МАКТУБ

Сорбон аз фикру хаёлҳои беохир азият мекашид. «Ба болои сӯхта – намакоб» шеъри навакак хондааш ба дили захмини ӯ намак пошид:

Сорбон аз фикру хаёлҳои беохир азият мекашид. «Ба болои сӯхта – намакоб» шеъри навакак хондааш ба дили захмини ӯ намак пошид:
Туӣ худ орзуи ман, камоли 
ҷустуҷӯйи ман,
Агар ҷонам рамақ дорад, 
туро ман дӯст медорам...
«Гуфтанам лозим аст, – фикр кард Сорбон, – то кай пинҳон медорам? Барои чӣ аз бахтам рӯ тобам? Барои чӣ худро азоб диҳам? Худи ҳамин рӯз ба Сунбула ҳамаашро мефаҳмонам...»
Сунбула бо Сорбон ҳамкасб аст, дар як корхона кор мекунанд, ҳатто дар як утоқ мешинанд.
Ба коргоҳ омадани Сунбуларо як сол мешавад. Як сол боз Сорбон орому ҳаловаташро гум кардааст. Фақат ҳамин духтарро фикр мекунад. Духтар ҳам гӯё ба ӯ бефарқ нест. Аммо, дар миён  садде ҳаст, ки Сорбон наметавонад аз он гузараду эҳсосоташро ошкор созад...
Сорбон рӯзе фикрашро як ҷо ҷамъ намуда, дар танҳоӣ ба Сунбула гап кушод.
– Сунбула, – гуфт ӯ бо ҳаяҷон, – ба шумо як гап гуфтаниям.
– Чӣ хел гап будааст? – миҷгонҳои дарозашро бозӣ доронда пурсид Сунбула.
Сорбон дасту по гум кард ва баъди фурсате худро ба даст гирифт.
– Ман..., ман дер боз шуморо назора мекунам. Шуморо бинам, худро гум мекунам, Сунбулахон..., шуморо дӯст медорам...
Сорбон интизори он буд, ки Сунбула гапҳои ӯро намеписандад, бо як қаҳру ғазаб ҷавоб хоҳад дод. Аммо дар чашмони духтар як дилгармӣ ва меҳрро ҳис кард. 
– Ман ҳозир чӣ гуфтанамро намедонам, – бо табассум гуфт Сунбула. 
Ҷавон табассуми духтарро аломати ризо дониста, каме бошад ҳам дилаш таскин ёфт.
– Раҳмат, Сунбулахон, – ҷавон аз хурсандӣ чӣ гуфтанашро намедонист. – Шумо, духтари аҷоиб, дӯстрӯ, меҳрубон. Аммо ман дар хиҷолат ҳастам, ки муносиби шумо ҳастам ё на? Охир, ман оиладор, як писарча дорам... Лекин шуморо аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯст медорам...
Сунбула хомӯш буд.
Баъди ин суҳбат онҳо зуд-зуд вомехӯрданд. Ҳаракат мекарданд, ки дар ҷойи кор танҳо монанд.
Сорбон худро чун ҷавони муҷаррад ҳис мекард, оиладориашро тамоман фаромӯш карда буд. 
– Акаи Сорбон, то кай ману шумо пинҳонӣ вомехӯрем? – рӯзе ғайричашмдошт пурсид Сунбула.
Забони Сорбон гирифт. Чӣ гӯяд? «Ҷавоби занамро дода, туро ба занӣ мегирам» гӯяд? Сунбула рост мегӯяд, то кай дар миёни ду оташ мегардад? Ё оилаам, ё Сунбуларо интихоб намуданам лозим. Кадоме аз онҳо азиз? Киро дӯст медорам?
Сорбон дуру дароз фикр кард ва бо як боварӣ гуфт:
– Сунбула, рост мегӯед, ин тарз вохӯрии мо рӯзе фош мегардад. Аз завҷаам ҷудо мешавам...
Сунбула аз хурсандӣ Сорбонро ба оғӯш кашид.
– Ҳамон рӯзро бесаброна интизор мешавам.
– Ман ҳам.
Барои ба висоли духтар расидан омода буд аз баҳри дунё гузарад. Навозиши мӯйҳои қатронӣ, тамошои чашмони оҳумонанди духтар ба ӯ роҳат мебахшид...
Рӯзҳо мегузаштанд, аммо Сорбон ин масъаларо ба назди завҷааш гузоштан наметавонист. Охир, аз ӯ бадӣ надидааст, чашм кушода ҳаминро дидааст, модари фарзандаш. Агар завҷааш донад, ки ӯ дигар занро дӯст медорад, магар ба осонӣ аз ӯ даст мекашад? Кадом зан шавҳарашро бо ду дасти адаб ба рақибаш месупорад?
Эҳтимол, рӯзе мерасиду Сорбон ҷуръат пайдо карда, ба занаш ҳамаашро мефаҳмонд. Аммо воқеае сабаб шуду ӯ аз фикраш гашт.
Рӯзе Сорбон барои овардани писарчааш Собирҷон ба боғча рафт. Дар майдончаи бозӣ духтаракону писаракон бо ҳаёҳу давутоз доштанд. Собирҷону ҷӯрааш Нозим дар хараки таги дарахт менишастанд. Сорбон ба суҳбати онҳо гӯш андохт. 
– Гиря накун, баъди фурсате додоят меояд, ана мебинӣ. Падарон ҳеч гоҳ кӯдаконашонро партофта намераванд, – ба дӯсташ нигоҳ карда мегуфт Собирҷон.
Вуҷуди Сорбон ларзид... «Падарон ҳеч гоҳ кӯдаконашонро партофта намераванд!» 
– Не, ту намедонӣ, додоям аз очаам ҷудо шуд, акнун бо мо зиндагӣ намекунад. Мебинӣ, ки ҳар рӯз маро аз боғча танҳо очаам мегирад, – ҳиқ-ҳиқкунон мегуфт Нозимҷон.
Ин манзара Сорбонро ба риққат овард, чашмонаш нам шуданд. Оҳиста ба назди онҳо гузашт. Собирҷон ӯро дида «додоҷон» гӯён ба гарданаш овезон шуд. Сорбон писарашро маҳкам ба оғӯш гирифт, аз сару рӯяш бӯсид. Баъд ба Нозимҷон нигоҳ кард, писарак бо чашмони пури об ба замин нигоҳ мекард.
– Писарам, хафа нашав, падарат албатта меояд, – гуфту ӯро навозиш кард.
– Шумо аз куҷо медонед? – бо дастони лӯндаяки худ ашки чашмонашро поккунон пурсид Нозимҷон.
– Медонам, чунин як бачаи ширинро кадом номард партофта меравад? Падарат туро бисёр дӯст медорад.
Суханҳои таскиномези Сорбонро шунида чашмони кӯдак аз шодӣ дурахшиданд...
Рӯзи дигар Сорбон ба рӯйи мизи Сунбула мактуб гузошта рафт. Дар мактуб навишта шуда буд: «Сунбула, маро бубахш. Ваъдаамро иҷро карда натавонистам. Аз баҳри оилаам ҳам гузаштан наметавонам. Шумо ҳоло ҷавон, муносиби худро меёбед. Ман ояндаи фарзандамро бояд фикр кунам. Маро фаромӯш кунед гуфтан наметавонам, вале маҷбур ҳастам...»
Сорбон аз кор холӣ шуд. Ҳар рӯзу ҳар соату ҳар дақиқа дидани Сунбула барои ӯ гарон буд. Ба дарди ӯ танҳо шеър марҳам шуда метавонист: «Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам...»

Фариштаи САОДАТ.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: