Ҷаннати дунё - Ватанам
Кӯтали шебу фароз аст саропо ватанам,
Пайраҳи дурру дароз аст ба ҳар ҷо ватанам.
Ҷавзбун, арчаву дӯлона, гулобию чанор,
Настаран, буттаи зирку гули раъно ватанам.
Ағбаи оҳурамида, тали мурғони хиром,
Ғори ҳар хирсаки хуфта шахи хоро ватанам.
Резасанги лаби дарё, каҳи афтода ба раҳ,
Судаи нарми хасу хоки гилосо ватанам.
Чашмаи оби зулолаш шуда ойинаи рӯ,
Соҳили наҳри дамон, домани дарё ватанам.
Хониши мурғи ҳаво, нолиши кабки дарӣ,
Маскани ғулғули сад булбули шайдо ватанам.
Роҳати боди мурод аст шифокори мариз,
Ӯзбекистон ватанам— ҷаннати дунё ватанам.