МАЛИКАИ БИНОКОРОН

Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор дар деҳаи зебоманзари Нанай дар оилаи омӯзгор Тошпӯлод Шамшиметов духтарчаи зебое ба дунё омад.

Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор дар деҳаи зебоманзари Нанай дар оилаи омӯзгор Тошпӯлод Шамшиметов духтарчаи зебое ба дунё омад. Ба ӯ Сайёра ном гузоштанд. Сайёра дар ин оилаи зиёӣ фарзанди панҷум буд.
Тошпӯлод Шамшиметов солҳои тӯлонӣ директории мактаби миёнаи рақами 44-уми деҳаи Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқро бар ӯҳда дошт. Он рӯзгор омӯзгорӣ, бахусус, роҳбарии як таълимгоҳ аз шахс фидокорӣ, сабру таҳаммул ва дурандеширо талаб мекард. Падару модари Сайёра барои донишомӯзии фарзандон ҳаракат мекарданд, ки шароити мусоид омода созанд. Падараш ҳар куҷое равад, китоберо барои онҳо чун дастовез меовард. 
Сайёра дар синф аълохон буд, ният дошт, ки таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад. Ва ин орзуи духтараки ташнаи илм ҷомаи амал пӯшид. Баъди хатми мактаб ба Донишкадаи политехникии ба номи Берунии Тошканд дохил шуд. Дар донишкада низ ангуштнамо буд. Албатта, он рӯзгор ба як духтараки кӯҳистонӣ ба шаҳр омадану рафтан, таҳсил, истиқомат дар хобгоҳу иҷоранишинӣ хеле душвор буд. Ҳолатҳое ҳам шудаанд, ки ӯ мехост аз баҳри ҳамааш барояду ба оғӯши падару модараш баргардад. Сайёра ояндаашро фикр кард ва сабру бардоштро ихтиёр намуд.
Соли 1982 донишкадаро аз рӯйи ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиашро дар комбинати хӯлаҳои сахт ва металлҳои ба оташ тобовар ба ҳайси конструктор-муҳандис оғоз намуд. Соли 2013 бо маслиҳату кӯмаки бародарону хоҳаронаш ҶММ «Тошпӯлод Строй Инвест»-ро ташкил намуд ва роҳбарии онро ба зимма гирифт. Сайёра ҳамчун роҳбари сахтгир, ташкилотчӣ, боғайрату ташаббускор ва чашмикордон худро нишон дод. Роҳбари давлат ба соҳибкорон дари имкониятҳоро боз намуд ва ин ба ғайрати Сайёра барин фаъолон афзуд.
– Дар иҷрои ин вазифа, ки бисёртар хоси мардон аст, мушкилӣ намекашед? – пурсидем аз ӯ. 
– Албатта, ҳар як кор мушкилиҳои ба худ хос дорад. Агар муҳити оила созгор бошад, атрофиён дастгирӣ намоянд, мушкилиҳо ба осонӣ ҳаллу фасл мегарданд. Илова бар ин, аз он хурсанд мешавам, ки барои инсон манзили зист месозем, онҳо соҳиби хонаҳои барҳавои замонавӣ гардида, ба бинокорон миннатдорӣ изҳор менамоянд. Аз ҷониби ҶММ «Тошпӯлод Строй Инвест» дар ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд 20-то коттеҷи дуошёна, барои инспекторони профилактикии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Янгийӯл якто хонаи хидматӣ сохта ба истифода супурда шуд. Дар мавзеи «Шалола»-и ноҳияи Қибрай барои оилаҳои камтаъмин бинои 4 ошёнаи иборат аз 24 хонадон сохта ба баҳрабардорӣ супурда шуд,– мегӯяд Сайёра.
Меҳнати фидокоронаи С. Эргашева борҳо муносиб тақдиронида шудааст. Соли 2019 дар озмуни  «Зани сол» аз рӯйи номинатсияи «Зани соҳибкор» дар миқёси вилояти Тошканд ҷойи якумро соҳиб гардид. Бо қарори Президенти мамлакат аз 5 марти соли 2021 Сайёра Тошпӯлодовна ба узвияти Кумитаи занону духтарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пазируфта шуд. Инчунин, ӯ ба сифати раиси Маркази занону духтарони соҳибкори шаҳри Чирчиқ занону духтаронро ба соҳибкорӣ ҷалб намуда, баҳри фаровонӣ ва таъмини оилаи онҳо ҳиссаи худро мегузорад. Аз ҷумла, аз рӯйи самтҳои дӯзандагӣ, сартарошӣ, омодасозии шириниҳо курсҳои омӯзишии бепулро ба роҳ мондааст. Ҳоли ҳозир 394 нафар занону духтарон курсҳои мазкурро хатм намуда, сертификат гирифтанд. Ба онҳое, ки хоҳиши соҳибкорӣ доранд, барои гирифтани вомҳои имтиёзнок кӯмаки амалӣ расонда шуд.
– Бо кадом бонкҳо ҳамкорӣ мекунед?
– Бо бонки Ипотека, Ӯзсаноатқурилишбонк, Зироатбонк ва ғайра.
Доир ба фаъолияти ин зани боирода дар нашрияҳои даврӣ суҳбату очеркҳои мухбирон таҳти номҳои «Орзуҳо дар амал», «Ҳалол меҳнат кунӣ, албатта роҳат мебинӣ», «Маликаи бинокорон» ва ғайра ба табъ расидаанд. 
Тавре ки дар боло қайд намудем, Сайёра Эргашева ҳамчун бонуи фаъоли ҷамоатӣ ва соҳибкор занони эҳтиёҷманд, маъюб, пирони танҳо ва оилаҳои серфарзандро ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам моддӣ дастгирӣ менамояд. 
Ҳангоми ташрифи роҳбари давлат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори як гурӯҳ фаъолон ва соҳибкорони ӯзбекистонӣ С. Эргашева низ ба Тоҷикистон сафар кард.
– Аз таассуроти худ ба сафари Тоҷикистон нақл мекардед?
– Ман ҳамчун зани соҳибкор дар сеюмин форуми занони созмони ҳамкории Шанхай, ки ба қарибӣ дар Душанбе баргузор гардид, иштирок кардам. Албатта, дар қатори занони фаъоли созмон аз номи бонувони Ӯзбекистон иштирок кардан бароям фахр буд. Бо таҷрибаи занони соҳибкори хориҷ ошно гардидем, бо онҳо суҳбати дӯстона ва самимӣ доштем. Халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадимулайём аҳлонаву дӯстона зиндагӣ карда, душвориҳоро китф ба китфи ҳам гузошта, паси сар намудаанд. Халқҳои тоҷику ӯзбекро Мирзо Турсунзода ба ду тори як дутор ва Комил Яшин ба ду мағзи як бодом монанд кардаанд. Дар ҳаққи тоҷикону ӯзбекон таърифҳои «ду соҳили як дарё», «ду саҳифаи як китоб», «ду мисраи як байт»-ро медиҳанд.
– Дар кори пурмасъулият ба шумо пешравиҳо таманно дорем.
– Ташаккур.
             
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: