Винеткае диққати моро ба худ кашид, ки дар он акси аввалин тамомкунандагони Студияи давлатии драмаи Институти маърифатии ӯзбек ба номи И.В. Сталин (1924–1927) ҷой дода шудааст.
Институти мазкур дар Маскав кушода шуда буд. Дар он ҷуз аз назарияи саҳна боз усулу равишҳои ҳунарпешагӣ омӯзонида мешуд.
Дар винетка суратҳои Маннон Уйғур, Соро Эшонтӯраева, Аброр Ҳидоятов, Етим Бобоҷонов ва дигаронро дида метавонем, ки ҳар кадом баъдтар намояндаи барҷастаи санъати театр шудаанд. Баъди хатми Институти маърифатӣ онҳо ба зодгоҳ баргаштанд. Қисми зиёдашон дар Театри драмавии ба номи Ҳамза (Тошканд) солҳои тӯлонӣ фаъолият бурданд.
Дар сафи ситорагони санъати театр чеҳраи ҷавони Ҳомид Маҳмудови бухороиро низ мебинем, ки баъди хатми институт солҳои 1927–1929 дар театрҳои касбии Бухоро, Самарқанд ва Тошканд фаъолият бурд.
Бале, Ҳ. Маҳмудов ба сифати коргардон муддате дар Театри ба номи Ҳамза низ кор кард, ки онро «падархонд»-и театрҳои Ӯзбекистон мешуморанд. Сонӣ бо даъвати Шӯрои Комиссариати халқии Тоҷикистон ба Душанбе роҳ пеш гирифт. Навъе ҳуҷҷатҳо гувоҳӣ медиҳанд, ба зиммаи вай се вазифаи муҳим гузошта шуда буд: ташкил кардани театри навъи касбии тарзи аврупоӣ, таъсиси оркестри миллии давлатӣ ва драматургияи миллӣ.
Арзи ҳастӣ кардани аввалин театри касбӣ дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон воқеаи муҳим буд. Бо давутоз ва ба харҷ додани кулли маҳорати эҷодию ташкилотчигӣ саркоргардони аввалин театри миллии тоҷик Ҳомид Маҳмудов ҳанӯз моҳи ноябри соли 1929 гурӯҳе ташкил намуд иборат аз 15 нафар корманди эҷодӣ, ки ҳунарпешагон Гулчеҳра ва Шариф Бақоевҳо, Мастура Муллоҷонова, Ӯрун Обидов, Саидахон Раҷабова, Ҳодӣ Фозилов, Михаил Ягудоев, мутриб Ғуломризо Баҳор, доирадаст Тубиё Бобоева ба таркиби он дохил буданд. Нависанда Ҳаким Карим низ ба даста аз наздик ҳамкорӣ менамуд.
Драматургон намерасиданд. Ҳомид Маҳмудов бо ашхоси маърифатпарвар, шоиру нависандагон робитаи наздик ба роҳ гузошт. Онҳоро ба театр дилгарм сохт. Бо илқои ӯ Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Мунир Муинзода ва дигарон аввалин песаҳои худро навиштанд. Ғулом Ализода ва Тӯйчӣ Самадӣ барин кормандони рӯзномаву маҷаллаҳо вақти холии худро дар ҳамнафасӣ бо дастаи эҷодии Ҳ. Маҳмудов мегузаронданд.
Мавсими аввалини театре, ки зикр гашт, бо намоиши «Наврӯз ва Гулчеҳра» ном асари драматурги ҷавон Акмал Аминзода таҳти коргардонии Ҳомид Маҳмудов дар жанри драмаи мусиқӣ оғоз ёфт.
Вазъ водор месохт саркоргардон барои пурра сохтани сафи ҳунарпешагони касбӣ ба Бухорову Самарқанд, Конибодому Тошканд, Ӯротеппаву Фарғона, Хуҷанд ва навоҳии дигар сафарҳо кунад, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ пеш бурда, истеъдодҳои ҷавонро ба пойтахти ҷумҳурии ҷавони тоҷик ҷалб намояд. Бо кӯшиши ӯ як қатор ҳунарпешагони болаёқат, аз қабили Адолат Боситова, Абдураҳмон Саидов, Ҳофизулло Ӯрунов ва Ҳайдар Шойимардонов аз Бухоро ба Душанбе кашида шуданд. Фатҳулло Умаров, ки дар Театри ба номи Ҳамза фаъолият мебурд, сухани дӯсти худ Ҳомид Маҳмудовро ба замин нагузошт – аз Тошканд ба Душанбе (Сталинобод) кӯч баст. Ҳунарпешазанҳои он вақт ҷавон София Тӯйбоева ва Азиза Азимова низ, ки дар Театри Ҳамза фаъолият мебурданд, тақдири худро ба Тоҷикистон пайвастанд.
Ҳомид Маҳмудов айни замон кашфкунандаи истеъдоди Муҳаммадҷон Қосимов мебошад, ки дар деҳаи тоҷикнишини Риштон (вилояти Фарғона) зиндагӣ мекард. М. Қосимов ба Душанбе рафту дар аввалин театри драмавии тоҷик, ки номи Лоҳутиро гирифт, маҳорат такмил дод ва дере нагузашта ба яке аз ситорагони тобноки санъати театрии тоҷик табдил ёфт.
Аллакай дар солҳои 1933–1934 дар театри мазкур ҳунарпешагони номдор Оқил Зиёев, Ҳомид Саидаҳмадов ва Аслӣ Бурҳонов ба фаъолият оғоз карда буданд, ки аслан самарқандиву бухороӣ мебошанд.
Шароити корӣ хуб набуд. Қисме аз даъватшудагон дар хонаи шиносу хешовандон зиндагӣ мекарданд ё иҷора менишастанд. Соли 1932 роҳбарияти театр ба сохтмони хобгоҳ барои ҳунарпешагон шурӯъ сохт. Бо ҳамин масъалаи манзил то андозае ҳал гардид. Вале барои таҷҳизонидани саҳна маблағ намерасид. Вақти зиёди роҳбари даргоҳ Ҳ. Маҳмудовро масъалаҳои ташкиливу хоҷагӣ мегирифт.
Бо вуҷуди ҳамин ӯ барои гузаронидани дарсҳои маҳорат бо ҷавонон фурсат пайдо мекард. Ба онҳо масхарабозию аскиягӯиро меомӯзонд, аз фолклор, эпос, шарҳ ва тарзи қироати ашъори классикон сабақҳо медод.
«Бой ва Одина», «Зулми охирин», «Ҳаёти нав», «Эшони фиребгар», «Сангинбой», «Исён» барин намоишномаҳо, ки дар репертуари театр ҷой доштанд, аз ҷониби тамошобинон пазируфта шуданд.
Ҳомид Маҳмудов сафарҳои ҳунарии театр ба Киев, Маскав, Ленинград ва Тошкандро низ мувофиқи табъ ташкил менамуд.
Он солҳо як қатор шоиру нависандагони ҷавони тоҷик, аз қабили Мирзо Турсунзода, Ғанӣ Абдулло, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода ва дигарон ба майдони эҷод по ниҳоданд. Ҳ. Маҳмудов аз онҳо хоҳиш мекард дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ низ фаъол бошанд. Солҳои 1934–1935 бевосита бо дастгирии вай намоишномаҳои «Ҳукм» (М. Турсунзода), «Саодат» (Р. Ҷалил), «Шараф» (М. Аминзода) ва «Маликаи Турандот» (К. Госси) дар саҳнаи Театри давлатии мусиқию драмавии ба номи Лоҳутӣ ба ҳукми тамошобинон ҳавола карда шуданд.
Таҳти сарпарастӣ ва роҳбарии бевоситаи Ҳ. Маҳмудов Оркестри давлатии асбобҳои миллӣ низ ташаккул ёфт. Дар охири соли 1931 миқдори мутрибони ин оркестр аз 20 нафар мегузашт.
Дар ташкили аввалин анҷумани адибони тоҷик низ Ҳ. Маҳмудов саҳм гирифт. Бо саъйи ӯ консерти ҳукуматӣ барои ширкаткунандагони ин анҷуман дар сатҳи баланд гузашт. Ҳамсараш Аминабону Маҳмудова (1910–1978) шоира буда, дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», сипас дар маҷаллаи бонувон (ҳоло «Фирӯза») фаъолият бурдааст. Аминабону дар баробари С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ғ. Абдулло, Р. Ҷалил ва М. Миршакар узви ҳайати садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Дар рӯзҳое, ки 100-солагии А. Маҳмудова таҷлил мегашт, қайд карда шуд, ки ӯ яке аз созмондиҳандагони Иттиҳодияи эҷодии нависандагони Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Дар оғози солҳои сиюми асри сипаришуда «Маликаи Турандот» сари забонҳо буд, ки дар театрҳои Аврупо ва гӯшаҳои дигари дунё намоиш меёфт. Коргардон Ҳомид Маҳмудов дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда онро дар Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ (1934) ва Театри давлатии мусиқию драмаи Хуҷанд (1935) ба саҳна гузошт. Қоида ва усулҳои мактаби драматургиву намоишҳои саҳнавии Шарқу Ғарб то андозае ҳамоҳангӣ пайдо намуданд.
Нооромии нимаи дувуми солҳои сиюм ҳаёти осудаи хонадони Маҳмудовҳоро низ халалдор сохт. Падари коргардон Ҳ. Маҳмудов Хоҷа Саййид Маҳмуд ибни мулло Масъуд дучори табъид гашт. Ӯ маҷбур шуд ба зодгоҳ баргардад ва дар омӯзишгоҳи педагогии Бухоро ғоибона таҳсил созад (1935–1938). Баъд чун саррежиссёр ва роҳбари бадеии Театри давлатии бачагона, роҳбари бадеии Театри драмавӣ-мусиқавии вилояти Бухоро фаъолият бурд. Солҳои 1942–1943 дар театри шаҳри Қаршӣ кор кард. Сонӣ ба Душанбе баргашт, дар театре, ки асос гузошта буд, фаъолияташро идома бахшид.
Фаъолияти ибратбахши Ҳомид Саидович Маҳмудов (1900–1977)-ро Ҳукумати Тоҷикистон муносиб тақдир кард. Соли 1993 дар пештоқи бинои собиқи Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский, соли дуҳазорум дар бинои Театри давлатии мусиқиву мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба хотири ӯ, ки бунёдгузори театри касбии тоҷик мебошад, лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд. Соли 1992 яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе номи Ҳомид Маҳмудовро гирифт. Дар Осорхонаи миллии таърихиву кишваршиносии ба номи Беҳзод (Душанбе) роҷеъ ба фаъолияти Ҳ. Маҳмудов гӯшае ташкил карда шудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриде изҳори сипос ба шахсиятҳои фидоие намудааст, ки ҷои гарму хонаҳои ободи худро дар шаҳрҳои калон тарк намуда, роҳи Душанберо пеш гирифтаанд. Вай дар қатори Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Саидризо Ализода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Миркарим Саидов, Муҳаммадҷон Қосимов ва София Тӯйбоева барин фидокорон номи қаҳрамони лавҳаи мо Ҳомид Маҳмудовро низ зикр кардааст. Айни замон дар меҳрномаҳои Баҳодур Искандаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Низом Нурҷонов, Шамсӣ Қиёмов, Ҷалол Икромӣ, Аълохон Афсаҳзод, София Тӯйбоева ва дигарон хидматҳои шоёни Ҳ. Маҳмудов дар пайдоишу равнақи санъати театрии тоҷик хотиррасон карда шудааст. Аввалин Ҳунарпешаи мардумии СССР аз тоҷикон Муҳаммадҷон Қосимови риштонӣ, аз ҷумла, қайд кардааст: «Дар тӯли таърихи ватан халқи тоҷик донишмандону адибони зиёдеро ба олам додааст. Дар ин бобат чизи тозае гуфтани ман муҳол аст. Вале дар таърихи бисёрасраи худ халқи тоҷик ҳунарпешаи касбӣ надошт. Нишон додани истеъдоди худ ва имкони нахустин Ҳунарпешаи мардумии Шӯравӣ дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон шудани ман ба туфайли устоди маънавӣ ва дӯстам Ҳомидҷон Маҳмудов муяссар гардид».
Муҳаммадҷон ШОДӢ.