“МАКТАБИ ОНЛАЙН” ДАР МАКТАБИ РАҚАМИ 12-И НОҲИЯИ САРИОСИЁ

МАКТАБИ ОНЛАЙН

Ман аз соли 1987 инҷониб дар мактаби таълими умумии рақами 12-и ноҳияи Сариосиё ҳамчун муаллимаи забону адабиёти тоҷик фаъолият дорам. Дар давоми фаъолияти 34-солаи омӯзгориам шаш синфи ёздаҳро (аз синфи 5 гирифта то синфи 11) ҳамчун роҳбари синф хатм кунонидам. Сентябри соли 2019 ҳафтумин синф – синфи 5 “Б”-ро ҳамчун роҳбари синф қабул намудам. Синфи 5 “Б” дастпарварони муаллимаи пешқадам, дарёдил, чашмикордон – Хуморой Саидова мебошад. Таҳкурсии шогирдонам, ки аз ҷониби чунин меъмори боилму бомаърифат ва бофарҳангу нуқтасанҷ муаллима – Хуморой Саидова гузошта шудааст, хеле мустаҳкам боварибахш аст. Ман самари хуби кори муаллимаро дар давоми 6-7 моҳе, ки бо шогирдонам кор бурдам, дарк намудам. Беҳуда намегӯянд:

Хишти аввал гар ниҳад, меъмор каҷ,

То ба охир меравад, девор каҷ.

Яъне хишти аввалини ошёни дониши шогирдонам аз ҷониби меъмори асили олами маърифат, омӯзгори ҳалиму хоксор ва пуртаҷриба, – Хуморой Саидова хеле дурусту росту нишонрас гузошта шудааст. Аз ин сабаб ман аз муаллима Хуморой Саидова хеле миннатдорам.

Ҳар як чиз дар дунё маҳсули кор ва ё ҳунари шахсест. Маҳсули самараи меҳнати омӯзгор бомаърифатию бофарҳангии шогирдонаш аст.

Имрӯзҳо дар диёрамон ба туфайли бемории “вируси тоҷдор” (“коронавирус”) карантин эълон шудааст ва хонандагон дар хона нишаста таҳсил гирифта истодаанд. Ин пеш аз ҳама хизмати шоистаи сарвари оқилу донои ватанамон Шавкат Миромонович Мирзиёев аст, ки мактаби онлайнро ташкил намудаанд. Барои ин мо – омӯзгорон, падару модарон ва хонандагон аз Президенти кишварамон Ш. М. Мирзиёев аз замин то ба осмон миннатпазирем. Ин ташаббуси сарвари давлатамон ва қарору фармонҳо оиди мактаби онлайнро мо омӯзгорон дастгирӣ намуда, баҳри маърифатнокшавии насли наврас мекӯшем.

Дар мактаби таълими умумии рақами 12-и ноҳияи Сариосиё ин ташаббус (мактаби онлайн) хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳар як омӯзгор – ҳар як роҳбари синф гурӯҳи синфи худро тавассути телеграмм ташкил намудааст. Хонандагон ба ғайр аз дарсҳое, ки тавассути оинаи ҷаҳоннамо бо забони давлатӣ мебинанд, боз ба воситаи телеграмми падару модар бо забони модарии худ аз устодони хеш дарс меомӯзанд; саволу ҷавоб мекунанд, вазифаҳои иҷронамудаашонро расм гирифта ба телеграмми гурӯҳ мепартоянд. Омӯзгорони фан ҳар як вазифаи иҷронамудаи шогирдонро санҷида баҳогузорӣ мекунанд. Ҳар як омӯзгори фан дар хона бо худ журнали иловагӣ (зеро журналҳои синфӣ дар мактаб маҳфуз аст) дорад ва баҳои шогирдонашро ба он мегузорад. Дар кор бурдан бо мактаби онлайн ҳамаи муаллимони мактаби рақами 12 фаъол ва намунаи ибратанд. Аз ҷумла, кори муаллимони фидоӣ – Л. Исматова, Д. Назарова, Н. Ҳидоятова, С. Поччоева ва Г. Соҳибоваҳоро гуфта гузаштан ҷоиз аст.

Дар дуруст ташкил намудану ба роҳ мондани мактаби онлайн дар мактаби рақами 12 хизмати роҳбарияти мактаб беқиёс аст. Директори мактаб муаллимаи ҳалиму хоксор ва бофарҳанг – Дилором Асадова, ҷонишини директор оиди корҳои таълиму тарбия муаллимаи бомаърифату чашмикордон, Аълочии халқии ҷумҳурии Ӯзбекистон – Сайрам Раҳмонова онлайн кори ҳар як муаллиму хонандагонро назорат менамоянд ва ҳар шаб дар телеграмми “Ҷамоаи мактаби 12”, ки ҳамаи муаллимони мактаб аъзоянд, ҷамъбаст мекунанд.

Ин гуна рафти корро дар тамоми мактабҳои ноҳияи Сариосиё мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро дар гурӯҳҳое, ки мо муаллимони мактаби 12 ташкил намудаем, мутахассиси шӯъбаи таълими халқии ноҳияи Сариосиё   Нуриддин Қудратов аъзо аст ва ӯ ба ҳар як гурӯҳ ҳар рӯз фикри худро баён мекунад. Падару модарон ва хонандагонро бо суханони самимии “фаъол бошед, имрӯз боз фаъолтар шавед, имрӯз хонандаи фаъолтаринро муайян менамоем, ман ба шумо бовар мекунам...” рӯҳбаланд месозад. Назорат намудани ҳар як гурӯҳ аз ҷониби мутахассиси шӯъбаи ноҳия кори осон нест, меҳнати фидокоронаро талаб мекунад, ки на аз дасти ҳама меояд. Тасаввур кунед, дар ноҳияи Сариосиё 82-то мактаб ҳаст ва ҳар як мактаб қариб 35-40 гурӯҳ дорад. Месазад, ки ба кори ин гуна фидоиёни роҳи таълим офаринҳо хонем.

Хулоса, “мактаби онлайн” чун мактаби 12 дар ҳамаи мактабҳои ноҳияи Сариосиё хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки ин натиҷаи ҳамҷиҳатию якдилии хонандагон, падару модарон, омӯзгорон, роҳбарияти мактабу мутахассисони таълими халқии ноҳия мебошад. Чӣ хеле ки Саъдии бузургвор гуфтааст:

Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд бе мадади дӯстон.

Дилором Назарова, муаллимаи тоифаи олии мактаби таълими умумии рақами 12-и ноҳияи Сариосиё, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: