МАЛЛАЕВ – НАВОИШИНОС

Дар байни аҳли илму адаб шахсони бузурге ҳастанд, ки бо сӯзан чоҳ кофтагӣ барин, сарчашмаҳои кӯҳнаро варақ зада, дурдонаҳои маънавияти бузургонро ба шогирдон ва атрофиён пешниҳод менамоянд.

Дар байни аҳли илму адаб шахсони бузурге ҳастанд, ки бо сӯзан чоҳ кофтагӣ барин, сарчашмаҳои кӯҳнаро варақ зада, дурдонаҳои маънавияти бузургонро ба шогирдон ва атрофиён пешниҳод менамоянд. Вале онҳо ба молу дунё ва амалу мартаба руҷӯъ накарда, корҳои худро хоксорона ва беминнат ба анҷом мерасонанд.
Яке аз чунин донишмандони бузург доктори илмҳои филологӣ, профессор Натан Маллаев буд.
Натан Маллаев (1922-1996) солҳои 50-уми асри гузашта ба майдони адабиёт қадам ниҳод ва тамоми умр бо тадқиқи масъалаҳои муҳими адабиёти классикии ӯзбек, омӯхтани ҷиҳатҳои муҳими адабиёти халқҳои бародар, тарҷума, барои мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ тайёр намудани барномаҳои таълимӣ, аёниятҳо, навиштани китобҳои илмӣ, илмиву оммавӣ, тарбия намудани докторҳои фан ва ғайра машғул шуд. Китоби дарсии «Таърихи адабиёти ӯзбек», ки аз ҷониби устод барои факултетҳои забон ва адабиёти ӯзбеки донишкадаву донишгоҳҳо тартиб дода шудааст, се маротиба (солҳои 1963,1967,1976) аз нав нашр гардид, дар тӯли сӣ соли наздик мутахассисони филология баҳри тарбияи якчанд насл аз он истифода бурдаанд.
Дар эҷодиёти  Н. Маллаев таҳлили ҳаёт ва мероси Навоӣ мавқеи алоҳида дорад. Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, устод соли 1963 барои муассисаҳои таълими олӣ бори аввал китоби дарсии «Таърихи адабиёти ӯзбек»-ро таълиф намуд. Ҳамон солҳо доир ба «Хамса»-и Навоӣ аз ҷониби Порсо Шамсиев матни интиқодӣ навишта шуда бошад ҳам, асарҳои бисёри шоир ҷиддӣ омӯхта ва нашр нагардида буд. Муаллиф ҳангоми навиштани китоби дарсӣ қабл аз ҳама ба дастхатҳо –  нусхаи аслии онҳо такя намудааст. Намуна ва мисолҳое, ки аз мероси насрӣ, илмӣ ва куллиёти «Хазоин-ул-маъонӣ»-и Навоӣ гирифта шудаанд, сароғоз ба эътибори аҳли илму адаб, дар асоси таҳлилҳои илмии амиқ ҳавола карда шуда буд. Дар яке аз ҷамъомадҳои илмии Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Ӯзбекистон академик Иззат Султонов алоҳида таъкид намуда буд, ки дар адабиётшиносии ӯзбек таҳлили аввалаи назариву илмии ғазалҳои «Девони Фонӣ» ба қалами Н. Маллаев тааллуқ дорад.
Хулоса, мероси лирикии Навоиро дар доираи китоби дарсӣ аз рӯйи жанр, мавзӯъ, ғоя, образ таҳлили ҷиддӣ кардааст.  
Маълум аст, ки соли 1965 дар кишварамон ба муносибати 525 солагии зодрӯзи Навоӣ корҳои илмиву амалии ҷиддӣ ба амал бароварда шуда буданд. 
Аз ҷониби Ҳамид Сулаймон ва бевосита таҳти роҳбарии ӯ куллиёти «Хазоин-ул-маъонӣ», «Девони Фонӣ»-и шоир рӯйи чопро дида, асарҳои мунтахаби 15 ҷилда ба забони ӯзбекӣ, 10 ҷилда ба забони русӣ оғоз ёфта буд. Матнҳои интиқодии достонҳои  «Хамса» ва баъзе асарҳояшро аз нав тартиб дода буданд.
Баъди чоп шудани китоби «Алишер Навоӣ»-и навоишиноси машҳур Озод Шарофиддинов (1948) ҳамон сол рисолаи илмиву оммавии Н. Маллаев бо номи «Шоир ва мутафаккири гениалӣ» бо се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва қароқалпоқӣ рӯйи чопро дид. Муаллиф роҳи ҳаёт, фаъолият, мероси илмиву бадеии Навоиро мукаммал баён намудааст. 
Н. Маллаев дар ташкил намудани осорхонаи давлатии адабиёти ба номи Алишер Навоӣ ба устод Ҳамид Сулаймон аз наздик кӯмак расондааст. Бо саъю ҳаракати бевоситаи ӯ дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомӣ, ки худ дар он ҷо кор мекард, осорхонаи адабиёт рӯйи кор омада буд.
Солҳои 70-уми асри гузашта Н. Маллаев «Ғазал дар адабиёти ӯзбек ва мавқеи Навоӣ дар тараққиёти он» (1972), «Доир ба муқаддимот ва моҳияти наътҳои «Хамса» (1974), «Асоси халқии эҷодиёти Навоӣ» (1977), «Навоӣ ва эҷодиёти даҳонии халқ» (1976) барин як силсила тадқиқотҳо офарид, дар офариниши нашри асарҳои бисёрҷилдаи шоир иштирок кард, ба баъзеи онҳо сарсухан навишт, оиди ҷиҳатҳои муҳими ашъори шоир мақолаҳои илмӣ таълиф намуд.  

Дар замоне, ки мафкураи коммунистӣ тасаллут дошт, Н. Маллаев ҳамд ва наътҳои «Хамса»-ро таҳлил намуда, ҷиҳатҳои илмӣ, иҷтимоиву фалсафӣ, тарбиявию маърифатии асарро бо қатъият гуфта тавонистааст, ки дар он солҳо ҷасорати ба худ хоси олим ба шумор мерафт. Дар рисолаи «Эътирофи асарҳо» библиографияи аннотатсионии тарҷумаҳои осори Навоиро ба забонҳои форсӣ, арабӣ, франсузӣ, немисӣ, лотинӣ, русӣ офаридааст. Ин рисола китоби нахустинест, ки ба таърихи навоишиносии ҷаҳон бахшида шудааст. Зеро он солҳо ягон олим ин кори заҳматталабро бар зимма нагирифта буд. Монографияи Н. Маллаев бо номи «Навоӣ ва эҷодиёти даҳонакии халқ» дар байни ҷустуҷӯҳои ӯ мавқеи алоҳида дорад. 
Асари мазкур аз чор боб ва якчанд фасл иборат буда, дар офаридани «Хамса» аз асотири халқҳои араб, форс, турк, аз адабиёти шифоҳӣ, аз ҷумла, дар офаридани образҳои Баҳром, Фарҳод, Искандар ба даҳҳо ёдномаҳои қадимӣ, хроника, ҳатто аз сарчашмаҳои камёби «Авесто» то чӣ андоза баҳраманд будани Навоиро ҷиддӣ таҳлил намудааст.
Муаллиф мушкилоти «Навоӣ ва китобҳои халқи ӯзбек»-ро ба миён гузошта, масъалаи долузарби илмро ба эътибори аҳли илму адаб ҳавола намудааст, доири «Хамса»-и беназир» бори аввал маълумот додааст.
Дар монография ҳаёт ва таҳлили ашъори нависанда Умар Боқӣ, ки дар асри ХIХ ҳаёт ба сар бурдааст, ҷой гирифтааст. Умар Боқӣ ҳарчанд вариантҳои халқии достонҳои «Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Навоиро офарида бошад ҳам, он дар илму фан махсус омӯхта нашуда, баҳои худро нагирифта буд. Устод мазмун, моҳият, шакл, силсилаи образҳои ҳар ду китобро ҳам дар назм ва ҳам дар наср омӯхта умумӣ кунонидааст. Дастури методии устод бо номи «Лирикаи Алишери Навоӣ» якчанд маротиба аз нав рӯйи чопро дид. Дар он олим аз шоҳғазалҳои Навоӣ интихоб намуда, тарзи ифоданок хондан, мазмун ва моҳияти онро равшан таҳлил намудааст. Дар он айём чунин дастурҳо барои ҳаводорони адабиёти классикӣ хеле зарур буд. Китоби охирини Маллаев «Гултоҷи санъати сухан» ном дорад, ки хонанда аз он доир ба офаридани мактаби адабиёт аз ҷониби Навоӣ, мундариҷаи ҳар як достони ӯ, образҳо, ғояи асар тасаввуроти пурра ҳосил мекунад, маърифат мегирад. 
Дар солҳои истиқлолият ба адабиёт ва навоишиносӣ боз ҳам эътибори ҷиддӣ дода шуд. Нашри бистҷилдаи асарҳои шоир анҷом ёфт, оиди матнҳои интиқодии баъзе рисолаҳои шоир корҳои илмӣ бурда мешаванд, ҷиҳатҳои иҷтимоию фалсафӣ, динӣ, ирфонӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ, таълимӣ ва сиёсии асарҳои шоир пурра омӯхта шуда истодааст.
Имрӯз нуктадонҳои соҳа вақте ба мероси Навоӣ назар меафкананд, асарҳои Маллаевро низ бо мамнуният ба забон мегиранд.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
профессор.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: