МАКТАБИ ОЛИИ ИҚТИСОДИЁТ БА ПЕШОМАДИ ҲАМКОРИҲО БО ӮЗБЕКИСТОН НАЗАРИ ХУБ ДОРАД

Намояндагони сафоратхонаи мамлакати мо дар Маскав бо донишҷӯёни ҳамдиёрамон, ки алҳол дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Мактаби олии иқтисодиёт»-и Русия таълим мегиранд, ҳамсуҳбат шуданд.

Мақсад аз он ба роҳ мондани мулоқот бо ҷавонони Ӯзбекистон мебошад, ки дур аз Ватан зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин воқиф сохтани онҳо аз тағйиротҳои таърихиест, ки дар ҳаёти ҷомеаи Ӯзбекистон амалӣ мешаванд. 
Иштирокдорон бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, аз ҷумла бо ислоҳоти самтҳои фароҳам овардани шароит барои ҷавонон баҳри  дарёфти мақоми сазовори худ дар ҳаёт, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, рағбатнок намудани ташаббусҳои ҷавонон шинос карда шуданд.
Эътибори ҷавонон ба фаъолияти Бунёди «Эл-юрт умиди», ки бояд дар хориҷа мутахассисонро тайёр кунад ва мулоқотро бо ҳамватанонамон, ки дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон зисту зиндагӣ мекунанд, ба роҳ монад, ҷалб карда шуд. Таъкид гардид, ки дастгирии мутахассисони ҷавон барои аз худ кардани донишҳои пешқадам ба манфиати пешрафти Ӯзбекистон аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Ҳозирон бо стипендия ва грантҳое, ки аз ҷониби Бунёди «Эл-юрт умиди» таъсис ёфтаанд, шинос карда шуданд. 
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳое, ки ба ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёти ҷавонон тааллуқ доранд, ҳамчунин мушкилоте, ки ҷавонони моро дар Русия ба ташвиш оварданд, баррасӣ шуданд.
Дар навбати худ, толибилмони Мактаби олии иқтисодиёт дар бораи хониш ва ҳаёташон дар Русия, корҳои илмӣ ва нақшаҳои худ бинобар шуғли минбаъда ҳикоя карданд. 
Онҳо ба роҳбари давлати мо барои дастгирии ҳамаҷонибааш миннатдорӣ изҳор намуда, изҳор доштанд, ки тайёранд ба рушд ва пешрафти минбаъдаи Ӯзбекистон саҳми сазовор гузоранд. 
Дар гузориши худ ба оҷонсии «Дунё» проректори Мактаби олии иқтисодиёт Иван Простаков хабар дод, ки ҳоли ҳозир зиёда аз 350 нафар донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар ин мактаби олӣ таълим мегиранд.
– Ин гурӯҳи аз ҳама зиёд мебошад, яъне кишвари шумо нисбат ба мамлакатҳои дигар бештар ҷавононашро ба донишгоҳи мо роҳӣ кардааст, – изҳор намуд И. Простаков. — Толибилмони ӯзбекистонӣ хуб мехонанд. Набояд фаромӯш кард, ки Мактаби олии иқтисодиёт чун анъана бо талаботи қатъияш нисбат ба довталабон шуҳрат дорад. Ин аз он дарак медиҳад, ки дар донишгоҳи мо ҷавонони соҳибқобилият ҷамъ омадаанд.
Мо бо ҳамкорони ӯзбекистонии худ робитаҳои сермаҳсулро ба роҳ мондаем. Аз ҷумла, Мактаби олии иқтисодиёт бинобар фанҳои гуногун дар Ӯзбекистон олимпиадаҳои байналхалқӣ баргузор мекунад. Вале дараҷаи ҳамкории мавҷуда ба имконият ва саъю кӯшишҳои мо ҳанӯз пурра ҷавобгӯ нест. Мо ба пешомади вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайни худ бо Ӯзбекистон назари некбинона дорем. 

ОИ «Дунё», МАСКАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: