Дар ноҳияи Чуст баробари тенниси рӯйи миз, бокс, атлетикаи сабук барин намудҳои варзиш ба ракетасозӣ низ эътибор меафзояд.
Ракетасозони чустӣ дар мусобиқаҳои гуногуни бонуфуз бомуваффақият иштирок карда, медалҳоро ба даст меоваранд.
Аз тарафи клуби варзиши амаливу техникии ноҳиявии созмони ба мудофиаи Ӯзбекистон кӯмакрасони «Ватанпарвар» ба маҳфили ракетасозӣ хонаи алоҳида ҷудо гардида, барои гузаронидани машғулиятҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ба ин муносибат, чанде қабл маросими кушодашавии хонаи маҳфили ракетасозӣ ба амал омад.
Дар маросим раиси Маркази милливу мадании тоҷикони вилоят А.Ғафуров, роҳбари Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилоят Ш.Қарабоев, раиси Шӯрои вилоятии созмони «Ватанпарвар» А.Аълохӯҷаевҳо ба сухан баромада, барои фаъолияти минбаъдаи маҳфили ракетасозон бурдбориҳо орзу карданд.
– Барои чунин имконият ва шароитҳои бароямон пешбинишуда ҷавоби амалӣ гардонида, мобайни аъзоёни маҳфиламон чемпионҳои Осиё ва ҷаҳонро омода кардан кӯшиш менамоем, – мегӯяд роҳбари маҳфили ракетасозон Наҷмиддин Зайниддинов.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.