МАКТАБИ ТАКМИЛИ КАСБУ МАҲОРАТ

Дар ноҳияи Сӯх бо ибтикори бахши ноҳиявии шӯрои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон «Мактаби журналистони ҷавон» таъсис ёфт.

Ба он як гурӯҳ ҷавононе ҷалб карда шуданд, ки ба касби хабарнигорӣ, навиштани хабару мақолаҳо шавқу ҳаваси калон доранд. 
Ин мактаб мусоидат хоҳад кард, ки ҷавонони деҳоти ноҳияи мазкур нозукиҳои касби хабарнигориро аз мутахассисон омӯзанд, донишу маҳорати худро дар соҳаи журналистика такмил диҳанд. Гуфта мешавад, кормандони рӯзномаи «Садои Сӯх» ва студияи телевизионии «Сӯх» ба ҷавонон дарси маҳорату малакаи журналистӣ мегузаранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: