироки фаъолони маҳаллаҳо ва мактабиён чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд. Чоршанбеи оянда чорабинии навбатӣ, метавонед иштирок намоед.
Рӯзи чоршанбе, як соат пеш аз оғози  чорабинӣ дар Қисми ҳарбии қӯшунҳои посбонии ВКД, ки подполковник Рустам Кенпеилов командири он аст, ҳозир шудам. Дар қисм инҷонибро ҷонишини командири қисми ҳарбӣ Дилшод Ачилов ва дигар низомиён хуш пазируфтанд.     
– Хуш омадед, – гуфт майор Ачилов. – Дар қисми мо дар арафаи ҷашни касбӣ ва дигар санаҳо чорабиниҳои гуногуни ҳарбию ватанпарварӣ ва тарбиявӣ сурат мегиранд. Ба муносибати 27-умин солгарди Нируҳои Мусаллаҳи кишвар ва муносиб пешвоз гирифтани Рӯзи муҳофизони Ватан дар мамлакат аз 15 декабри соли 2018 то 15 январи соли равон Моҳонаи ватанпарварӣ эълон гардидааст. Ба ҳамин муносибат таҳти мавзӯи «Ватан – муқаддас, ҳифзи он — вазифаи ифтихорӣ» чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Мо бо маҳаллаҳои гирду атроф ва мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳия ҳамкорӣ дорем. Онҳо дар чорабиниҳои гуногуни ҳарбию ватанпарварӣ ширкат ҷуста, ба донишу малакаи ҳарбиашон меафзоянд.
Он рӯз барои гузаронидани чорабинии ҳарбию ватанпарварӣ аз мактабҳои таълими  ҳамагонии рақами 155 ва 226 - уми ноҳияи Яшнободи пойтахт таҳти роҳбарии  омӯзгорони таълими ҳарбӣ лейтенант Б. Олимов ва лейтенанти калон М. Ӯсаров дар майдони муҷаҳҳази қисм ҷамъ омада  буданд. Баъди фурсате мактабиён саф ороста, чорнафарӣ ба қисмҳо ҷудо шуда, бо амри афсарон қадамзанӣ ва сурудхониро намоиш доданд. Онҳо чашм аз сарулибоси афсарону сарбозон намеканданд, ҳаракат  мекарданд, ки  дар саф мисли онҳо қадам зананд. Бале, ҷавонон ояндаи артиши миллиянд. Чунин чорабиниҳо ба камолоти маънавии онҳо хидмат менамоянд. Шояд аз онҳо дар оянда сарбозону афсарони далеру ғаюр ба воя расанд.
– Соли сипаригардида дар қисм таҳти шиори «Азизу ягонаӣ, Ӯзбекистони ба ҷон баробар!» чорабинии идона баргузор шуда буд. Дар чорабинии пуршукӯҳ собиқадорони ҷангу меҳнат ва арбобони илму маданият ширкат ҷустанд. Собиқадорони ҷангу меҳнат аз рӯзгори ибратпазири худ ба ҷавонон нақл карданд. Лозим меояд, ки мо низ дар чорабиниҳои мактабу маҳаллаҳо ширкат ҷӯем, – гуфт дар идомаи суханаш ҷонишини командири қисм. – Мақсад якто: дар рӯҳи ҳарбию ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон. Дар бисёр корҳо афсарони қисм ва сержантҳо Ф. Ҷӯрақулов, Б. Мукетов, Ф. Қобилов, О. Рӯзибоев, Х. Усмонов ва А. Мирбаротов намунаи ибратанд.
– Вақте ки дар қисм ба хидмат шурӯъ кардам, бо нишондоди устодон кор мебурдам, – мегӯяд техники калони сехи электротехника, сержанти калон Фахриддин Қобилов. – Бо мурури вақт, инак, худ низ яке аз устодони соҳаам, шогирдон аз ман кор меомӯзанд. Аз ин хурсандам, вале набояд фаромӯш кард, ки бар дӯши мураббӣ бори масъулият низ ҳаст. Мураббӣ ба сарбоз на танҳо хидматро меомӯзад, балки дар рафтору кирдор низ намунаи ибрат  бояд бошад.Чунин ҳолатҳое мешаванд, ки муаммоҳои оилавии шогирдонро низ ҳаллу фасл кардан лозим меояд. Дар чунин лаҳзаҳо агар хидматчии ҷавони ҳарбӣ ҳис кунад, ки муттакое дорад, хидматаш сабук мегузарад. Дар қисм кори мураббиён дар ҳар чоряк мавриди таҳлил қарор мегирад, барои ислоҳи камбудиҳо тавсияҳо медиҳанд, комёбиҳо рағбатнок кунонида мешаванд.
Дар табрики идонаи Президенти кишвар ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Нируҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан, аз ҷумла гуфта шудааст: «Мо барҳақ бо шумо – фарзандони садоқатманду ҷасури мамлакатамон, ки ин вазифаи масъул ва бағоят муҳимро шарафмандона иҷро менамоед, ифтихор мекунем. Зеро маҳз ба шарофати хидмати шумо, ки онро дар хушкӣ, об ва ҳаво адо менамоед, осмонамон ҳамеша мусаффо, фарзандони азизи мо, падарон ва модаронамон дар сулҳу салоҳу осудагӣ зисту зиндагӣ мекунанд, мамлакат беш аз пеш мешукуфад, некӯаҳволии мардум беҳтар мегардад». 
 Бале, ба софии ҳамешагии осмонамон, зиндагии осоиштаи халқ ва шукуфоии мамлакатамон як андак бошад ҳам афсарону сарбозони Қисми ҳарбии қӯшунҳои посбонии ВКД низ саҳм мегузоранд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: