МАЛИКАИ ДУБЛЯЖ

Мегӯянд ба дубляжи кинои мо устодони синамои русиягӣ ҳамеша аҳсант хондаанд.

Мегӯянд ба дубляжи кинои мо устодони синамои русиягӣ ҳамеша аҳсант хондаанд. Ба қаҳрамони филмҳои бадеии хориҷӣ, ки тарҷума шудаанд, овоз додан ҳам маҳорат талаб мекунад. Лозим меояд тавре овоз диҳӣ, ки тамошобин гумон созад қаҳрамони филм ӯзбекӣ сухан меронад. Натанҳо мувофиқати мимика ва ҷунбишҳои лабу даҳон, айни замон ҳолат, ҳис ва ҳаяҷони қаҳрамонро ифодасозии овоздиҳанда аҳамияти муҳим дорад.
Ҷуз ин устодони дубляжамон овози марғуладор ва дилрас доштанд. Ӯзбекиро нафаҳманд ҳам русҳо бо шунидани садои Ҳамза Умаров, Тӯлқин Тоҷиев, Рима Аҳмедова, Ҳоҷиакбар Нурматов, Ёқуб Аҳмедов, ки воқеан санъаткорона овоз медоданд, ба ваҷд меомаданд. Мегуфтанд: «Дар дубляж шумо аз мо пеш!»
Меҳмонон аз Маскав «Ишқ дар кор»-ро тамошо мекарданд, ки телевизиони Ӯзбекистон намоиш медод.
– Қаҳрамонҳо ӯзбекӣ ҳарф мезананд. Чӣ қадар гуворо, – гуфт яке ва илова намуд:
– Кӣ овоз дода бошад ба Людмила Прокофевна? Қоил!
Ҳамроҳаш:
– Аз они худӣ, – хушоянд табассум кард, – яъне хатмкардаи омӯзишгоҳи театрии Шушинск. Баъдтар факултаи актёрию режиссёриро дар ватанаш хондааст. Вай маликаи дубляжи «Ӯзбекфилм» Мукамбар Раҳимова!
На ҳар санъаткор метавонад кам тағйир ёбад бо гузаштани солҳои тӯлонӣ ё худ «форма»-ро нигоҳ дорад.
М.Раҳимова, метавон гуфт, аз ӯҳдаи ин кор баромад. Ва нафақат дар намуди зоҳирӣ, ҳамчунин дар овоз. Барои ин ҳамеша машқ мекунам, мегӯяд вай, ба қаҳрамонҳоям образ меҷӯям ва ҳар он чи мекобам – меёбам, худ аз худ ҳамааш пайдо мешавад.
Ба ҳар кас ҳам не, албатта, танҳо ба ҳамонҳое даст медиҳад ин ҳолат, ки истеъдоди фитрӣ, яъне худодод доранд.
Актриса ба наздикӣ 80-ро пур кард. Мӯйҳояш сап-сафед. Чеҳрааш нурбор. Тавре метобад таровате, ки як вақтҳо дошт, ӯро ҳанӯз тарк нанамуда.
Шояд ғалат мешавад агар гӯем, ки ҳама ӯро дӯст медоранд. Вале дӯстдоронаш зиёд. Дар вазъе ҳам, ки танқид мекунад ё коҳиш месозад, касе ба дил намегирад. Зеро эродҳояш самимӣ, дӯстона, судбахш.
Бо тамоми вуҷуд ба кор додашуданҳо зарар будааст ба солимӣ. Аснои овоз додан ба яке аз қаҳрамонҳои «Вокзал барои ду кас» Мукамбарапа худро бад ҳис кард. Даҳон мекушод, вале овоз нест. Гунаашро арақи сард пахш намуд, беҳол аст, ҳаво намерасад. Дарҳол ӯро ба берун бароварданд. Баъди панҷ дақиқа ба худ омад. Миннатпазир аз гурӯҳ аст, ки сари вақт кӯмак сохт, хусусан аз Тӯлқин Тоҷиев.
М.Раҳимова гузаштаи пуршаъни синамо ва дубляжро бо эҳсосе ба ёд меорад. Дар ташаккули мактаби дубляжи миллӣ ҳунарварони забардаст аз қабили Олим Хоҷаев, Соро Эшонтӯраева, Шукур Бурҳонов, Замира Ҳидоятова, Марям Ёқубова, Тошхон Султонова ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд, мегӯяд вай, акстриса ва коргардони мултфилм Светлана Муродхоҷаева ба персонажҳои чи яксола ва чи садсола овоз медод, диапозони садояш ба торҳои эҳсос нохун мезад. Баъдтар Яйра Абдуллоева, Афзал Рафиқов, Ойбарчин Бакирова, Эркин Комилов, Дилбар Икромоваҳо дар дубляж маҳорат намоиш карда ва шогирдҳои зиёд бароварданд. 
Мукамбар Раҳимова соли 1941 дар қисмати шаҳри куҳнаи Тошканд ба дунё омадааст. Падараш дар сафҳои артиш афсар буду модараш кадбонуи оила. Фарзанди яккаи хонадон буд Мукамбар, бинобар ҳамин нозпарвард калон мешуд. Аз хурдсолӣ орзуи актриса шуданро дар қалб мепарварид. Дар паҳлӯи ҳавлие, ки истиқомат доштанд, театри драмавии ӯзбек ба номи Аброр Ҳидоятов ҷойгир ва ӯ муваффақ мешуд дар саҳнаҳои он зуд-зуд спектаклҳои гуногунро тамошо намояд. Аз 13-солагӣ ба радио ва телевизион робита барқарор сохт. Дар гуфтор ва намоишҳо барои бачагон наттоқӣ кард, дар радиопостановка ва спектаклҳо нақшҳо бозид. Айни замон дар дубляжи филмҳои гуногун овоз медод.
М.Раҳимова ҳанӯз соли 1964 баъди хатми факултаи актёрии Институти санъати театрӣ ва рассомии Тошканд дар «Ӯзбекфилм» ба фаъолияти мустақилона оғоз карда, дар як қатор филмҳо нақшҳои хурду калон бозида бошад ҳам,  танҳо ба актрисагӣ қаноат нанамуд. Соли 1976 факултаи режиссёрии донишкадаро ба итмом расонд. Диапазони васеи овозаш шунавандаро ба худ мекашид, бо офаридани образҳои драмавию мазҳакавӣ дар нақшофарӣ низ маҳорати баланд доштани худро собит месохт.
Дар 30 филм нақш бозида бошад, хусусан, образҳои Қундуз («Роҳи истиқбол»), Лола («Сурайё»), Мураббия («Ҷавонии нобиға»), Хатира («Сиҳат рафта саломат баргард»), ки бо услуби ба худ хос офарид, ӯро шуҳратманд сохтанд.
Фаъолияти М.Раҳимова ба сифати коргардон низ қобили қайд буда, дар театрҳои вилоятӣ, аз ҷумла, дар театрҳои Фарғона ва Ҷиззах «Ба ҳаракаткарда толеъ ёр», «Хаёлпараст» барин спектаклҳоро ба саҳна гузоштааст.
Бо ифодае як пои Мукамбар Раҳимова дар радиои Ӯзбекистон буду дар бойшавии мазмун ва мундариҷаи гуфторҳо саҳм мегирифт. Басаҳнагузори «Суҳбати бегувоҳ», «Номаи зани номаълум», «Сари тиллоии ниқорситон» барин радиопостановкаҳо мебошад. Айни замон дар радиожурналҳои «Дугонаҳо», «Табассум», «Ватандош», «Кайфияти хуб» барандагӣ кардааст.
Соҳибистеъдоде, ки аз 13-солагӣ ба арсаи ҳунар қадам гузошт, чун актриса, баранда ва коргардон солҳои тӯлонӣ фаъолият намуд, қабл аз ҳама ҳамчун устоди дубляжи «Ӯзбекфилм» ба дилу хотири ҳаводорони сершумори санъати синамо нишаст. Филмҳое, ки ӯ овоз додааст, тақрибан якуним ҳазорто мебошанд. Муҳимаш, ба маром расонда овоз медод ба персонажҳо аз филмҳои хориҷӣ.
Маликаи дубляж соли 2002 унвони Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистонро сазовор гардид. Соҳиби орден ва медалҳо гашт. Вале дар ҳаёти оилавӣ бахташ натофт. Бо ҳампешааш – оператори овоз оила барпо карданд, ду писар ёфтанд, аммо осудагии хонаводагӣ бо сабабҳои гуногун дер напоид ва ҷудо шуданд. Ҳаёти минбаъдаашро ба тарбияи фарзандон бахшид. Баҳри таъминоти моддии онҳо ҳатто санъатро муваққатан тарк карда, ба ИМА рафт, чун хидматчии оддӣ кор кард. Ба Ватан баргашту чӣ қадар гувороии ҳавои онро дигарбора эҳсос намуд. Ҳунарварзани пазмони Ватан, мухлисони сершумори санъатро низ пазмон шуда буд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: