МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БУҶАИ ДАВЛАТӢ БОЯД РӮШОД ВА ШАФФОФ БОШАД

Фикри депутат

Мардум аксар вақт ба масъалаҳои марбут ба ташаккул ва хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ин дар ҷомеаи демократӣ, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, ҳолати табиӣ буда,  аҳолӣ ҳуқуқ дорад ба саволҳои худ дар ин самт посух бигирад.
Дар ин росто, дар рушди мамлакат, такмил додани бунёди давлат ва ҷамъият, муваффақ гардидан ба самарабахшии ислоҳот таъмини рӯшодии бештар ва шаффофияти маълумот дар бораи хароҷоти буҷа аз вазифаҳои устувор ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки қисми асосии даромадҳои Буҷети давлатӣ тавассути андозҳо ташаккул меёбанд ва маблағҳои ҷамъоваришуда ба соҳаҳои гуногун ба манфиати ҷомеа, беҳтар гардидани зиндагии мардум равона карда мешаванд. Аммо, душвор омадани соли 2020, хусусан пандемияи коронавирус дар баробари як қатор мамлакатҳои ҷаҳон дар кишвари мо низ дар татбиқи бисёр нақшаҳо таъсири назаррас расонд. Дар баъзе соҳаҳо вобаста ба сари вақт ҷудо кардани маблағ як қатор мушкилот ба миён омаданд.

Буҷаи давлатӣ ба чӣ сарф мешавад?

Пӯшида нест, ки соли гузашта Қонун «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2020» қабул шуда, дар он муайян гардид, ки ба кадом соҳаҳо чӣ қадар маблағ ҷудо карда мешавад. Пас, дар ин замина асоси зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд, аммо оё ҳаракатҳои амалӣ мувофиқи ҳамон мешаванд? Иҷрои ин қонун, ки барои танзими муносибатҳои марбут ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ қабул шудааст, то чӣ андоза таъмин карда мешавад? Суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Ӯзбекистон бинобар ҷамъбасти семоҳаи сеюми соли равон чанд фоизро ташкил медиҳад? Оё маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ сари вақт пардохта мешавад? Ҳангоми муҳокимаи иҷрои 9-моҳаи Буҷаи давлатӣ дар ҷаласаи навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, чунин саволҳо ба миён гузошта, ба онҳо ҷавоб ҷуста шуд. Дар ҷараёни муҳокимаҳо ба корҳо дар давраи ҳисоботӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таҳлил ва натиҷаҳо эътибори асосӣ дода шуданд.
Дар ҳисоботҳои тақдимшуда қайд гардид, ки иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ дар доираи параметрҳои буҷети муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷаи давлатӣ барои соли 2020» татбиқ гардида,  як қисми он ба кам кардани оқибатҳои пандемия равона карда шудааст. Мувофиқи он, сарфи назар аз хароҷоти ғайринақшавии аз сабаби эпидемия ба миёномада, дар 9 моҳи соли 2020 ММД-и кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4% афзудааст. Дар ин давра даромади Буҷаи давлатӣ тақрибан 94,5 триллион сӯмро ташкил дода бошад, бо назардошти шароити пандемия нишондиҳандаҳои аниқшудаи прогнозӣ 102,9 фоиз ё 2,661 млрд. сӯм барзиёд иҷро шудааст.
Дар 9 моҳи охир хароҷоти Буҷаи давлатӣ, ба истиснои фондҳои мақсадноки давлатӣ, 94,5 фоиз иҷро шудааст, ё хароҷоти буҷа нисбат ба  ММД 25,0 фоизро ташкил дод. Сарфи назар аз мушкилоти пандемия, маоши ташкилотҳои буҷетӣ ва пардохтҳои ба онҳо баробар ба маблағи тақрибан 33,6 триллион сӯм, инчунин пардохтҳо барои музди меҳнат ба маблағи 7,1 триллион сӯм дар вақташ пурра маблағгузорӣ карда шуданд.
129 миллиард сӯм камомад муайян карда шуд
Албатта, корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шудаанд, қобили таваҷҷӯҳанд. Аммо дар баробари дастовардҳо дар давраи ҳисоботӣ, як қатор мушкилот ва камбудиҳо низ қайд карда шуданд. Дарвоқеъ, мушкилот дар ин замина бузург ё хурд нахоҳад буд. Хусусан вақте ки дар паси онҳо тақдири инсон ва манфиатҳои мардум қарор доранд, мо бояд ба комёбиҳо маҳлиё нашуда, ба камбудиҳои мавҷуда аз нуқтаи назари танқидӣ муносибат зоҳир намоем.
Аз ин лиҳоз, дар ҷараёни муҳокимаҳо ба масъалаҳои истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷа диққати махсус дода шуд. Департаменти назорати давлатии молиявии Вазорати молия ва шуъбаҳои минтақавии он дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми санҷишҳо 129 миллиард сӯм вайронкунии интизоми буҷа, норасоии пул ва мол ва хароҷоти беасосро ошкор карданд, ки мавриди интиқод қарор гирифта шуданд. Рақамҳои калонтарин дар Вазорати маорифи халқ (дар 389 ҳолат 40,7 миллиард сӯм), Вазорати тандурустӣ (дар 345 ҳолат 22 миллиард сӯм) ва Вазорати таҳсилоти томактабӣ (дар 159 ҳолат 10,7 миллиард сӯм) ба қайд гирифта шуданд. Ҳангоми таҳлили камбудиҳо диққати вазорату идораҳои дахлдор ба бартараф намудани онҳо равона карда шуд. Барои ҳалли масъала як қатор пешниҳодҳо тақдим гардиданд.
Аввалан, вазъи рушди шарикии давлатию хусусӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз ин лиҳоз, Вазорати молия бояд вазъияти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шарикии давлатию хусусӣ» -ро, ки соли 2019 қабул шудааст, амиқ таҳлил карда, барои таъмини рақобатпазирӣ чораҳо андешад. Гарчанде ки шарикии давлатию хусусӣ дар системаи таҳсилоти томактабӣ натиҷаҳои мусбат ба бор меорад, он бояд дар соҳаҳои тандурустӣ, маорифи халқ ва таҳсилоти олӣ, нақлиёт, коммуналӣ ва як қатор дигар соҳаҳо суръат дода шавад. Тавсия дода шуд, ки на танҳо мушкилот ва монеаҳои бюрократӣ рафъ карда шаванд, балки механизмҳои бозор бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ низ истифода шаванд.
Дуюм, қисми асосии хароҷоти буҷети давлатӣ тавассути хариди давлатӣ сурат мегирад. Гузаронидани ин раванд ба таври ошкоро, шаффоф, одилона ва албатта бидуни фасод ба истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷа хидмат хоҳад кард. Аз ин рӯ, фраксияи ӮзЛиДеП ба натиҷаҳои аввалини мусбати харидҳои давлатӣ бобати ошкороӣ ва шаффофият баҳои баланд медиҳад. Дар навбати худ, андешидани чораҳои муттасилро, ки дар ин бобат ба такмил додани назорати молиявӣ, пешгирии азхудкунии  маблағҳои буҷа нигаронда шудааст,  хеле муҳим мешуморад.
Сеюм, иҷрои супоришоти дар ҷараёни сафари сарвари давлат ба ҳудудҳо додашуда, дастгирии маблағгузории соҳаҳо, ки нуқтаҳои омӯзиши иқтисодии минтақаҳо мебошанд, бояд пурра ва саривақт татбиқ карда шаванд. Дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ва корчаллонон, деҳқонон, кластерҳо, ки интихобкунандаи ҳизби мо мебошанд, махсусан муҳим аст. Аз ин рӯ, дар ин робита хоҳиш карда мешавад, ки онҳо ба воситаи тақсимоти мақсадноки захираҳои қарзӣ дастгирӣ карда шуда, ҷудо кардани субсидияҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, бояд зери назорати махсус гирифта шавад.
Чаҳорум, бояд қайд кард, ки дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз самтҳои асосии устувории иқтисодӣ ва афзоиши даромадҳо ба ҳисоб меравад, норасоии маблағҳои махсус барои мусоидат ба истифодаи заминҳои истифоданашудаи кишоварзӣ мавҷуданд. Сабаб он аст, ки имрӯз таъхири маблағгузории маблағҳое, ки барои дастгирии кишоварзон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминдорон дар Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд, боз як мушкилот ба ҳисоб меравад.
Панҷум, тавсия дода шуд, ки қонунгузории марбут ба  сертификатсия, санитария, карантин, ки фаъолияти содиротиро, ки кафолати муҳими суботи иқтисодӣ мебошад, пурра дастгирӣ мекунад, бознигарӣ карда шавад. Инчунин қайд карда шуд, ки низоми мавҷудаи маблағгузории пеш аз содирот омӯзиши ҷиддиро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, фраксияи ӮзЛиДеП ба нақша гирифтааст, ки бо иштироки масъулини дахлдор мурофиаро баргузор кунад.
Умуман, бобати раъф намудани ин ва дигар камбудиҳо, баланд бардоштани масъулияти вазорату идораҳо, ҳокимиятҳо дар таъмини истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷет, риоя намудани интизоми молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки аз буҷа маблағ мегиранд, назорат пурзӯр гардонда шаванд ва дар ҷамъомад бинобар ин пешниҳоду тавсияҳои зарурӣ дода шуданд. Сабаб дар он аст, ки хароҷоти буҷа бояд шаффоф бошанд, мақомоти давлатӣ ва минтақаҳо бояд ҳар як сӯми онро оқилона ва ба низом сарф кунанд.
Хулоса, истифодаи дурусти маблағҳои аз буҷа ҷудошуда ва таъмини самаранокии он талаботи имрӯза аст. Ба мардум ошкоро ва шаффоф пешниҳод кардани иттилоот бояд яке аз вазифаҳои асосии мақомоти давлатӣ бошад.

 Актам ҲАИТОВ,
муовини Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 
роҳбари фраксияи ӮзЛиДеП.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: