МАКТАБИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ЛОИҲА ГАРДИД

Мактаби таҳсилоти умумии 17-уми шаҳри Ангрен барои дастгирии фаъолона дар лоиҳаи «Мактаби бе телефон» соҳиби 300 миллион сӯм гардид.

Барои супурдани он ҳокими вилояти Тошканд Зойир Мирзоев ба мактаб омада, маъмурият, ҷамоаи омӯзгорон ва донишомӯзони онро бо чунин дастовард табрик гуфт. 
Мактаб дар давоми 50 рӯз лоиҳаи «Мактаби бе телефон»-ро фаъолона дастгирӣ карда, ғолиби он дониста шуд. Маъмурияти мактаб минбаъд низ барои бе телефон ҳозир шудани омӯзгорону донишомӯзон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. 
– Мо ба ҷамоаи мактаб 300 миллион сӯм мукофоти пулӣ супурдем ва онҳо собит намуданд, ки ба чунин мукофот муносиб ҳастанд. Ба туфайли хидматҳои шоёни омӯзгорон – Рухшона Абдуқодирова, Фирӯза Марипова, Абдусалом Худойбердиев, Ҳусниддин Ҳасанов, Доно Шамсиддинова шогирдони мактаб дар озмунҳои фаннӣ ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд.  Минбаъд низ чунин корҳои ҳавасмандкуниро дар байни муассисаҳои таълими умумии вилоятамон тавсеа хоҳем бахшид, – гуфт Зойир Мирзоев.
Вай афзуд, ки дар муассисаи таълими умумии рақами 17 «Вохӯрии ҳокими вилоят бо волидон» низ баргузор гардид. Вай дар ширкати як гурӯҳ волидон оид ба масъалаҳои муҳиме машварат кард, ки сарвари давлат дар назди аҳли ҷомеаи кишвар гузоштааст.
Қобили эътироф аст, ки ин мактаб дар  байни муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр аз ҳар ҷиҳат муассисаи намунавӣ ба ҳисоб меравад.
– Ин дастоварди бузург боиси ифтихори ҷамоаи мактаб ва мардуми маҳаллаи мо мебошад. Чунин қадршиносӣ аз тарафи ҳокимияти вилоят, пеш аз ҳама, масъулияти моро ба чанд карат афзуд, – мегӯяд директори мактаб Зебунисо Маҳкамова.
– Чор нафар шогирдони мо дар озмуни «Конститутсия – гарави озодии мо» ҷои якумро ба даст оварданд. Дар соли таҳсили 2023-2024 мо соҳиби шаҳодатномаи дараҷаи дуюми «Мактаби замонавӣ» гардидем. Дар озмуни «Мактаби беҳтарини таълими забонҳои хориҷӣ» иштирок  кардем ва дар марҳилаи шаҳрӣ ҷои дуюмро ишғол намуда, ба мукофоти  75 миллион сӯмина соҳиб шудем. Дар ҷамоаи мактаб се нафар «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва як нафар соҳиби нишони «Фидоии таълим» кор мекунанд.
Дар айни ҳол 83 нафар омӯзгорони тоифаи олӣ, якум ва дуюм ба 1 ҳазору 419 нафар фарзандони мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Наврӯз-1», «Намуна», «Боғи сурх», «Майдон» ва  «Чотқол» сабақ медиҳанд. Аз шумори онҳо таҷрибаи 23 нафар омӯзгорони мактаб дар миқёси ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр қобили тарғиб қарор гирифтааст. 
Ногуфта намонад, ки дар даромадгоҳи мактаб бо ибтикори ҳокимияти шаҳр дастгоҳҳои электронӣ насб гардидаанд, ки ба бино ворид ва хориҷ шудани ҳар як хонандаро қайд мекунад ва ҳамон замон ба падару модарон ба мактаб омадан ва ё аз мактаб баромадани фарзандашон хабар меравад. Ин ба волидон имкон медиҳад  огоҳ бошанд, ки фарзандашон дар куҷо ва машғули чист.  

Зайниддин ИБРОҲИМОВ,
шаҳри Ангрен.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: