МАКТАБИ ПЕШҚАДАМ

Дар маркази ноҳияи Шофиркон мактабе ба худ хос ҳаст.

Вайро оддиякак «мактаби русии рақами 2» меноманд. Дар пештоқи даромадгоҳи он бо рангҳои ҷаззоб ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ «Хуш омадед» навишта шудааст. Он ҳар бинандаро ба завқ оварда ба андеша водор месозад. Ба шогирдонаш эҳсоси ифтихор мебахшад.
Воқеан, талабагони ин мактаб ҳар рӯз аз ҳар гӯшаву канори ноҳия меоянд. Баъзеи онҳоро падару модарон ба мошин ё велосипеди худ, баъзеашонро бо таксӣ меоранд. Талабагони синфҳои болоӣ бошанд бо мошини роҳ, ё ки бо велосипедҳои худ меоянд. Баъзеи онҳо ҳатто аз ноҳияҳои Вобканду Ғиждувон рафтуо мекунанд. Ҳоло шумораи умумии талабагон 940 нафар аст. Солҳое мешаванд, ки миқдори онҳо аз ҳазорто мегузарад. 
Мактаб боз як хусусияти ба худ хос дорад. Ҳамаи омӯзгорони он пас аз санҷиш  интихобан ба кор гирифта шудаанд. Масалан, омӯзгорони забони русӣ Баҳодур Қазоқбоев ва Комил Соттиев дар Ворошиловград таҳсил гирифтаанд. Малика Ибодова бошад, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бухоро якчанд бор аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Муаллимони забони англисӣ Юлдуз Асадова, Муҳаббат Йӯлдошева ДДБ-ро, Гӯзал Гайсарова Донишкадаи омӯзгории Навоиро бо муваффақият хатм кардаанд. Омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Акбар Султонов пас аз таҳсил дар Душанбе ин ҷо ба кор омада, ба дараҷаи мутахассиси тоифаи якум ва Аълочии таълими халқ расидааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, толори варзиши мактаб тирамоҳу зимистон, майдонҳои футболу волейбол бошад, баҳору тобистон бо варзишгарони наврас серодам аст. Муаллими забон ва адабиёти ӯзбек Малоҳат Имомова ҳар як машғулиятро бо дарсҳои забон ва адабиёти рус вобаста карда, сазовори тоифаи олӣ ва нишони сарисинагии Аълочии таълими халқ гардидааст.
Ҳамин гуна дар бораи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Мадина Бейсенбиева, Наргис Ҳикматова, муаллими фанни нақшакашӣ Маҳмуд Рамазонов, омӯзгори биология Роҳат Шарифова, муаллимаи иқтисодиёт Дилдора Юсуфова низ фикрҳои ҷолиби диққат гуфтан мумкин. 
Боз як ҷиҳати муҳим, ин ки дар таълимгоҳ ба иҷрои фармон ва қарорҳои сарвари давлат, дигар ҳуҷҷату супоришҳо оиди инкишофи мактабу маориф эътибори алоҳида дода мешавад. Аз сабаби он ки ҳар як омӯзгор бо маҳорати касбии худ, бо меҳри бепоён ба дили шогирдон роҳ ёфта тавонистааст, ба хатмкунандагон низ имкониятҳои парвози баланд ба дуриҳо муяссар мегардад. Масалан, ба Арсен Ҷанаев баъди хатми таҳсил дар ҳамин мактаб донишҷӯии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов насиб гардид. Пас аз таҳсил он ҷо ба кор монд. Ҷустуҷӯҳои илмии ӯ оиди фанҳои забон ва адабиёти рус вайро соҳиби рутбаи илмии доктори илмҳои филологӣ намуд.
Одил Султонов ва Умед Бозоров донишгоҳро дар Англия хатм намуда, яке дар соҳаи бонк дар Малайзия кор кунад, дуюмиаш дар Англия буду бош дорад ва чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштин аст. Ҷасур Намозов баъди хатми Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд дар шуъбаи нақлиёти прокуратураи ҷумҳурӣ кор мекунад. Ҳамза Тӯхсанов ва Заррина Толикова баъди хатми донишгоҳҳои молия ва ҳуқуқшиносӣ яке дар Вазорати молия фаъолият дорад, дигаре раиси суди ноҳияи Ангрен мебошад. Ин ҷараён бо мурури замон беш аз пеш вусъат меёбад.
– Ман ду соли аввал дар ҷанги Афғонистон иштирок намуда, баъд бо ҳамсарам Хурсанд Ҳайдарова дар факултети мусиқишиносии ДДБ бо баҳои аъло таҳсил гирифта, фаъолияти меҳнатии худро дар ҳамин ҷо оғоз кардам, – бо ифтихор гуфт сарвари мактаб Асрор Эргашев. – Ба қарибӣ ба ин 30 сол пур мешавад. Нисфи он ба директории мактаби русӣ тааллуқ дорад. Таълимгоҳ ба осонӣ ба ин дараҷа нарасидааст. Азму кӯшиши тифоқонаи ҷамоа бо мақсади ягона моро ба мурод мерасонад. Боварӣ дорем, ки натиҷаҳои волотар ҳанӯз моро дар пеш интизор аст. 

Эшмурод БОБОМУРОДОВ,
рӯзноманигори собиқадор.

Вилояти БУХОРО.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: