МАКТУБ САНЪАТИ СУХАН АСТ

«Овози тоҷик» дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат»-и худ ба хонандагон мақолаҳои ҷолибу шавқоварро пешкаш мекунад.

«Овози тоҷик» дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат»-и худ ба хонандагон мақолаҳои ҷолибу шавқоварро пешкаш мекунад. Мақолаи Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ, Аслиддини Қамарзода бо номи «Чаро мактубнависӣ гум шуд?» («Овози тоҷик», № 63-64, 12 сентябри соли 2020)  аз он ҷумла аст. Муаллиф мавзӯи басо аҳамиятнокро бардоштааст.
Солҳои охир бинобар пайдошавии телефонҳои мобилӣ, интернет ва дигар воситаҳои замонавии алоқа навиштани мактуб аз байн рафт. Аммо номанависӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ, хусусан, адабӣ, маънавӣ, эстетикӣ, грамматикӣ, эҷодӣ ва ғайра дорад. Зеро шахси мактубнавис, пеш аз навиштани он фикр меронад, суханҳои ҷолиби диққат ва дурустро меҷӯяд, яъне баёни бадеӣ меофарад. Дар натиҷаи он тарзи навишти адабиро каму беш меомӯзад. Хусусан, навиштани мактуб ба қарибону ёру дӯстон маҳорати баландро тақозо менамояд. Ин ба васеъшавии фикрронии муаллифи мактуб низ сабаб мегардад.
Аз тарафи дигар, ҳангоми навиштани мактуб шахс кӯшиш мекунад, ки фикрашро дуруст, бехато ва ширин баён созад, то ки хонандаи онро  қонеъ кунад.
Аҳамияти дигари мактубнависӣ он аст, ки нома ҳамчун ҳуҷҷати хаттӣ боқӣ мемонад, онро чун ёддошт нигоҳ медоранд, шояд замоне ифтихори наздикон гардад, ё ҳуҷҷати бойгонӣ шавад.
Пӯшида нест, ки имрӯз бисёр мутахассисони ҷавон, ки дар идораҳои гуногун кор мекунанд, аз тарзи навиштани мактуб, муроҷиатнома, ариза бехабаранд ва дар ин бобат душворӣ мекашанд. Ин камбудии таълимгоҳҳост, ки воқеан, ин ҳунарро ба шогирдон намеомӯзонанд.
Ҳол он ки мактубнависӣ ҳам санъат, санъати сухан аст.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: