МАКТАБУ ОМӮЗГОРИ МАН БУД

Ёд надорам, ки бори аввал кай рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро хондаам...

 Шояд баробари дар мактаб хату савод омӯхтанам, ибтидои солҳои шастуми асри гузашта буд. Зеро падарам ва апаам сардори бригадаи пахтакорӣ буданд ва хаткашон ба хонаи мо рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде меовард. Дар байни онҳо ин рӯзнома бо забони тоҷикӣ буду аз Тошканд мебаромад. Ҳанӯз вақте ки дар синфи панҷум мехондем, боре муаллими адабиётамон Ҳикматулло Қодиров супориш доданд, ки дар ягон мавзӯъ шеър нависем. Ҳама қалам ба даст гирифтем ва ба фикр фурӯ рафта, машғули «эҷод» шудем. Дар тасаввури кӯдаконаи мо навиштани шеър хеле осон менамуд. Вале на ҳама тавонистем, ки чизе нависем. Ман ҳам «шеър»-е гуфтам, ки номаш «Занбӯр» буд. Ҳоло чанд мисраъ аз он дар ёдам мондааст:
Занбӯр рафт паррон-
паррон,
Ба гӯшаи синфамон.
Ногоҳ ӯро Сайфӣ дид,
Даррав аз гӯшаш қапид...
Ин «шеър» тахминан 8 байт буд. Мазмунаш Занбӯр – номи газетаи ҳаҷвии мактаб  ба синфи мо даромада танбалу нодонҳоро шикор карданӣ мешавад. Аввал онро Сайфулло (манзили охираташ обод бод!) дида, аз синф пеш мекунад. Баъд талабаҳои дигар ҳам ба ӯ ҳуҷум мекунанд. Ин маънои рамзӣ дошт. Он солҳо (1965-1966) дар мактаби деҳаи Қизилой мехондем.
Вақте ки дар синфи ҳафтум мехондему дар деҳаи Янгибоғи мо мактаб сохтанд, бо роҳбарии муаллимонамон С.Хидиров, Б.Саломов ва Ғ.Азизов дар баровардани газетаи деворӣ иштирок мекардем.
Ҳангоми дар синфи нӯҳум хондан бо кумаки муаллим Ғ.Азизов хабари аввалинамро ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон» равона кардам. Пас аз чанд рӯз онро дар саҳифаи рӯзнома дида болу пар баровардам!
Шеърҳои устод Ҷонибекро аз саҳифаҳои рӯзнома мехондем. Боре ман ҳам чанд шеъри навмашқонаи худро ба рӯзнома фиристодам, устод аз тариқи мактуб ба ман роҳу равиш нишон доданд. Як дафъа, ҳатто ду рубоиям чоп шуд. 
Баъди хатми мактаб ҳамон як хабар ва ду рубоиро ба  коғази сафеде часпонда, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон рафтам.
Дар қабулгоҳ ҳуҷҷатҳоямро дидаву санҷида дида: «Эҳе!
Шумо журналисти тайёр-ку,» – гуфта маро хеле таъриф ҳам карданд.
Бахтам тофту донишҷӯ шудам. Ҳангоми таҳсил ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ хабару лавҳаҳо ва гоҳо шеър мефиристодам.
Ҳоло ба роҳи дуру дарози умри гузаштаи худ назар андохта, маводи гуногуни худро дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ёд меорам. Фелъетони «Омаданду рафтанд», мақолаи танқидии «Тӯҳматчиён беҷазо монданд», лавҳа, тарона, очерк, ҳикоя, шеърҳо, хабару мақолаҳои дар давоми 55 соли гузашта чопшудаам чун навори кино аз пеши назарам мегузаранд. 
«Овози тоҷик» барои ман мактаб, кормандонаш омӯзгор буданд. Барои ман, ки пас аз хатми донишгоҳ ҳамагӣ 5 сол дар рӯзномаи ӯзбекии «Сариосиё ҳақи-қати» кор кардам, он замон «Ҳақиқати Ӯзбекистон манбаи ягонаи эҷод буд. Ба ман супориш медоданд. Ба ҷону дил иҷро мекардам. Очеркҳои «Нақши зиндагӣ», «Пирамард», «Дастони шифобахш», «Дар ошёни баланд», «Диловари саҳро» ва боз бисёр мақолаҳои дигарам маҳз дар ҳамин рӯзномаи ягонаи тоҷикӣ рӯйи чопро дидаанд. Ҳоло бо эҳтироми бузург номи сармуҳаррири он Шавкат Ниёзов, кормандони рӯзнома Ҷонибек Қувноқов, Ҳамидҷон Қиличев, Юсуфалӣ Мирзоев, Маъруф Отахоновро ба ёд меорам, ки ба ман ҳаққи устодӣ доштанд. 
Инак, садои дили тоҷикони Ӯзбекистон – рӯзномаи «Овози тоҷик» ба синни мубораки 100 расидааст.
Ҳамаи кормандони рӯз-номаи бонуфузро бо ин ҷашни муборак аз самими қалб табрик мегӯям. Бигузор, ҳамаи онҳо мисли рӯзнома умри пурмазмуну тӯлонӣ бинанд.

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: