МАЛИКОБОД БА ҲУДУДИ НАМУНАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Дар деҳаҳои ҳудуди шаҳраки Тошработи ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ тибқи барномаи «Обод қишлоқ» корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ амалӣ мегарданд.

Дар доираи иҷрои барнома нафақат корҳои бунёдкориву ободонӣ, балки доир ба фаҳмондани мақсаду моҳияти чунин корҳои неку наҷиб дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ низ бурда мешаванд.
Дар чорабиние, ки бо иштироки саридораи корҳои дохилии вилоят, кумитаи занону духтарон, шуъбаи вилоятии бунёди «Нуроний» ва ходимони шӯрои вилоятии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон баргузор шуд, доир ба корҳои бунёдкорие, ки дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» дар деҳаи Маликобод татбиқ мегарданд, сухан ба миён омад.
– Мактаби таълими ҳамагонии рақами 31-уми маҳаллаамон дорои 300 ҷой буда, дарсҳо дар ду баст мегузашт, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Маликобод З. Азизов. – Дар асоси барномаи «Обод қишлоқ» барои муассисаи мазкур барилова сохтмони бинои замонавии ба 200 ҷой пешбинишуда ба охир расид. Ҳоло дар ин ҷо корҳои ороишӣ бурда мешаванд. Баъд аз ба истифода супурдани бинои мазкур хонандагон дар як баст таълим мегиранд. Ғайр аз ин, дар ҳудуд бинои нави муассисаи таълимии томактабӣ ва бинои маҳалла бунёд гардид, бунгоҳи тиббии деҳа пурра аз таъмир бароварда шуд.  
Дарҳақиқат, имрӯз дар Маликобод қариб 50 бинои нав сохта мешавад. Дар корҳои сохтмон нафақат сармояи буҷавӣ, балки маблағи худи соҳибкороне, ки барои лоиҳаҳояшон ҷудо кардаанд, ҷалб карда мешаванд. Майдончаи махсуси бачаҳо ва варзишгоҳ барои вақти холии худро пурмазмун гузаронидани аҳолӣ пешбинишуда аз ин ҷумлаанд. 
Ҳолати роҳҳои деҳа беҳтар гардида, аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуд. Барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии замин заҳкашҳои мавҷуда тоза карда шуданд. Сохтори нерӯи барқ куллан нав шуд. 2 трансформатор устувор карда шуда, симчӯбҳо бо сутунҳои бетонӣ иваз карда шуданд.
Ба 50 хонадон дар асоси барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» 50 сарӣ парранда доданд.
Барои ташкил кардани гармхона, чорводорӣ, паррандапарварӣ ва занбӯрдорӣ ба аҳолӣ аз тарафи бонкҳо вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд.
– Чанд сол боз бо паррандапарварӣ сарукор дорам,–мегӯяд соҳибкори ҷавон О. Қаҳҳоров. – Ҳоли ҳозир дар хоҷагиамон 6 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Дар ҳудуди маҳалла барои 120 ҳазор сар парранда фабрикаи паррандапарварӣ бунёд мегардад, ки далели рағбат пайдо кардани аҳолӣ ба ин соҳа мебошад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид: корҳои сохтмоние, ки дар асоси барномаи «Обод қишлоқ» амалӣ мешаванд, боварии одамонро ба фардо мустаҳкам гардонда, онҳоро ба меҳнати фидокорона даъват менамояд.

Н. РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: