МАКТАБИ САОДАТ

  • МАКТАБИ САОДАТ
  • МАКТАБИ САОДАТ

Саодат Сангинова аз зумраи раҳбароне аст, ки дунёи худро соҳиб буда, ба ояндаи рӯшани давлату ҷомеа назари неке дорад.

Аз худ буридаву ба пешрафти коргоҳ бахшиданро шарти муҳими раҳбарӣ меҳисобад. Саодат Сангинова як хонуми чашму дилаш сер, ба ҷуз ободӣ фикри изофае дар сар надорад ва шукуфоии ватанро дар сифати баланди таълим мебинад. Ин бонуи нияташ поку маслакаш мустақим аз соли 2020 то имрӯз вазифаи директори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёро ба дӯш дорад. Вай тавонистааст, ки дар як муддати кӯтоҳ дабистони намунавие созмон диҳад.

 

«Мактаби Саодат»

Агар дар хусуси мактабу маориф биандешам, бевосита симои гарм ва ниҳоят ҳалими ин бонуи ҳамеша дар такопӯ, ғамхор ва роҳбари ботаҷриба пеши назарам меояд. Вайро дар деҳаи Сариҷӯй аҳаде нест, ки нашносад ва ба эҳтиромаш қоил набошад. Саодату мактабашро дар миқёси ноҳия ҳам хуб мешиносанд. Ҳатто овозаҳои мактаби намунавии ӯ то идораҳои болоии соҳаи таълим рафтаву раҳбаронро мафтун кардааст.
Аз маркази ноҳия ба мошине нишаста, хоҳиш намудам, ки ба мактаби рақами 82 расонад. Ронанда ба дари чанд мактаб бурд, аммо рақами он мактабҳо мувофиқат намекарданд. Баъд гӯё фикри тозае ба сараш омада:
– Номи директораш чист? – пурсид бо хиҷолат.
– Саодат Сангинова, – посух додам.
– Мактаби Саодат гӯед намешавад, меҳмон. Ин мактабро дар Сариосиё ҳамин хел меноманд, – аз барори кор хушҳол гашт ӯ...
Тақрибан 10-15 километр раҳро тай задаву қад-қади дарёи хурӯшони Тӯпаланг боло рафта, дар саргаҳи Дараи Ниҳон қарор гирифтем. Ин ҷо деҳа Сариҷӯй ном дошта, дар оғӯши сабзаш «Мактаби Саодат» ҳам ҷой гирифтааст.
Бале, ҳар маконро бо фарзандони номвараш мешиносанд. Дар шафати деҳаи Сариҷӯй боз як мавзеи тоҷикнишин ҳаст, ки Гулистон мегӯянд. Мактаби замонавиеро дорост ва ғолибан таълимгоҳи рақами 82 – «Мактаби Саодат», – филиали он будааст. Чандин сол муқаддам дар он мактаб шоири хуби мо Абдуллоҳи Раҳмон (равонашон шод бод!) кор мекард. Ҳамдилон деҳа ва дабистони ин мавзеъро бо номи Абдуллоҳи Раҳмон рабт медоданд. Ҳоло деҳаи Сариҷӯю мактабашро бо номи шогирди он шоири шаҳир, қаламкаши ҳирфаӣ Саодат Сангинова ба забон меронанд.

Мактаби монои биҳишт

Вақте ба дабистони рақами 82 ворид шудем, худро дар чаманистони ҳақиқӣ  дидем. Аз ду қади роҳравҳо гулҳои зиёде шукуфтаву ба сад ранг ҷилва мекунанд. Накҳати хуши онҳо табъи касро аҷаб болида медоранд. Ин гулҳоро чунон интихоб кардаанд, ки ҳар кадом дар фасли худ шукуфта, саҳни мактабро тамоми сол ба як мавзеи ҳамешабаҳор мубаддал месозанд. Аз дидани манзараи саҳни дабистон, мураттабиву муназзамии он ба ваҷд омада, ба роҳбару аҳли ҷамоаи омӯзгоронаш бевосита таҳсин хондем. Азбаски Саодат як тан раҳбари ба шеъру шоирӣ алоқаманд мебошад, корҳояш ҳам дар мактаб равониву муназзамии шеърро мемонад ва ба дунёи ботиниаш ҳамоҳанг аст.  

Ободгари дабистон

Вақте охири соли 2018 «Мактаби Саодат» аз таркиби дабистони рақами 38-ум берун омада ва таҳти рақами 82 муассисаи таълимии алоҳидае гашт, як бинои начандон ободе дошт. Филиал, ки буд, эътиборе надида ва мудом аз назарҳо дур монда будааст. Сангиноваро ба дабистони нав аввал мудири қисми илмӣ, баъд роҳбар таъин намуданд. Вай бо кумаки ҳомиён ба таъмири ҷории бино ва ободкории саҳни ҳавлии он оғоз кард.  Акнун намои беруниву дохилии он тағйир ёфта, ба чашм зебо менамуд. Ҷамоаи омӯзгорон барои ҷиҳозонидани синфхонаҳо пайваста ранҷ бурдаву мактаби худро ба як маскани ангуштнамо мубаддал сохтанд. 
Аммо Саодат боз аз он нороҳат буд, ки ба шогирдонаш хонаҳои таълимӣ кифоят намекунанд ва лоиҳаеро навиштаву мактабро дар мусобиқаи «Опен бюджет» (Буҷаи кушод)-и шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намуд ва дар ҷамъбасти ниҳоии сабқат холи зиёде ба даст овардаву маблағи сохтмони 4 синфи алоҳидаро баранда шуд. Барои сохтмон 250 миллион сӯм доданд. Ҳокимияти маҳаллӣ 100 миллиони дигар зам кард. Аммо корҳои сохтмон боз барилова маблағе мехост. Саодат аз ҳамдеҳагони саховатманди худ хоҳиш намуд, ки кумаки худро дареғ надоранд. Дар муддати кӯтоҳ ҳудуди 100 миллион сӯми дигар ҷамъ оварданд ва корҳои сохтмон ба анҷом расид. Сохтмони бинои навро коргоҳи сохтмонии масъулияташ маҳдуди «Холмӯъмин» дар ӯҳда дошт. Ин коргоҳ дар ниҳояти кор аз ҳисоби худ чандин кори нобуди берун аз қарордодро иҷро кард. Дар расми ифтитоҳи бино намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо сарварии ҳокими ҳамонвақтаи ноҳия Абдусалом Хӯҷақулов ҳузур доштанд ва ҳоким аз фидокориҳои Сангинова, аҳли ҷамоаи омӯзгорон, билохира фарзандони некноми деҳа ёдовар гашт. 
Ин тавр, бо ҷонкоҳиҳои Саодат дабистон боз соҳиби як бинои замонавӣ шуд, ки дорои чор синфи хониш аст. Ин синфҳо бо таҷҳизоти пешқадам муҷаҳҳаз ҳастанд. Яке аз онҳо хонаи информатика ва компутер аст, ки маҷмӯи мебели онро директор аз пули шахсии худ харидааст. Вай мегӯяд, моҳонаашро қариб ба хона намебарад. Маошаш бештар ба камбудиҳои мактаб сарф мешавад. Мунтазир намеистад, ки кай ҳукумат маблағе ҷудо мекунад, ки шикасту рехти мактаб ҷуброн шавад. Дар чунин маврид ӯ аз маблағи ҷайби худ корҳоро сомон медиҳад. Вай мегӯяд, мактабро чун хонаи Худо дӯст медорад ва агар аз нӯги маошаш маблағе сарф кардааст, кори савоб асту халос. 
Собиқ мудири саридораи таълими халқи вилоят Алишер Пардаев, ки ҳоло равишомӯз ва нозири сифати таълим дар вилоят аст, тирамоҳи соли рафта бо як даста меҳмонон ба дидани мактаб омада буд. Манзараи мафтункунандаи мактабро дида, дар ҳоли хушнудӣ гуфта буд, ки гӯё дар биҳишт сайр дорад. 

Ҳоҷӣ Абдуҳалим 
ва мактаб 

Пас аз таъмири ҷориву сохта ба истифода дода шудани бинои наве дар мактаби рақами 82 намуди ин маскани илм комилан тағйир ёфта, аз аввали соли хониш шогирдонро ба оғӯш гирифта буд. Аммо набудани ошхонаи мактаб ташвишовар буд. Охир, дар мактаб хонандагон дар ду баст мехонанд ва бояд шароити мусоиде фароҳам бошад, то вақти зарурат устодону шогирдон истифода кунанд. 
Дар деҳа Абдуҳалим Абдураҳмонов  ном ҳоҷӣ мезист, ки орзу дошт дубора ба зиёрати Каъба биравад. Саодат пеши ин марди фурӯтан рафт ва матлаби худро баён дошт. 
– Агар овозаву дарвоза накунед, ман розӣ, – гуфт Ҳоҷӣ Абдуҳалим ва бо хушҳолӣ маблағе, ки ба зиёрати Каъба пасандоз карда буд, ба дасти Саодат супурд. Муаллима гурӯҳи сохтмониеро даъват намуда, бо пули ӯ ошхонаи мактабро сохт ва тамоми таҷҳизоти заруриашро харид. Акнун мактаб соҳиби ошхонаи замонавие гашта буд.
– Чӣ қадар маблағ сарф шуд? – пурсидам ман.
– Дар ҳадисе мегӯянд, «аз саховати дасти ростат дасти чапат хабар наёбад», – посух дод роҳбари мактаб. – Он азиз умедвор аст, ки садақааш қабули даргоҳи Ҳақ гардад. Бинобар ин хоҳиш намуд, миқдорашро эълон накунем. Мо ҳамеша дар ғайбаш даст ба дуо ҳастем. 
Амали солеҳи ин марди дидаи ақлаш кушода бидуни шак савоби чандин Ҳаҷро дорост!

Китобхонаи мактаб

Дар гузашта мактаб китобхона надошт. Ин мушкил Саодатро намегузошт, ки ором гирад. Аммо ин муаммо ҳам ҳалли худро ёфт. Дар деҳа Абдурашид Халилов  ном фарди худотарсу баору нанг зиндагӣ мекунад. Вай ба фарзанди худ Фарҳод васият кардааст, ки аз ҳисобаш 10 нафарро ба зиёрати Каъба фиристад, ё барои мактаби деҳа ягон амали солеҳро ба анҷом расонад. Фарҳод ва модари ӯ ҳоҷимомо Мамлакат Фаттоева тасмим мегиранд, ки барои дабистон ягон кори хайреро ба сомон расонда, васияти азизи худро иҷро кунанд. Саодат чун мегӯяд, ки мактаб китобхонае надорад ва шогирдонаш ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд, Фарҳоду холаи Мамлакат бо хушҳолӣ сохтани онро бар зимма мегиранд. Дар муддати кӯтоҳе бинои наву муҷаҳҳази китобхонаро сохта, армуғон мекунанд.  
Ҳоло мактаб соҳиби як китобхонаи намунавие аст, ки назираш дар дигар мактабҳо пайдо нест. Кунун китобхонаи «Мактаби Саодат» аз китобҳо бой аст.

Шогирдони номбардори мактаб

Забони таълим дар мактаб тоҷикӣ аст ва бинобар кӯшиши омӯзгорони соҳибтаҷриба ин маскани илм дар муддати кӯтоҳе шӯҳратманд гаштааст. Дар дабистон устодони тоифаашон баланд машғули тадрис ҳастанд. Муаллима номи чанде аз онҳоро бо фахр ба забон меронад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон Насруллоҳ Эшбоев (забон ва адабиёти тоҷик), Саидхӯҷа Аминов (таърих), Интизор Муродуллоева (забони давлатӣ), Малоҳат Раҷабова (забони рӯсӣ), Мушкинисо Мустафоқулова (забони англисӣ), Фирӯза Бобоева ва Майсара Сангинова (синфҳои ибтидоӣ), ки ҳар кадом тоифаҳои оливу якумро соҳибанд, бетардид аламбардорони мактаб ба ҳисоб мераванд. Имсол шогирдон дар озмуни вилоятӣ аз фанҳо натиҷаи назаррасе ба даст оварданд. Хонандаи синфи 9 Фаришта Қурбонназарова аз забони давлатӣ соҳиби ҷои аввал гардид ва бо ҷоизаи 2 миллион сӯм ба деҳа баргашт. Шогирди ҳамин синф Зайниддин Сафаров аз фанни забон ва адабиёти тоҷик мақоми сеюмро ишғол намуд. Омина Муҳибова, хонандаи синфи 10 аз забони давлатӣ сазовори ҷои сеюм дониста шуд. Ин ҳама муваффақият натиҷаи часпу талошҳои омӯзгорон аст, ки таълими шогирдонро хуб ба роҳ мондаанд. 

Духтари раис

Саодат дар деҳаи Сариҷӯй бо номи «Духтари раис» машҳур аст. Падари ӯ замоне раиси ҷамоати ба номи Йӯлдош Охунбобоев буд. Ин марди ҳақҷӯ ва покгавҳар Абдусаттор Сангинов ном дошта, солҳои 1968-1981 дар курсии раисӣ буд ва дар замонаш барои ободии маҳал басо хидмат кардааст, ки кунун мардум ӯро бо некӣ ба ёд меоранд.  Саодат дар оилаи ҳамин марди хушном 22-юми январи соли 1967 чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Вай фарзанди панҷуми хонадон. Аслан амаки Абдусаттору холаи Хосият соҳиби 7 фарзанд буданд: – Абдураҳмон, Муродуллоҳ, Нарзуллоҳ, Саида, Саломат, Саодат ва Адолат. Абдураҳмон муҳандис буд, аммо умр вафо накард ва дар 33-солагӣ аз дунё гузашт. Муродуллоҳу Нарзуллоҳ хондаву чун бародар соҳибмаълумот гаштанд ва яке ҳисобдон ва дигаре пешаи геолог – заминшиносиро фаро гирифт. Аз духтарон танҳо Саодат маълумоти олӣ дорад. Саодат аз хурдӣ нозпарварди падар буд ва бо дархости қиблагоҳ пайваста шеър азбар мекард. Дар натиҷа меҳри адабиёт ва санъат дар дили ӯ маҳкам ҷой гирифт. Соли 1984 мактабро бо баҳои аъло хатм намуд. Вай ба омӯзишгоҳи мусиқӣ ҳуҷҷат супорид ва аз ин маскан дипломи сурх ба даст овард. Соли 1998 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраеви Тоҷикистон дохил шуд ва соли 2003 таҳсилоти олиро бо ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ ба итмом расонид. Аз ин даргоҳ низ бо дипломи сурх ба зодгоҳ баргашт. Корро дар мактаби рақами 38-ум чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оғоз карда, аз соли 2022 дар мактаби рақами 82-юм раҳбар таъин гардид. Саодат аз рӯзҳои нахустини кор нишон дод, ки дар ҳирфаи худ шахси тасодуфӣ нест.

Бонуи эҷодкор

Саодат вақте муаллима буд, рисолаи дастурие навишт, ки «Дарс ва намудҳои он» ном дошт. Дар ин рисола намунаҳои беҳтарини дарсро аз таҷрибаи худ бо сабки зебое иншо намуда, соли 2018 дар шакли китобчаи алоҳидае мунташир сохт, ки даҳҳо омӯзгорони ҷавон хондаву дониш ва таҷрибаи худро сайқал доданд. То ҳол ин дастури методӣ аҳамияти худро аз даст надодааст.  Аммо Саодат нишон дод, ки ба навиштани асарҳои назмиву насрӣ низ дасти баланде дошта, ҳоло чун яке аз қаламкашони муваффақи воҳаи Сурхон муаррифӣ мешавад. Вай соли 2022 ду маҷмӯаи қаламиҳои худро ба нашр расонд. Яке «Субҳи саодат» ном дошта, иборат аз шеърҳо аст ва нашриёти «Маҳорат»-и шаҳри Самарқанд мунташир сохт. Навиштаҳои манзуми Саодатро аҳли адаб хеле хуб пазируфтанд. Вай боз дар навиштани ҳикоёти тамсилӣ маҳорати хубе дорад. Намунаҳои эҷоди насрии ӯ дар маҷмӯаи «Дидор» фароҳам омада, аз тариқи нашриёти «Сурхон-нашр» чоп шудааст.    
Саодат Сангинова мегӯяд, ҳарчанд роҳбари як дабистон аст ва сад ташвишеро дар дӯш дорад, фурсат ёфтаву ба эҷод низ машғул мегардад. Мактаби эҷодии яке аз шоирони номдори вилояти Сурхондарё – Абдуллоҳ Раҳмонро гузашта, ҳоло ғазалҳои хеле марғубу дилписанд эҷод мекунад.
Аммо ба гуфтаи худаш, вай боз ҳам ба кори омӯзгорӣ дилкашол аст ва аз нақши ин пешаи муборак дар пешрафти ҷомеа басо мамнун. Эътибори ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи таълим ва сифати он обрӯи омӯзгоронро хоҳад афзуд ва масъулияти онҳоро барои расидан ба як кишвари пешқадам боло хоҳад бурд.

Қаҳрамони замон

Омӯзгорон ва раҳбароне мисли Саодат Сангинова қаҳрамонони замони мо ҳастанд. Вай омӯзгори тоифаи олӣ, ҳукумат барои хидматҳояш бо унвони «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» мушарраф гардондааст. Бояд таъкид кард, ки омӯхтани таҷрибаи кории Сангинова, бешак, ба фоидаи аҳли маориф хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин авохир ислоҳоти густурдаеро дар соҳаи таълим пиёда сохта, мутмаин аст, ки дар ояндаи наздик самари худро медиҳад ва кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ чун як давлати пешқадам ва босубот муаррифӣ месозад. 
Хидматҳои шахсони ҷонфидо бояд қадр шаванд. Аммо Сангинова мегӯяд, ин ҳама корҳоро барои шӯҳрат ё ягон ғарази дигаре ба сомон нарасонидааст. Ободкорӣ ва фидокориҳо ба ӯ аз қиблагоҳи бузургаш, раиси номвар – Абдусаттор Сангинов ба мерос монда, ҳар амалеро ба анҷом расонидааст, ба хотири минбаъдаи шукуфоии Ватан ва шогирдони иззатмандаш кардааст.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: