«МАКТАБҲОИ ИСМОИЛОВ»

ё нақл дар бораи хабарнигоре, ки касе гапи ӯро ду намекард

Номи Султоналӣ Исмоилов ҳамчун мухбири «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар водии Фарғона бароям ҳанӯз аз давраҳои донишҷӯӣ ошно буд. Бештар дар суҳбатҳои бузургсолони Сӯх ва Риштон номи вай ҳамчун журналисти бебок вирди забон мегардид. Боз шодравон Султоналӣ Исмоилов ҳамчун шахсе муаррифӣ мешуд, ки дар рушду такомули забону фарҳанги тоҷик дар водии Фарғона саҳми бузург  гузоштааст.

Шодравон Султоналӣ Исмоилов 7 январи соли 1927 дар деҳаи Қалъача, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Кафтархонаи ноҳияи Водил (ҳоло ноҳияи Фарғона) чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Дар синни 3-солагӣ аз падар ятим монда, модараш Уғулбӣ ва бародараш Ҷӯрабой ба тарбияи вай машғул шудаанд. Бародараш Аҳмадалӣ соли 1937 ба хидмати аскарӣ даъват шуда, дар ҷанги зидди финҳо ширкат кардааст, беному нишон мондааст. Дар ҷанги зидди фашизм аз Ҷӯрабой низ хати сиёҳ омада, тамоми бори зиндагӣ ба зиммаи модар ва Султоналии наврас мондааст.
Баъди хатми синфи ҳаштум синфҳои 9 ва 10-умро дар мактаби рақами 42 юми ноҳия ғоибона тамом мекунад. Баъд дар шуъбаи ғоибонаи Институти омӯзгории Фарғона таҳсил намуда, дар мактаби рақами 42 аввал ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва баъд дар вазифаи мудири қисми илмӣ кор мекунад. Соли 1943 ӯро ба «Фарҳодстрой» сафарбар мекунанд ва баъди як сол фаъолияташро ба ҳайси омӯзгор дубора давом медиҳад.    
Соли 1944 таҳти роҳбарии Султоналӣ Исмоилов бригадаи 25-нафарии «Атака» ташкил меёбад. Онҳо дар 60 гектар пахта парвариш намуда, 40 сентнерӣ ҳосили хушсифат мерӯёнанд. Барои чунин натиҷаи баланд ба  ордени «Байрақи сурхи меҳнат» сарфароз шудааст. 
Соли 1945 бо тавсияи обкоми вилоят курси кӯтоҳмуддати Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм намуда, чанд сол дар кори комсомол кор мекунад. Дар як вақт вазифаи муҳаррири рӯзномаи «Пахта учун»-ро иҷро карда, дар соҳаи журналистика аввалин мақолаҳоро таълифу нашр менамояд.
С. Исмоилов солҳои 1951-1954 ба кори ҳизбӣ гузашта, дар рӯзномаи «Ҳаёти колхоз» мақолаҳо чоп мекунад. Соли 1954 дубора барои таҳсил ба шуъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбӣ фиристода мешавад. Аз ҳамон давр сар карда нисбати хабарнигорӣ иштиёқи зиёд пайдо мекунад ва дар рӯзномаҳои «Ӯзбекистон маданияти» ва «Янги йӯл» мақолаҳои зиёд ба табъ мерасонад.
Дар ин росто аз таҷрибаи журналистони ҳирфаии ҳамон давр, мисли Абдулло Ҳакимов, Васфӣ, Шамси Қамар, Мақсуд Қориев, Исмоил Тӯхтасинов, Юсуфҷон Хонкелдиев ва Абдулло Мирзоев баҳра мебарад. Муҳтавои бештарин мақолаҳои ӯро ғайр аз масъалаҳои муҳими давру замон, инчунин тарғиби дӯстиву рафоқати байни тоҷикону ӯзбекон ташкил медиҳад. 
Дар варақҳои парокандае, ки хотираҳои ӯ акс ёфтаанд, омадааст, ки ба унвони Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон нома навишта, талаб кард, ки дар кумитаҳои радиошунавонии вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Бухоро пахши барномаҳои тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. КМ ин талаби ӯро қонеъ кард ва то ҳанӯз ин барномаҳо фаъолияти худро ба забони тоҷикӣ дар ин се вилоят давом медиҳанд. Устод Исмоилов муҳарририи гуфторҳои тоҷикии радиои вилояти Фарғонаро низ бар дӯш доштааст.
– Соли 1971 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва ду соли хидмати аскарӣ ба радиои вилояти Фарғона ба кор омадам, ки бо сайъ ва эҳтимоми ин шахсияти бузург барномаҳо пахш менамуд. Турсунойапа Мамаҷонова ровиии гуфторҳои тоҷикӣ буданд. Як пойи Султоналӣ Исмоилов ҳамеша назди мо буд ва бо маслиҳату машварти он кас барномаҳои гуногун таҳия мекардем. Яке аз ин вижагуфторҳо радиомаҷаллаи «Ҷавонӣ» унвон дошт, ки ҳафтае як бор пахш мегардид, – мегӯяд Ҳисомиддин Абдувалиев.
Ба гуфтаи ӯ С. Исмоилов бисёр одами хоксор, вале боҷуръату матинирода буд. Ҳеч кас гапи ӯро ду намекард, зеро ҳурматаш баланд ва дар иҷрои ҳар кор устуворӣ нишон медодааст. Ҳисомиддинака мегӯяд, устод хосияти моткунӣ дошт ва фикри худро ба мусоҳибаш бо садои баланд баён мекард. Миллатдӯстии он кас назир надошт, вале ба миллатҳои дигар муаддабона арҷу эҳтиром мегузошт. 
– Ҷисму ҷон ва вуҷуди Султоналӣ Исмоилов тоҷикӣ буд, – меафзояд бо ифтихор Ҳисомиддин Абдувалиев. 
Соли 1968 таҳти унвони «Таърихи совхози Сӯхи ноҳияи Риштони вилояти Фарғона» нахустин китоби ӯ аз чоп баромад, ки дар он мақолаҳояш оид ба фаъолияти ин хоҷагӣ ва одамони шуҳратёри Сӯх акси худро ёфтаанд. Ин китоб соли 1977 дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст. Шурӯъ аз соли 1969 ба вижагуфтори радиои вилоят таҳти унвони «Муаллим» муҳаррирӣ кардааст ва ба гирифтани унвони фахрии «Муҳаррири ифтихорӣ»-и радиои вилоят муяссар шудааст.
– Рӯзе бо иҷозати Султоналӣ Исмоилов китобчаи ӯро варақ задам. Дар он суҳбат ва ҷавоб ба саволҳо бо Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Тӯрақӯрғон Мамадхон Бобохонов, лауреати мукофоти давлатӣ, сохтумончӣ А. Ҳайдарови риштонӣ, котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Чуст Самархон Каримов, котибони якуми кумитаҳои ҳизбии вилоятҳои Андиҷон ва Фарғона Иномхӯҷа Бузрукхӯҷаев ва Фахриддин Шамсиддинов сабт ёфта буд. Чунин суҳбату мулоқот бо роҳбарони баландмартаба ҷуръати хос тақозо менамуд. Бори дигар ба ҷасорати ин марди асил қоил мондам ва дар ин бора ба журналистони ҷавон борҳо бо ифтихор ҳарф задам, – ёдовар шуд мухбири собиқи шуъбаи тоҷикии радиои Фарғона Ғуломҷон Бурҳонов. 
Иқдоми дигаре, ки вай анҷом додааст, дар ноҳияи Риштон ташкил намудани курси яксолаи муаллимтайёркунӣ мебошад, ки хатмкунандагони он барои кор ба синфҳои ибтидоии мактабҳои тоҷикӣ сафарбар шудаанд.
Вақте ки Султоналӣ Исмоилов мухбири рӯзномаи «Ҳа-қиқати Ӯзбекистон» дар водии Фарғона таъин мегардад, ифтихораш боло мегирад ва боз бештар барои ҳимояи манфиатҳои тоҷикон ва кушодани синфу мактабҳои тоҷикӣ камари ҳиммат мебандад. Дар байни падару модарон корҳои тарғиботӣ мебарад ва дар чанд деҳи ноҳияҳои Фарғона, Қува, Ёзёвон, Риштон, шаҳри Қувасой синфу мактабҳои тоҷикӣ мекушояд.  
Ҳоло аз ҳамон мактабҳои тоҷикии рақами  45 ва 21-уми деҳаи Кафтархона, рақами 47 ва 49-уми деҳаи  Лоғон, рақами 39-уми деҳаи Аввал, рақами 40 ва 41-уми деҳаҳои Оқтом ва Дамкӯли ноҳияи Фарғона, мактаби деҳаҳои Арсиф, Волик, Суфон, Қалъача ва Гулпиёни шаҳри Қувасой нишоне боқӣ намондааст ва фарзандони сокинони он аз забону фарҳанги миллии худ фарсахҳо дур мондаанд, ки боиси таассуф мебошад. Аммо онҳое, ки аз ҷонфидоиҳои Султоналӣ Исмоилов воқиф буданд, то ҳол ин мактабҳоро «Мактабҳои Исмоилов» мегӯянд.
– Падарам дар даҳсолаи ахири умри худ ба бемории диққи нафас дучор гардиданд. Ҳарчанд духтурон талоши зиёд ба харҷ доданд, аммо ҷони вайро наҷот дода натавонистанд. Падарҷонам дигар сар аз болини беморӣ набардоштанд ва дар 53-солагӣ ин дунёро тарк гуфтанд, – мегӯяд писари ӯ Ҳамза Исмоилов. – Хидматҳои бузурги он кас дар назди кишвар ва миллат боиси хушбативу сарфарозии мо, фарзандон мебошад. 
Дар авохири солҳои 60-ум ва аввали солҳои 70-уми қарни гузашта дар ноҳияҳои тоҷикнишини вилоятҳои Андиҷон ва Намангон низ синфу мактабҳои тоҷикӣ ташкил карда шудаанд. 
– Хеле хуб дар ёдам мондааст, ки боре Султоналӣ Исмоилов мо, як гурӯҳ донишомӯзони мактабҳои ноҳияи Фарғонаро ба Кумитаи радиошунавонии вилоят овардаву садоямонро сабт кунонида буд. Ҳамон солҳо дар гуфторҳои тоҷикии радиои вилоят барои наврасон барномаи хос пахш мешуд. Сонӣ маҳз бо иқдоми ин шахси маъруф нахустин дар омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Чуст ва Косонсойи вилояти Намангон гурӯҳҳои тоҷикӣ таъсис дода шуданд. Вай ҷавонони зиёди тоҷиктаборро аз шаҳру рустоҳои вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷон тарғиб намудааст, ки ба ин омӯзишгоҳ омада дохил шаванд. Баъди анҷоми таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ ба забони тоҷикӣ ба шогирдон дарс хоҳанд дод, – мегӯяд сокини деҳаи Оқтоми ноҳияи Фарғона  Алишер Холов.
Ба гуфтаи ӯ Исмоилов гурӯҳи 16 нафарии ҷавонони деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Фарғона ва шаҳри Қувасойро, ки аз панҷ нафар писар ва 11 нафар духтар иборат буд, ба шаҳри Чуст раҳнамоӣ кардааст. Бо тавсияи ӯ ҳамаи онҳо ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудаанд. Алишер низ дар сафи шомилшудагон қарор доштааст. А. Холов боз мегӯяд, ки баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории Чуст бо машварати устод Султоналӣ Исмоилов чаҳор нафар хатмкунандагони омӯзишгоҳ таҳсилро дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд давом доданд ва соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.
Нигорандаи ин сатрҳо соли 1978 дар курси панҷуми риштаи журналистии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекардам. Ҳамаи 17 нафар журналистони оянда машғули навиштани кори дипломӣ будем. Лиҳозо, аз Султоналӣ Исмоилов номае дарёфт кардам, ки ба он мактуби расмии раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, сардабири рӯзномаи «Коммуна»-и вилояти Фарғона Абдулло Мирзоев низ илова шуда буд. Аз хондани нома ҳайратам афзуд, зеро устоди шодравон навишта буд, ки мактуби расмиро аз ҳозир ба деканат супорам ва бар асоси он донишгоҳ бароям дипломи озод хоҳад дод. Сонӣ метавонам бо ҳамон диплом мустақим ба Фарғона оям ва ҳамроҳи вай кор кунам. «Туро ба Академияи илмҳои иҷтимоӣ ба Маскав барои хондан мефиристем» навишта буд устод Исмоилов. Хурсандона ин навидро ба падару модарам гуфтам. Онҳо аз ин хабар хеле шоду хурсанд шуданд. 
Вале дар арафаи ҳимояи рисолаи дипломӣ аз Фарғона хабари шум расид: «Султоналӣ Исмоилов, ки дер боз ба бемории сахти диққи нафас мубтало буд, ҷон ба Ҳақ супурд». Ин хабар маро мутаассир сохт. Аз хаёлам фақат як фикр мегузашт: «Акнун бо дипломи озод назди кӣ хоҳам рафт ва чӣ гуна шомили кор хоҳам шуд?»  
Баъди хатми донишгоҳ панҷ моҳи расо дар ҷустуҷӯи кор сарсону саргардон шудам. Ҷои нарафтаву идораи муроҷиат накардаам намонд. Дар Кумитаи радиошунавонӣ касе ба ҳарфам гӯш надод. Борҳо остонаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро охурча кардам, вале мурод ҳосил нашуд. Оқибат ба рӯзномаи «Риштон ҳақиқати» ба сифати мусаҳҳеҳ ба кор даромадам. 
– Султоналӣ Исмоиловро аксарият ҳамчун устод, шахси мӯътабар ва соҳибэҳтиром эъзоз мекарданд. Ман дар мактаби тоҷикии деҳаи Дамкӯл аз забону адабиёт дарс медодам. Рӯзе Султоналӣ Исмоилов ба мактаб омад ва аз ман даъват намуд, ки ба кор ба радиои вилоят биёям. Аз авоили соли 1972 дар шӯъбаи тоҷикии ин радио ба фаъолият оғоз намудам. Устод ба ҳайси мухбири «Ҳақиқати Ӯзбекистон» матолибе чоп мекард, ки бештари он маншаъи танқидӣ доштанд ва суръати бартараф шудани мушкилоту муаммоҳои мардумро метезониданд. Роҳбарони идораҳои болоиро водор менамуд, ки нисбати мақолаҳои танқидиаш дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» вокуниши расмӣ нишон диҳанд, – мегӯяд Каримҷон Муҳиддинов, собиқ мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона.
Ба гуфтаи К. Муҳиддинов дар идораи Кумитаи ҳизбии вилоят барои қабулхонаи рӯзнома утоқи алоҳида ҷудо карда буданд. Он ҷо муштариёни доимии рӯзнома гирдиҳам меомаданд ва доир ба масъалаҳои гуногун баҳсу мунозираҳо мекарданд. Онҳое, ки дар ҳалли ягон муаммо оҷиз мондаанд, низ ба ин қабулгоҳ омада, ба Султоналӣ Исмоилов вазъиятро мефаҳмониданд ва бо кумаки ӯ ба ҳалли масъала муваффақ мешудаанд.
Ин бузургвори журналистика зимни ҳаёт будан дар байни аҳли адабу фарҳанг ҳамчун нотиқу сухандон низ ном баровардааст. Ҳар ҷо равад, бо мусоҳибон самимӣ суҳбат кардаву ба дили онҳо хеле зуд роҳ меёфтааст. Аввал аз мушкилоти онҳо пурсон мешудааст ва баъд ба асли мақсад гузашта, барои мақола мавод меғундоштааст. Сонӣ як мақолаи кори калон навишта, дар саҳифаи рӯзнома дарҷ мекардааст. Баъди нашри мақола мусоҳибон ҳайрон мемондаанд, ки дар ҳақи онҳо ба ҷои таърифу тавсиф, интиқоди шадид истифода шудааст. Ин хислати ҳирфаии ӯро шогирдони зиёдаш пайравӣ кардаанд, аммо ба пуррагӣ барояшон муяссар нашудааст, ки устоди худро ба ҳайрат оваранд.
Султоналӣ Исмоилов барои заҳматҳояш дар соҳаҳои гуногун ғайр аз ордене, ки зикраш дар боло рафт, инчунин бо якчанд медали ҷашнии ҷангу меҳнат ва грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ӯзбекистон, Кумитаи Марказии ЛКСМ, Кумитаи ҳизбии вилоят, рӯзномаҳои «Правда» ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва амсоли он сазовор гардидааст. С. Исмоилов узви иттифоқҳои журналистони Иттиҳоди шӯравӣ ва Ӯзбекистон буд.
Ногуфта намонад, ки устоди шодравон аз издивоҷи аввал соҳиби як писар шудааст. Усмоналӣ Исмоилов фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Ӯ тӯли беш аз бист сол дар мақоми раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона фаъолият кардааст ва аз пайи падар рафта, дар рушди забону фарҳанги миллии тоҷикони вилоят нақши муассир бозидааст. Усмоналӣ бар асари беморӣ соли 2019 бо ин дунё падруд гуфтааст.
Ҳамсари дувуми Султоналӣ Исмоилов Кароматхони лоғонӣ мебошад. Вай ҳамчун дӯзандаи моҳиру чобук ном бароварда, мавриди таваҷҷуҳи шавҳари ояндааш қарор гирифтааст. Онҳо соҳиби ду писару як духтар шудаанд. Апаи Кароматхон соли 2011 дар синни 77  фавтидааст. Фарзанди калонии онҳо – Ҳамза ва духтарашон – Зебунисо – омӯзгор, Улуғбек ба соҳибкорӣ машғул мебошад. Аз ин хонавода Дилёра ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияро ба даст овардааст ва дар ҳамин ҳол устоди Донишгоҳи технологияи иттилоотии Тошканд мебошад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: