МАКТАБҲОИ ҲУНАРМАНДИИ ЧУСТИЁН

Тӯли се соли охирин дар кишварамон бо ташаббуси сарвари давлат ободонию бунёдкориҳои васеъмиқёс ба роҳ монда, лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд ва бо ҳамкорони хориҷӣ корхонаҳои муштарак ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Тӯли се соли охирин дар кишварамон бо ташаббуси сарвари давлат ободонию бунёдкориҳои васеъмиқёс ба роҳ монда, лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд ва бо ҳамкорони хориҷӣ корхонаҳои муштарак ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Ташрифи навбатии сарвари давлатамон ба вилояти Намангон муносибатҳоямонро ба ҳаёти оянда, кори худ, аз рӯйи иҷрои вазифаҳои пешистода дигаргун кард. 
Дар ҷамъомади зимни ташриф маърӯзаи ҳисоботии ҷонишинони сарвазир, вазирон, мутасаддиёни соҳаи иқтисодиёт ва ҳокимони ноҳияҳо шунида шуд.
Чуст аз қадимулайём маркази ҳунармандон шуморида мешавад ва бошандагони он бо ҳунари кордсозӣ, тоқидӯзӣ, миёнабанд ва ҷомадӯзӣ, масолеҳи қаннодӣ, кандакорӣ, косибӣ, оҳангарӣ, наққошӣ, дуредгарӣ машғул буданд.
Қобили қайд аст, ки кордсозӣ ва тоқидӯзӣ ҳунари миллӣ ва анъанавии чустиён ба шумор меравад. Барои кордсозон ва тоқидӯзони чустӣ ягон маҳфил ва ё мактаби ҳунаромӯзӣ лозим нест. Онҳо аз синни бачагӣ ин ҳунарҳоро аз падару бобоёнашон ва модару модаркалонашон меомӯзанд. Барои ҳамин ҳам мардон ва бонувони чустӣ дар куҷо ва дар кадом вазифа кор накунанд, дар вақти холии худ, бо ин касби меросӣ машғул мешаванд.
Дар рӯзҳои пандемия хонандагони мактабҳои шаҳри Чуст, баробари дар машғулиятҳои онлайн иштирок кардан, вақтҳои холиашон бо ин ҳунари деринаи дӯстдоштаашон машғул мешаванд.
Аввалин солҳои истиқлолияти мамлакатамон дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳ, ҳар сол гузаронидани иди ҳунармандон ба ҳукми анъана даромада буд. Дар он ҳунармандон намоиши маҳсулоти дастии худро ба меҳмонон пешкаш мекарданд. Ҳар сол рӯзҳои тобистон дар боғ фурӯши кордҳои миллӣ ва тоқиҳои чустӣ ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади ривоҷёбии фаъолияти ҳунармандони чустӣ ташкил намудани корхонаи истеҳсолии «Ҳунармандии миллии Чуст», «Маркази миллии ҳунармандон» таклиф карда шуд. Бо ҳамин ҳунармандони чустӣ бо касбҳои дӯстдоштаашон машғул мешаванд ва анъанаи деринаи устоду шогирдро идома медиҳанд.

Саида НАСИМХОНОВА, роҳбари шуъбаи маркази маънавият ва маданияти ноҳияи Чусти вилояти Намангон.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: